YouVersion Logo
Search Icon

Мико 2

2
БОБИ ДУЮМ
Худованд ба Исроил зид шудааст.
1Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд,
ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд,
чунки кувват дар дасти онҳост.
2Ва чун саҳроҳоро тамаъ кунанд, — зер карда мегиранд,
ва хонаҳоро тамаъ кунанд, — бо зӯрӣ тасарруф менамоянд;
ва дар ҳаққи марде ва хонаи вай,
ва шахсе ва мероси вай ситам мекунанд.
3Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд:
«Инак, Ман бар зидди ин қабила мусибате меандешам,
ки шумо гардани худро аз он натавонед берун овард,
ва қомат рост карда мағрурона роҳ нахоҳед рафт,
зеро ки ин замони мусибат аст.
4Дар он рӯз дар ҳаққи шумо масале ба забон хоҳанд ронд,
ва зор‐зор гириста навҳа хоҳанд кард,
ва хоҳанд гуфт: „Мо тамоман тороҷ гардидаем;
насибаи қавми ман бадал шудааст.
Чӣ гуна маро аз он дур мекунад?!
Саҳроҳои моро ба шарирон тақсим карда медиҳад“.
5Бинобар ин барои ту касе нахоҳад буд,
ки дар ҷамоати Худованд қуръа барои андоза кардан партояд.
6„Нубувват накунед!“ Нубувват мекунанд:
„Ба инҳо нубувват накунанд, расвоиҳо дур нахоҳад шуд“.
7Эй, ки номат хонадони Яъқуб аст!
Оё Рӯҳи Худованд ношикеб гардидааст?
Оё инҳо аъмоли Ӯст? Суханони Ман, охир,
ба ҳар касе ки бо роҳи рост равон аст,
некӣ меоварад.
8Ва онҳое ки дирӯз қавми Ман ба шумор мерафтанд,
алҳол ҳамчун душман қиём кардаанд;
шумо аз китфи роҳгузаре курта ва ҷомаро кашида мегиред;
касонеро, ки оромона мегузаранд, тавре ба қалам медиҳед,
ки гӯё аз ҷанг гашта омада бошанд.
9Занони қавми Маро аз хонаҳои дилписандашон бадар меронед;
аз кӯдакони онҳо зинати Маро ба сурати абадӣ мегиред.
10Бархезед ва биравед, зеро ки ин ҷо оромгоҳи шумо нест;
ба сабаби палид шуданаш он шуморо ба ҳалокат хоҳад расонид,
ва ин ҳалокати сахте хохад буд.
11Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт:
„Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, —
вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.
Ваъда ба бақия.
12Тамоми туро, эй Яъқуб, ҷамъ хоҳам кард,
бақияи Исроилро фароҳам хоҳам овард,
онҳоро мисли гӯсфандони дохили қӯра якҷоя хоҳам гузошт;
онҳо мисли рамае ки андаруни чарогоҳаш бошад,
аз бисьёрии одамон ғалоғула хоҳанд бардошт.
13Рахнакунанда пешопеши онҳо баромад;
онҳо низ рахна карда, гузаштанд, дарвозаро рахна карда, аз он берун омаданд;
ва подшоҳашон пешопеши онҳо гузашта рафт,
ва Худованд — дар сари онҳо».

Currently Selected:

Мико 2: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in