Ҳастӣ 13
13
БОБИ СЕЗДАҲУМ
Аз Миср баргаштани Абром ва қурбонгоҳ сохтани вай.
1Ва Абром аз Миср рахт баста, бо занаш, ва бо ҳар чизе ки дошт, ва бо ҳамроҳии Лут ба ҷануб омад.
2Ва Абром аз чорво, ва нуқра, ва тилло хеле бой буд.
3Ва аз ҷануб то Байт‐Ил роҳ паймуда, ба мақоме расид, ки дар он ҷо пештар хаймаи ӯ дар миёни Байт‐Ил ва Ай буд,
4Ба мақоми қурбонгоҳе ки дар он ҷо ӯ дар ибтидо бино карда буд; ва дар он ҷо Абром исми Худовандро хонда буд.
Абром аз Лут ҷудо мешавад.
5Лут низ, ки ҳамроҳи Абром мегашт, гӯсфандон, ва говон, ва хаймаҳо дошт.
6Вале замин ба онҳо гунҷоиш намедод, ки дар як ҷо сокин шаванд, зеро ки дороияшон бисьёр буд, ва наметавонистанд дар як ҷо сокин шаванд.
7Ва дар миёни чӯпонони чорвои Абром ва чӯпонони чорвои Лут низоъ афтод; ва дар он замон канъониён ва фариззиён сокини он замин буданд.
8Ва Абром ба Лут гуфт: «Зинҳор, дар миёни ман ва ту, ва дар миёни чӯпонони ман ва чӯпонони ту низое набошад; зеро ки мо хешу табор ҳастем.
9Магар тамоми замин пеши ту нест? Пас, хоҳишмандам, ки аз ман ҷудо шавӣ. Агар ба тарафи чап равӣ, ман ба тарафи рост хоҳам рафт; ва агар ба тарафи рост равӣ, ман ба тарафи чап хоҳам рафт».
10Ва Лут чашм андохта, тамоми водии Урдунро дид, ки он, пеш аз он ки Худованд Садӯм ва Амӯроро хароб кунад, сар ба сар то Сӯар, мисли боғи Худованд, мисли замини Миср обшор буд.
11Ва Лут тамоми водии Урдунро барои худ ихтиёр кард; ва Лут ба тарафи шарқ кӯч кард. Ва онҳо аз якдигар ҷудо шуданд.
12Абром дар замини Канъон сокин шуд; ва Лут дар шаҳрҳои водӣ сокин шуд, ва хаймаҳои худро то Садӯм барафрошт.
13Лекин мардуми Садӯм бағоят шарир ва пеши Худованд гуноҳкор буданд.
Аҳд бо Абром; ваъдаи замин ва ваъда кардани насли ҷисмонӣ.
14Ва Худованд ба Абром, баъд аз он ки Лут аз ӯ ҷудо шуд, гуфт: «Акнун чашм андохта, аз мақоме ки дар он истодаӣ, ба ҷониби шимол, ва ҷануб, ва шарқ, ва ғарб назар кун.
15Зеро тамоми заминеро, ки мебинӣ, ба ту ва ба насли ту то абад медиҳам.
16Ва насли туро монанди ғубори замин мегардонам; агар касе ғубори заминро шумурда тавонад, насли ту низ шумурда шавад.
17Бархез ва дар тӯлу арзи ин замин гардиш кун: зеро ки онро ба ту медиҳам».
18Ва Абром хаймаи худро кӯчонда, равона шуд ва дар булутзори Мамре, ки дар Ҳебрӯн аст, маскан гирифт; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард.
Currently Selected:
Ҳастӣ 13: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in