Омӯс 8
8
БОБИ ҲАШТУМ
Сабади пур аз меваҷот — аломати заволи наздики Исроил.
1Худованд Худо ба ман чунин рӯъёро намоён кард, ва инак, сабаде пур аз меваҷот.
2Ва Ӯ гуфт: «Эй Омӯс, ту чӣ мебинӣ?» Гуфтам: «Сабаде пур аз меваҷот». Ва Худованд ба ман гуфт: «Заволи қавми Ман Исроил фаро расидааст; дигар аз гуноҳашон гузароӣ нахоҳам кард.
3Ва сурудҳои қаср дар он рӯз ба навҳа табдил хоҳад ёфт», мегӯяд Худованд Худо, «лошаҳо бисьёр хоҳад шуд, ва дар ҳар ҷо онҳоро хомӯшона берун хоҳанд партофт».
4Инро бишнавед, эй муштоқони поймол кардани мискинон ва маҳв сохтани бенавоёни замин,
5Ки мегӯед:
«Навмоҳ кай мегузарад, то ки ғалларо бифрӯшем;
ва шанбе кай мегузарад, то ки анборҳои ғалларо бикшоем,
вазнро кам ва қиматро зиёд кунем,
ва бо тарозуи нодуруст фиреб диҳем,
6Бенавоёнро ба нуқра,
ва мискинонро дар ивази як ҷуфт кафш бихарем,
ва пасмондаи ғалларо бифрӯшем».
7Худованд ба ифтихори Яъқуб қасам хӯрдааст:
«Ҳеҷ яке аз аъмоли онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард!
8Оё ба ин сабаб замин ба ҷунбиш нахоҳад омад,
ва ҳар сокини он мотам нахоҳад гирифт?
Ва он сар то сараш мисли наҳр баланд хоҳад шуд,
ва мисли дарьёи Нили Миср туғьён хоҳад кард
ва фурӯ хоҳад нишаст».
9«Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд», мегӯяд Худованд Худо,
«ки ғуруби офтобро дар нисфи рӯз ба амал хоҳам овард,
ва заминро дар айни рӯзи равшан торик хоҳам кард.
10Ва идҳои шуморо ба мотам,
ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод,
ва бар ҳар камар палос,
ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард,
ва инро мисли мотами фарзанди ягона,
ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.
11Инак айёме меояд», мегӯяд Худованд Худо,
«ки гуруснагӣ бар замин хоҳам фиристод, —
аммо на гуруснагӣ аз нон ва на ташнагӣ аз об,
балки аз шунидани суханони Худованд.
12Ва аз баҳр то баҳр,
ва аз шимол то шарқ ҳаракат хоҳанд кард:
гаштугузор намуда, каломи Худовандро ҷустуҷӯ хоҳанд кард,
вале онро нахоҳанд ёфт.
13Дар он рӯз дӯшизагони соҳибҷамол
ва ҷавонон аз ташнагӣ беҳуш хоҳанд шуд;
14Онҳое ки ба гуноҳи Сомария қасам хӯрда,
мегӯянд: „Ба ҳаёти худои ту, эй Дон!“
ва „Ба ҳаёти худои Беэр‐Шобаъ!“, —
фурӯ хоҳанд ғалтид ва дигар нахоҳанд бархост».
Currently Selected:
Омӯс 8: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in