YouVersion Logo
Search Icon

Мико 1

1
БОБИ ЯКУМ
Ҷино яти хар ду мамлакат боиси ғазаби Худо гардид.
1Каломи Худованд, ки бар Микои мӯраштӣ дар айёми Ютом, Оҳоз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо, нозил шуд, ва ӯ онро дар бораи Сомария ва Ерусалим дар рӯъё дид.
2Бишнавед, эй ҳамаи қавмҳо, гӯш андоз,
эй замин ва ҳар чи дар он аст!
Ва Худованд Худо ба муқобили шумо шоҳид бошад,
яъне Худованд аз қасри қудси Худ!
3Зеро инак, Худованд аз макони Худ берун меояд,
ва фурӯд омада, бар баландиҳои замин қадамгузор мешавад.
4Ва кӯҳҳо дар таҳти Ӯ гудохта мешавад,
ва водиҳо мекафад, мисли мум пеши оташ,
мисли обе ки ба нишебӣ мерезад.
5Ҳамаи ин аз боиси ҷинояти Яъқуб аст,
ва аз боиси гуноҳҳои хонадони Исроил.
Кист сабабгори ҷинояти Яъқуб? Оё Сомария нест?
Ва кист маркази бутпарастӣ дар Яҳудо? Оё Ерусалим нест?
6Ва Сомарияро ба харобазори саҳро,
ба макони токшинонӣ табдил хоҳам дод;
ва сангҳои онро ба дара андохта,
таҳкурсиҳои онро намоён хоҳам кард.
7Ва ҳамаи санамҳои он пора‐пора хоҳад шуд,
ва ҳамаи муздҳои зинои он ба оташ хоҳад сӯхт;
ва ҳамаи бутҳои онро валангор хоҳам кард,
зеро ки онҳоро аз музди зино ҷамъ овардааст,
ва онҳо ба музди зино хоҳад баргашт.
8Дар ин бора навҳаю вовайло хоҳам кард,
маҷнунвор ва урьён роҳ хоҳам рафт,
мисли шағолҳо нула хоҳам кашид,
ва мисли шутурмурғҳо оҳу воҳ хоҳам кард.
9Зеро ки шикасти он илоҷнопазир аст,
чунки то Яҳудо омада, ба дарвозаи қавми ман,
ба Ерусалим расидааст.
10Дар Ҷат хабар надиҳед, сахт гирья накунед;
дар хонаи Афра худро ба хок биғелон.
11Бо аврати бараҳна гузар кун, эй сокинаи Шофир;
сокинаи Саанон берун намеояд;
дар Байт‐Эсел навҳагарист; барои ӯрду заданаш аз шумо макон мегирад.
12Зеро ки сокинаи Морут аз барои дороии худ дар андӯҳ меафтад,
чунки мусибате аз ҷониби Худованд ба дарвозаи Ерусалим фурӯд омадааст.
13Аспи давандро ба ароба бибанд, эй сокинаи Локиш;
вай ибтидои гуноҳи духтари Сион буд,
зеро ки ҷиноятҳои Исроил дар ту ёфт шудааст.
14Бинобар ин ту ҷиҳозе ба Мӯрашти Ҷат хоҳӣ дод;
хонаҳои Акзиб чашмаи яъсовар барои подшоҳони Исроил хоҳад буд.
15Боз ворисе назди ту хоҳам овард, эй сокинаи Морешо;
ҷалоли Исроил то Адулом хоҳад омад.
16Барои писарони нозпарварди худ мӯи саратро битарош ва бикан;
бемӯии саратро мисли уқоб васеътар бикун,
чунки онҳо аз пеши ту ба асирӣ хоҳанд рафт.

Currently Selected:

Мико 1: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in