YouVersion Logo
Search Icon

Омӯс 9

9
БОБИ НӮҲУМ
Нубуввати охирин дар бораи парокандагӣ.
1Худовандро дидам, ки назди қурбонгоҳ истода буд, ва гуфт:
«Сарҳои сутунҳоро бизан, то ки остонаҳо ба ларза ояд,
ва онҳоро бар сари ҳама бишкан, ва боқимондагонро Ман ба дами шамшер хоҳам кушт:
гурезпое аз онҳо нахоҳад гурехт,
ва наҷотталабе аз онҳо наҷот нахоҳад ёфт.
2Агар дӯзахро рахна карда фурӯд оянд,
дасти Ман онҳоро аз он ҷо хоҳад гирифт;
ва агар ба осмон сууд кунанд,
онҳоро аз он ҷо фурӯд хоҳам овард.
3Ва агар дар куллаи Кармил пинҳон шаванд,
онҳоро аз он ҷо ҷустуҷӯ намуда, хоҳам гирифт;
ва агар аз пеши назарам дар қаъри баҳр руст шаванд,
дар он ҷо морро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бигазад.
4Ва агар пешопеши душманони худ ба асирӣ бираванд,
дар он ҷо шамшерро амр хоҳам фармуд, ки онҳоро бикушад,
ва Ман чашми Худро бар онҳо барои бадӣ хоҳам нигаронид, ва на барои некӣ».
5Ва Худованд Худои лашкарҳо чун ба замин бирасад,
он гудохта мешавад, ва ҳамаи сокинонаш мотам мегиранд,
ва он сар то сараш мисли наҳр баланд мешавад,
ва мисли дарьёи Нили Миср фурӯ менишинад.
6Ӯ кӯшкҳои Худро дар осмон бино кардааст,
ва гунбази Худро бар замин барпо намудааст;
Ӯ обҳои баҳрро даъват мекунад,
ва онҳоро бар рӯи замин фурӯ мерезад;
исми Ӯ Худованд аст.
7«Оё шумо, эй банӣ‐Исроил,
барои Ман мисли писарони ҳабашиён нестед?»
— мегӯяд Худованд. —
«Оё Исроилро аз замини Миср, ва фалиштиёнро аз Кафтӯр,
ва арамиёнро аз Қир берун наовардам?
8Инак, чашмони Худованд Худо бар мамлакати гуноҳкор аст,
ва Ман онро аз рӯи замин маҳв хоҳам кард;
аммо хонадони Яъқубро куллиятан талаф нахоҳам кард», мегӯяд Худованд.
9«Зеро инак, Ман амр хоҳам фармуд,
ва хонадони Исроилро дар миёни ҳамаи халқҳо хоҳам бехт,
чунон ки ғалла дар ғалбер бехта мешавад,
ва сангчае бар замин намеафтад.
10Ҳамаи гуноҳкорони қавми Ман ба дами шамшер хоҳанд мурд,
яъне онҳое ки мегӯянд: „Ин офат ба мо нахоҳад расид ва ба сари мо нахоҳад омад“.
Аз нав барқарор кардани салтанати Довуд.
11Дар он рӯз Ман хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст,
аз нав барпо хоҳам намуд, ва рахнаҳояшро таъмир хоҳам кард,
ва харобиҳояшро аз нав барқарор хоҳам намуд,
ва онро мисли айёми қадим бино хоҳам кард,
12То ки онҳо бақияи Адӯм ва ҳамаи халқҳоеро,
ки исми Ман бар онҳо ниҳода шудааст,
тасарруф намоянд», мегӯяд Худованд, ки инро ба амал меоварад.
13«Инак, айёме меояд», мегӯяд Худованд,
«ки шудгоркунанда ба даравгар дучор хоҳад омад,
ва пахшкунандаи ангур — ба коранда;
ва кӯҳҳо шираи ангурро хоҳад чаконид,
ва бар ҳамаи теппаҳо шир ҷорӣ хоҳад шуд.
14Ва асирони қавми Худ Исроилро хоҳам баргардонид,
ва онҳо шаҳрҳои валангоршударо бино карда,
дар онҳо сокин хоҳанд шуд, ва токҳо шинонда,
шароби онҳоро хоҳанд нӯшид, ва боғҳо парвариш намуда,
меваи онҳоро хоҳанд хӯрд,
15Ва Ман онҳоро дар заминашон хоҳам шинонд,
ва онҳо дигар аз заминашон,
ки ба онҳо додаам, канда нахоҳанд шуд»,
мегӯяд Худованд Худои ту.

Currently Selected:

Омӯс 9: KM92

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in