Корнома* 6

6
Интихоби ҳафт нафар барои хизмат
1Он рӯзҳо дар баробари зиёд шудани шумораи шогирдон мушкиле ба миён омад. Яҳудиёни юнонизабон аз яҳудиёни таҳҷоӣ шикоят карданд, ки онҳо ҳангоми тақсими хӯроки ҳаррӯза бевазанони юнонизабонро ба назар намегиранд. 2Барои ҳамин дувоздаҳ фиристода ҳамаи шогирдонро ҷамъ намуда гуфтанд: «Агар мо паҳн кардани каломи Худоро як сӯ монда, бо тақсими хӯрок машғул шавем, дуруст намешавад. 3Бародарон, бинобар ин аз байни худ ҳафт каси некном ва пур аз Рӯҳу ҳикматро интихоб намоед, то ки ин вазифаро ба дӯши онҳо гузорем. 4Мо бошем, бо дуову таълим ва мавъизаи калом машғул шавем».
5-6 Ин пешниҳод ба тамоми ҷамъомадагон писанд омад. Пас онҳо ҳафт касро интихоб намуда, ба назди фиристодагон оварданд. Инҳо Истефанус, шахси пур аз имон ва Рӯҳулқудс, инчунин Филиппус, Прӯхурус, Никонӯр, Тимӯн, Парминос ва Никӯлоус буданд. Никӯлоус аз шаҳри Антокия буда, дини яҳудиро қабул карда буд. Фиристодагон дастҳояшонро бар онҳо ниҳода, дуо карданд, яъне онҳоро ба хизмат таъйин намуданд.
7Ҳамин тавр каломи Худо паҳн мешуд ва дар Уршалим шумораи шогирдон босуръат меафзуд. Ҳатто аз миёни коҳинон нафарони зиёде ба Исои Масеҳ имон оварданд.
Дастгир шудани Истефанус
8Истефанус марде пур аз файзу меҳрубонӣ ва қуввати Худо буд. Ӯ дар байни мардум мӯъҷизоту аломоти бузург нишон медод. 9Дар он ҷо аз шаҳрҳои Қайравон ва Искандария одамоне буданд, ки ба ҷамоатхонаи Озодон тааллуқ доштанд. Онҳо бо Истефанус баҳс карданд. Ба ин баҳс баъзе одамони вилоятҳои Киликия ва вилояти Осиё ҳамроҳ шуданд. 10Аммо ба Рӯҳу ҳикмати сухани вай муқобилат нишон дода натавонистанд. 11Сипас, онҳо ба чанд кас пинҳонӣ пора дода гуфтанд, ки чунин бигӯянд: «Мо худ шунидем, ки Истефанус бар зидди Мусо ва Худо сухани куфромез мегуфт».
12Ҳамин тавр онҳо мардум ва пирони қавму устодони шариатро бар зидди вай шӯр андохтанд ва Истефанусро дастгир намуда, пеши шӯрои пирон оварданд. 13Сипас, шоҳидони бардурӯғро даъват намуданд, ки чунин гуфтанд: «Ин одам ҳамеша бар зидди ин маъбади пок ва шариати Мусо сухан меронад. 14Мо худамон шунидем. Ӯ мегуфт, ки Исои Носирӣ маъбади Худоро вайрон мекунад ва расму ойинеро, ки Мусо ба мо додааст, тағйир медиҳад».
15Ҳангоми ин сухан бошандагони шӯрои пирон бодиққат ба Истефанус нигариста, диданд, ки рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта медурахшид.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 6: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.