Ҳастӣ 12
12
БОБИ ДУВОЗДАҲУМ
Ваъда. Аз вақти даъват шудани Абром то вақти қонунгузорӣ.
Аҳди чоруми Худо бо одам.
1Ва Худованд ба Абром гуфт: «Аз замини худ, аз ақрабои худ ва аз хонаи падари худ сӯи замине ки ба ту нишон диҳам, равона шав.
2Ва аз ту халқи бузурге ба вуҷуд оварам,
ва туро баракат диҳам,
ва номи туро бузург созам:
ва ту намунаи баракат хоҳӣ шуд.
3Ва баракат диҳам онҳоеро, ки туро муборак хонанд,
ва лаънат гӯям ба онҳое ки туро малъун хонанд;
ва дар ту ҳамаи қабилаҳои рӯи замин
баракат хоҳанд хост».
Абром дар замини мавъуд.
4Ва Абром, чунон ки Худованд ба ӯ фармуд, равона шуд; ва Лут ҳамроҳи ӯ рафт. Ва Абром ҳафтоду панҷсола буд, ҳангоме ки аз Ҳоррон берун омад.
5Ва Абром зани худ Сорай ва бародарзодаи худ Лутро бо тамоми дороие ки андӯхта буданд, ва бо ашхосе ки дар Ҳоррон доштанд, гирифт; ва берун омаданд, то ки сӯи замини Канъон равона шаванд; ва ба замини Канъон омаданд.
6Ва Абром заминро тай карда, то мавзеи Шакем, то булутзори Мӯре расид. Ва дар он вақт канъониён дар ин замин буданд.
7Ва Худованд бар Абром зоҳир гардида, гуфт: «Ба насли ту ин заминро медиҳам». Ва дар он ҷо барои Худованд, ки бар ӯ зоҳир шуд, қурбонгоҳе бино кард.
8Ва аз он ҷо ба кӯҳе ки аз Байт‐Ил ба тарафи шарқ аст, кӯч кард; ва хаймаи худро барафрошт, ва Байт‐Ил ба тарафи ғарбӣ ва Ай ба тарафи шарқии он буд; ва дар он ҷо қурбонгоҳе барои Худованд бино кард ва исми Худовандро хонд.
9Ва Абром рахт баста, ба самти ҷануб роҳ паймудан гирифт.
Абром дар Миср.
10Ва дар он замин қаҳтӣ буд. Ва Абром ба Миср фурӯд омад, то ки дар он ҷо зиндагӣ кунад; зеро ки қаҳтӣ дар он замин шиддат ёфт.
11Вақте ки ба Миср наздик меомад, ба зани худ Сорай гуфт: «Инак, ман медонам, ки ту зани хушрӯй ҳастӣ;
12Ва чун мисриён туро бинанд, гӯянд: „Ин зани ӯст“; пас маро бикушанд, ва туро зинда нигоҳ доранд.
13Пас бигӯ, ки ту хоҳари ман ҳастӣ, то ки ба хотири ту ба ман некӣ шавад, ва ҷонам ба туфайли ту зинда монад».
14Ва ҳангоме ки Абром ба Миср омад, мисриён ин занро диданд, ки хеле хушрӯй аст;
15Ва акобири фиръавн варо диданд, ва дар ҳузури фиръавн варо ситоиш карданд; ва ин зан ба хонаи фиръавн гирифта оварда шуд.
16Ва ба хотири вай ба Абром некӣ кард; ва Абром соҳиби гӯсфандон, ва говон, ва харон, ва ғуломон, ва канизон, ва хачирон, ва шутурон гардид.
17Ва Худованд фиръавн ва аҳли байти ӯро аз боиси Сорай, зани Абром, ба балоҳои бад гирифтор кард.
18Ва фиръавн Абромро хонда, гуфт: «Ин чӣ кор аст, ки ба ман кардӣ? Чаро ба ман нагуфтӣ, ки вай зани туст?
19Чаро гуфтӣ: „Вай хоҳари ман аст“? Ва ман варо ба занӣ гирифтанӣ будам. Ва акнун инак зани ту; бигир ва бирав».
20Ва фиръавн дар ҳаққи ӯ ба одамони худ амр фармуд, ва ӯро бо занаш ва бо ҳар чизе ки дошт, гуселониданд.
Currently Selected:
Ҳастӣ 12: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in