Ҳастӣ 32
32
БОБИ СИЮ ДУЮМ
Ба Яъқуб номи Исроил дода шуд.
1Ва Яъқуб роҳи худро пеш гирифт. Ва фариштагони Худо ба ӯ вохӯрданд.
2Ва чун Яъқуб онҳоро дид, гуфт: «Ин лашкари Худост!» Ва он мавзеъро Маҳаноим номид.
3Ва Яъқуб пешопеши худ назди бародараш Эсов ба сарзамини Сеир, ба саҳрои Адӯм қосидонро фиристод;
4Ва ба онҳо амр фармуда, гуфт: «Ба оғоям Эсов бигӯед, ки бандаи ту Яъқуб чунин арз мекунад: „Бо Лобон иқомат доштам, ва то кунун таваққуф намудам;
5Ва ман молики барзаговон ва харон ва гӯсфандон, ва ғуломон ва канизон мебошам; ва фиристодам, то ки оғоямро огоҳӣ диҳам ва дар назарат илтифот ёбам“».
6Ва қосидон назди Яъқуб баргашта, гуфтанд: «Назди бародарат Эсов расидем; ва ӯ ба пешвози мо меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст».
7Ва Яъқуб бағоят тарсид ва мушавваш шуд, ва касонеро, ки бо ӯ буданд, ва гӯсфандон ва говон ва шутуронро ба ду бошишгоҳ тақсим кард.
8Ва гуфт: «Агар Эсов ба як бошишгоҳ омада, онро зарба занад, бошишгоҳи дигар наҷот меёбад».
9Ва Яъқуб гуфт: «Эй Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, эй Худованде ки ба ман гуфтаӣ: „Ба замини худ ва ба зодгоҳи худ баргард, ва Ман ба ту эҳсон кунам“!
10Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Урдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам.
11Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.
12Ва Ту гуфтаӣ: „Ман ба ту эҳсон кунам, ва насли туро мисли реги дарьё гардонам, ки аз бисьёрӣ онро натавон шумурд“».
13Ва он шабро дар ҳамон ҷо гузаронд. Ва аз он чи дар дасташ буд, тӯҳфае барои бародари худ Эсов гирифт:
14Дусад модабуз ва бист нарбуз, дусад меш ва бист қӯчқор,
15Сӣ модашутури ширдеҳ бо бачаҳошон, чил модагов ва даҳ барзагов, бист модахар ва даҳ нархар.
16Ва ба дасти ғуломони худ ҳар рамаро алоҳида дод, ва ба ғуломони худ гуфт: «Аз пеши ман гузашта равед, ва дар мобайни рамаҳо фосилае бигзоред».
17Ва ба нахустин амр фармуда, гуфт: «Чун бародарам Эсов ба ту вохӯрад, ва аз ту пурсида, бигӯяд: „Аз они кистӣ? Ва куҷо меравӣ? Ва инҳо, ки пеши туст, аз они кист?“
18Ба ӯ бигӯй: „Аз они бандаат Яъқуб аст; инҳо тӯҳфаест, ки ба оғоям Эсов фиристода шудааст; ва инак, худаш низ дар ақиби мост“».
19Ва ҳамчунин ба дуюмин, ба сеюмин ва ба ҳамаи онҳое ки аз ақиби рамаҳо мерафтанд, амр фармуда, гуфт: «Чун ба Эсов бирасед, ба ӯ чунин гӯед;
20Ва низ гӯед: „Инак, бандаат Яъқуб дар ақиби мост“». Зеро ба дили худ гуфт: «Дили ӯро бо тӯҳфае ки пешопеши ман меравад, нарм мекунам ва баъд аз он бо ӯ рӯ ба рӯ мешавам; шояд, маро қабул кунад».
21Ва тӯҳфа пешопеш гузашта рафт; ва ӯ он шабро дар бошишгоҳ гузаронд.
22Ва шабонгоҳ бархост, ва ду занаш ва ду канизаш ва ёздаҳ писарашро гирифта, аз маъбари Яббӯқ гузашт.
23Ва онҳоро гирифта, аз он наҳр гузаронид, ва тамоми дороии худро гузаронид.
24Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт;
25Ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фушурда шуд.
26Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам».
27Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб».
28Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».
29Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.
30Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
31Ва ҳангоме ки аз Фануил мегузашт, офтоб тулӯъ кард; ва ӯ бар сурини худ мелангид.
32Сабаб ҳамин аст, ки банӣ‐Исроил ирқуннисоро#32:32 Ирқуннисо — раге ки аз сурин сар шуда, то поёни пой, то буҷулак мерасад; асаби сурин., ки дар банди сурин аст, то имрӯз намехӯранд, зеро ки ба ирқуннисои банди сурини Яъқуб расида буд.
Currently Selected:
Ҳастӣ 32: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.