YouVersion Logo
Search Icon

Мико 3

3
БОБИ СЕЮМ
Доварии оянда бар сарварони қавм.
1Ва ман гуфтам: бишнавед,
эй сарварони Яъқуб ва доварони хонадони Исроил!
Шумо, охир, вазифадор ҳастед, ки адлу инсофро бидонед.
2Аммо шумо аз некӣ нафрат мекунед ва бадиро дӯст медоред;
пӯсти онҳоро аз баданашон
ва гӯшти онҳоро аз устухонҳошон меканед.
3Ҳамон касоне ҳастед, ки гӯшти қавми Маро хӯрдаанд,
ва пӯсти онҳоро аз баданашон кандаанд,
ва устухонҳои онҳоро шикастаанд,
ва гӯё ки ба дег меандохта бошанд,
яъне мисли гӯште ки андаруни потила мепазанд, порапора кардаанд.
4Он гоҳ сӯи Худованд истиғоса хоҳанд бурд,
вале Ӯ онҳоро иҷобат нахоҳад кард,
ва рӯи Худро дар он замон аз онҳо хоҳад пӯшонид,
чунки ба аъмоли бад дода шудаанд.
5Худованд дар бораи анбиёе ки қавми маро дар иштибоҳ меандозанд,
яъне вақте ки бо дандонҳои худ чизе мехоянд, —
сулҳу осоиштагиро мехонанд,
вале вақте ки касе ба даҳони онҳо чизе намегузорад, —
бар зидди вай ҷанг эълон мекунанд, чунин мегӯяд:
6«Бинобар ин шаб барои шумо ба ҷои рӯъё,
ва торикӣ барои шумо ба ҷои фолгирӣ хоҳад буд;
ва офтоб бар анбиё ғуруб хоҳад кард,
ва рӯз барояшон торик хоҳад шуд.
7Ва пешгӯйҳо расво, ва фолгирҳо хиҷил гардида,
ҳамаашон ришу мӯйлаби худро хоҳанд пӯшонид,
чунки аз ҷониби Худованд ҷавобе нахоҳад буд».
8Валекин ман ба воситаи Рӯҳи Худованд аз қувват
ва инсоф ва мардонагӣ пур шудаам,
то ки ба Яъқуб дар бораи ҷинояташ
ва ба Исроил дар бораи гуноҳаш сухан ронам.
9Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб
ва эй доварони хонадони Исроил,
ки аз инсоф нафрат доред
ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед,
10Сионро бо хун ва Ерусалимро
бо ноинсофӣ бино мекунед!
11Сарваронаш ба бадали ришва доварӣ менамоянд,
ва коҳинонаш ба бадали музд таълим медиҳанд,
ва анбиёяш ба бадали нуқра фол мегиранд,
ва ба Худованд таваккал намуда, мегӯянд:
«Худованд, охир, андаруни мост, —
мусибате бар мо нахоҳад омад!»
12Бинобар ин, аз боиси шумо,
Сион мисли саҳро шудгор хоҳад шуд,
ва Ерусалим ба харобазор,
ва кӯҳи Хона ба баландиҳои ҷангалзор мубаддал хоҳад гардид.

Currently Selected:

Мико 3: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in