Корнома* 5

5
Гуноҳ ва ҷазои Ҳанониё ва Сафира
1-2 Ҳанониё ном марде низ бо ҳамсараш Сафира дороияшро фурӯхта, як қисми пулашро бо розигии занаш пинҳон кард ва қисми боқимондаашро оварда, ба ихтиёри фиристодагон супурд. 3Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳанониё! Чаро шайтонро ба дилат роҳ дода, як қисми пули заминатро пинҳон кардӣ ва омада, ба Рӯҳулқудс дурӯғ гуфтӣ? 4Магар заминат пеш аз фурӯхтан аз они ту набуд? Оё пуле, ки барои заминат гирифтӣ, аз они ту набуд? Пас, чаро чунин кардӣ? Охир ту на ба одамон, балки ба Худо дурӯғ гуфтӣ».
5-6 Ҳанониё ин суханро шунида, ҷо ба ҷо афтоду мурд. Ҷавонмардон омада ҷасадашро печонданд ва бароварда гӯр карданд. Ҳар касеро, ки ин хабарро мешунид, тарси бузург фаро мегирифт.
7Тахминан баъди се соат ҳамсари Ҳанониё Сафира омад. Ӯ аз ин воқеа бехабар буд. 8Петрус аз вай пурсид:
«Ба ман бигӯ, оё туву шавҳарат заминро ба ҳамин нарх фурӯхтед?» Зан гуфт: «Ҳа, ба ҳамин нарх».
9Петрус ба вай гуфт: «Чаро шумо забон як кардед, ки Рӯҳи Худовандро бисанҷед? Ана онҳое, ки шавҳаратро бурда, гӯр карданд, ба дар наздик мешаванд. Онҳо туро низ мебароранд».
10Ҳамон лаҳза Сафира пеши пойҳои ӯ афтода ҷон дод. Ҷавонмардон чун даромада диданд, ки ӯ мурдааст, бароварда назди шавҳараш гӯронданд. 11Ин воқеа ба дили ҳамаи имондорону касоне, ки ин хабарро шуниданд, тарси азиме андохт.
Аломот ва муъҷизаҳо
12Ба воситаи фиристодагон дар байни мардум муъҷизаву аломоти зиёде нишон дода мешуд. Тамоми имондорон дар айвони Сулаймон якдилона ҷамъ мешуданд. 13Агарчи мардуми Уршалим онҳоро хеле иззату ҳурмат менамуданд, касе ҷуръат намекард, ки ба онҳо ҳамроҳ шавад. 14Аммо рӯз ба рӯз мардону занони зиёд ба Худованд имон оварда, ба онҳо ҳамроҳ мешуданд. 15Одамон беморони худро ба кӯчаҳо мебароварданд ва бар бистару катҳо мегузоштанд, то ки ҳангоми гузаштани Петрус ақаллан сояи ӯ ба онҳо афтода шифо бахшад. 16Ҳатто мардуми гирду атрофи Уршалим беморону онҳоеро, ки аз рӯҳҳои нопок азоб мекашиданд, меоварданд ва ҳама шифо меёфтанд.
Азобҳои фиристодагон
17Инак, саркоҳин ва ҳамаи онҳое, ки бо вай буданд, яъне намояндагони равияи саддуқӣ, ҳасад хӯрданд ва 18фиристодагонро дастгир намуда, ба зиндони шаҳр андохтанд. 19Аммо фариштаи Худованд шабона дарҳои зиндонро кушода, онҳоро баровард.
20Фаришта гуфт: «Равед ва дар маъбади Худо истода дар бораи ҳаёти нав ба одамон пурра нақл кунед».
21Онҳо ба сухани фаришта гӯш карда, саҳаргоҳон ба маъбади Худо омаданд ва ба таълими мардум сар карданд.
Вақте ки саркоҳин бо одамонаш расида омад, шӯрои пирон, яъне ҳамаи пирони халқи Исроилро гирд овард. Сипас, фармон дод, ки фиристодагонро аз зиндон биёранд. 22Аммо посбонон онҳоро дар зиндон наёфтанд ва омада гуфтанд: 23«Дарҳои зиндон сахт маҳкам буданд ва посбонон пеши дарҳо меистоданд, аммо вақте дарҳоро кушодем, дар дохил касе набуд».
24Ин суханро шунида, сардори посбонони маъбади Худо ва коҳинони калон ҳайрон шуданд, ки аз ин чӣ мешуда бошад. 25Ҳамин вақт шахсе омада ба онҳо хабар дод: «Одамоне ки шумо ба зиндон партофта будед дар маъбади Худо истода, мардумро таълим медиҳанд!»
26Дарҳол сардори посбонони маъбади Худо бо сарбозонаш рафта, фиристодагонро ба шӯрои пирон овард. Лекин на бо зӯрӣ, зеро тарсиданд, ки мабодо мардум худи онҳоро сангсор кунанд.
27Фиристодагонро оварда, дар пеши шӯрои пирон рост монданд ва саркоҳин ба онҳо гуфт: 28«Оё мо таълим додани ин номро ба шумо қатъиян манъ накарда будем? Шумо чӣ? Тамоми шаҳри Уршалимро аз таълиматон пур кардед ва боз моро айбдор кардан мехоҳед, ки гӯё хуни он одамро мо рехта бошем».
29Петрус бо фиристодагони дигар дар ҷавоб гуфт: «Мо на ба одамон, балки бештар ба Худо бояд итоат кунем! 30Худои падарбузургонамон Исоро, ки шумо ба салиб мехкӯб карда куштед, зинда кард. 31Сипас, боло бурда, Ӯро ҳамчун Сарвар ва Наҷотдиҳанда аз дасти росташ шинонд, то ба исроилиён имкон бошад, ки аз гуноҳҳои худ тавба карда, бахшида шаванд. 32Ҳамаи мо шоҳиди ин воқеа ҳастем ва Рӯҳулқудс низ, ки Ӯро Худо ба итоаткорони Худ бахшидааст».
33Аз ин сухан аъзои шӯрои пирон сахт хашмгин шуда, онҳоро куштанӣ шуданд. 34Аммо Ҷамлиил ном фарисие, ки устоди шариат буд ва дар байни мардум иззату эҳтиром дошт, аз ҷояш бархоста фармуд, ки фиристодагонро ба муддате берун бароранд. 35Сипас, чунин гуфт: «Исроилиён! Хуб фикр кунед, ки бо ин одамон чӣ кор кардан мехоҳед. 36Пеш аз ин Тавдо ном марде омада буд. Вай худро ким-кӣ гирифт ва тақрибан чорсад кас вайро пайравӣ карданд. Аммо, вақте ки ӯ кушта шуд, пайравонаш пароканда шуданд ва чизе аз ин боқӣ намонд. 37Баъди вай, ҳангоми саршумории аҳолӣ, аз вилояти Ҷалил Яҳудо омад ва баъзе одамонро аз пасаш бурд. Аммо чун ӯро низ куштанд, ҳамаи пайравонаш пароканда шуданд. 38Бино бар ин, маслиҳат медиҳам, ки ин одамонро ба ҳолашон гузореду озод кунед. Агар мақсаду корашон аз одамизод бошад, худ аз худ нобуд мешавад, 39лекин агар аз Худо бошад, шумо онҳоро боздошта наметавонед, балки худро ба Худо зид мекунеду халос».
Ин сухани Ҷамлиил ба онҳо писанд омад. 40Онҳо фиристодагонро дароварда қамчинкорӣ карданд. Сипас, амр намуданд, ки дигар ба номи Исо гап назананд, ва баъд озод карданд. 41Фиристодагон аз ҳузури шӯрои пирон берун рафтанд ва хурсанд шуданд, ки ба хотири номи Исо сазовори беҳурматӣ гардиданд. 42Ҳамин тавр онҳо ҳар рӯз дар маъбади Худо ва дар хонаҳо таълим дода, хушхабар мерасонданд, ки Исо Масеҳ, яъне Таъйиншудаи махсуси Худо аст.

Zur Zeit ausgewählt:

Корнома* 5: KMO

Markierung

Teilen

Kopieren

None

Möchtest du deine gespeicherten Markierungen auf allen deinen Geräten sehen? Erstelle ein kostenloses Konto oder melde dich an.