Ҳастӣ 33
33
БОБИ СИЮ СЕЮМ
Вохӯрии Яъқуб бо Эсов.
1Ва Яъқуб чашм андохта, дид, ки инак, Эсов меояд, ва чорсад одам ҳамроҳи ӯст. Ва бачаҳоро ба Леё ва Роҳел ва ду каниз тақсим кард.
2Ва канизонро бо бачаҳошон пеш гузошт, ва Леёро бо бачаҳояш дар ақиби онҳо, ва Роҳелро бо Юсуф дар охир.
3Ва худаш пешопеши онҳо рафт, ва ҳафт маротиба то замин саҷда кард, то ки ба бародари худ расид.
4Ва Эсов ба пешвози ӯ давид, ва ӯро ба оғӯш кашид, ва сар бар гардани ӯ ниҳод, ва ӯро бӯсид, ва бигиристанд.
5Ва Эсов чашм андохта, занону бачагонро дид, ва гуфт: «Инҳо ба ту кистанд?» Гуфт: «Фарзандоне ки Худо ба бандаат бахшидааст».
6Ва канизон бо бачаҳошон наздик омада, саҷда карданд.
7Ва Леё бо бачаҳояш низ наздик омада, саҷда карданд. Ва дар охир Юсуф ва Роҳел наздик омада, саҷда карданд.
8Ва гуфт: «Аз баҳри чист туро тамоми ин гурӯҳе ки ба он вохӯрдам?» Гуфт: «То ки дар назари оғоям илтифот ёбам».
9Ва Эсов гуфт: «Эй бародарам, ман бисьёр дорам; он чи аз они туст, аз они ту бошад».
10Ва Яъқуб гуфт: «Не, агар дар назарат илтифот ёфта бошам, тӯҳфаи маро аз дастам бигир; зеро ки рӯи туро дидам, мисли дидани рӯи Худо, ва ту ба ман бо чашми нек назар кардӣ.
11Баракати маро, ки бароят оварда шуд, бигир; чунки Худо ба ман эҳсон кардааст, ва ҳама чиз дорам». Ва чун Яъқуб ӯро розӣ кард, ӯ гирифт.
12Ва гуфт: «Кӯч карда, биравем; ва ман пешопеши ту меравам».
13Ва Яъқуб гуфт: «Оғоям медонад, ки бачагон нозуканд, ва гӯсфандон ва говони ширдеҳ бо ман аст, ва агар онҳоро як рӯз ҳай кунанд, тамоми чорво мемирад.
14Бигзор оғоям аз бандаи худ пештар биравад, ва ман мувофиқи коре ки маро дар пеш аст, ва мувофиқи қадами бачагон оҳиста‐оҳиста равона мешавам, то ки назди оғоям ба Сеир бирасам».
15Ва Эсов гуфт: «Аз мардуме ки бо мананд, назди ту мегузорам». Гуфт: «Чӣ лозим аст? Фақат дар назари оғоям илтифот ёбам шудааст».
16Ва ҳамон рӯз Эсов роҳи худро пеш гирифта, ба Сеир баргашт.
17Вале Яъқуб ба Суккӯт равона шуд, ва хонае барои худ бино кард, ва барои чорвои худ соябонҳо сохт. Аз ин сабаб он мавзеъро Суккӯт номид.
Яъқуб дар Шакем манзил мекунад ва барои Худо қурбонгоҳ месозад.
18Ва Яъқуб аз Фаддони Арам баргашта, сиҳат саломат ба шаҳри Шакем, ки дар замини Канъон аст, омад ва дар рӯ ба рӯи шаҳр манзил кард.
19Ва он қитъаи заминро, ки дар он ҷо барои худ хайма барафрошта буд, аз дасти фарзандони Ҳамӯр, падари Шакем, ба сад сикка харид.
20Ва қурбонгоҳе дар он ҷо бино кард, ва онро ба исми Худованд Худои Исроил хонд.
Currently Selected:
Ҳастӣ 33: KM92
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
Китоби Муқаддас - Tajiki Bible © Institute for Bible Translation (Sweden) 1992, 1999.