1
Ҳастӣ 32:28
Китоби Муқаддас 1992, 1999
Ва гуфт: «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда нашавад, балки Исроил; зеро ки бо Худо ва бо одамон гӯштин гирифтӣ, ва ғолиб шудӣ».
Compare
Explore Ҳастӣ 32:28
2
Ҳастӣ 32:26
Ва гуфт: «Маро сар деҳ; зеро ки субҳ дамид». Гуфт: «То маро баракат надиҳӣ, Туро сар намедиҳам».
Explore Ҳастӣ 32:26
3
Ҳастӣ 32:24
Ва Яъқуб танҳо монд. Ва касе бо ӯ то дамидани субҳ гӯштин гирифт
Explore Ҳастӣ 32:24
4
Ҳастӣ 32:30
Ва Яъқуб он мавзеъро Фануил номид; зеро ки, гуфт ӯ, Худоро рӯ ба рӯ дидам, ва ҷонам раҳо шуд.
Explore Ҳастӣ 32:30
5
Ҳастӣ 32:25
Ва чун он кас дид, ки зӯраш ба ӯ намерасад, ба банди сурини ӯ расид, ва банди сурини Яъқуб, ҳангоми бо Вай гӯштин гирифтан, фушурда шуд.
Explore Ҳастӣ 32:25
6
Ҳастӣ 32:27
Ба ӯ гуфт: «Номат чист?» Гуфт: «Яъқуб».
Explore Ҳастӣ 32:27
7
Ҳастӣ 32:29
Ва Яъқуб савол дода, гуфт: «Хоҳишмандам, номи Худро бигӯй». Гуфт: «Чаро номи Маро мепурсӣ?» Ва ӯро дар он ҷо баракат дод.
Explore Ҳастӣ 32:29
8
Ҳастӣ 32:10
Ҳамаи марҳаматҳо ва ҳамаи некиҳоро, ки дар ҳаққи бандаат кардаӣ, сазовор нестам; зеро ки бо чӯбдасти худ аз ин Урдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам.
Explore Ҳастӣ 32:10
9
Ҳастӣ 32:32
Сабаб ҳамин аст, ки банӣ‐Исроил ирқуннисоро, ки дар банди сурин аст, то имрӯз намехӯранд, зеро ки ба ирқуннисои банди сурини Яъқуб расида буд.
Explore Ҳастӣ 32:32
10
Ҳастӣ 32:9
Ва Яъқуб гуфт: «Эй Худои падарам Иброҳим ва Худои падарам Исҳоқ, эй Худованде ки ба ман гуфтаӣ: „Ба замини худ ва ба зодгоҳи худ баргард, ва Ман ба ту эҳсон кунам“!
Explore Ҳастӣ 32:9
11
Ҳастӣ 32:11
Марҳамат карда, маро аз дасти бародарам, аз дасти Эсов наҷот деҳ; зеро ман аз ӯ метарсам, ки мабодо биёяд ва маро, ва модару фарзандонро зарба занад.
Explore Ҳастӣ 32:11
Home
Bible
Plans
Videos