Ҳастӣ 14
14
БОБИ ЧОРДАҲУМ
Абром Лутро озод мекунад.
1Ва воқеъ шуд дар айёми Амрофал подшоҳи Шинъор, Арйӯк подшоҳи Алосор, Кадорлоӯмар подшоҳи Элом ва Тидъол подшоҳи Ҷӯим,
2Ки онҳо бо Бараъ подшоҳи Садӯм, Биршаъ подшоҳи Амӯро, Шиноб подшоҳи Адмо, Шамэбар подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, ҷанг карданд.
3Ҳамаи онҳо дар водии Сиддим, ки ҳамон баҳри Намак бошад, бо ҳам пайвастанд.
4Дувоздаҳ сол онҳо дар хизмати Кадорлоӯмар буданд ва дар соли сездаҳум исьён карданд.
5Ва дар соли чордаҳум Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо ӯ буданд, омада, рафоиёнро дар Аштарут‐Қарнайн, зузиёнро дар Ҳом ва эмиёнро дар Шове‐Қирьётаим шикаст доданд,
6Ва ҳӯриёнро дар кӯҳи онҳо Сеир то Ил‐Форон, ки дар шафати биёбон аст.
7Ва баргашта, ба чашмаи Мишфот, ки ҳамон Қодеш бошад, омаданд ва тамоми дашти Амолеқро, ва амӯриёнро низ, ки дар Ҳассун‐Томор сокин буданд, шикаст доданд.
8Он гоҳ подшоҳи Садӯм, подшоҳи Амӯро, подшоҳи Адмо, подшоҳи Сабӯим ва подшоҳи Балаъ, ки ҳамон Сӯар бошад, берун омаданд; ва онҳо дар водии Сиддим ба ҷанг даромаданд,
9Бо Кадорлоӯмар подшоҳи Элом, Тидъол подшоҳи Ҷӯим, Амрофал подшоҳи Шинъор ва Арйӯк подшоҳи Алосор; чор подшоҳ бо панҷ.
10Ва водии Сиддим пур аз чоҳҳои қир буд; ва подшоҳони Садӯм ва Амӯро рӯй ба гурез оварда, ба он ҷо афтоданд; ва боқимондагон ба кӯҳистон гурехтанд.
11Ва ҳамаи дорони Садӯм ва Амӯроро бо тамоми озуқаи онҳо гирифта рафтанд.
12Ва бародарзодаи Абром, Лутро, ки дар Садӯм сокин буд, бо дороияш гирифта рафтанд.
13Ва гурезае омада, ба Аброми ибрӣ хабар дод, ва ӯ дар булутзори Мамреи амӯрӣ, ки бародари Ашкӯл ва бародари Онер буд, истиқомат дошт, ва онҳо иттифоқчиёни Абром буданд.
14Чун Абром шунид, ки хешаш ба асирӣ афтодааст, сесаду ҳаждаҳ нафар ғуломони хоназоди дастпарварди худро бо худ бурда, то Дон таъқиб намуд.
15Ва шабонгоҳ тақсим шуда, ба онҳо тохт, ӯ ва ғуломонаш; ва онҳоро шикаст дод ва то ба Ҳӯбо, ки аз Димишқ ба тарафи шимол аст, таъқиб намуд.
16Ва тамоми дороиро баргардонид, ва хеши худ Лут ва дороии ӯро, ва занон ва қавмро низ.
Худо Худро ба Абром ҳамчун Худованд ва Молики осмон ва замин зоҳир менамояд.
17Вақте ки ӯ, баъд аз шикаст додани Кадорлоӯмар ва подшоҳоне ки бо вай буданд, баргашта меомад, подшоҳи Садӯм назди водии Шове, ки ҳамон водии подшоҳ бошад, ба пешвози ӯ баромад.
18Ва Малкисодақ подшоҳи Салим, нон ва май баровард, ва ӯ коҳини Худои Таоло буд.
19Ва ӯро баракат дода, гуфт:
«Муборак аст Абром аз ҷониби Худои Таоло,
Молики осмон ва замин;
20Ва муборак аст Худои Таоло,
ки душманонатро ба дастат таслим кард».
Ва Абром ба вай аз ҳар чиз даҳьяк дод.
21Ва подшоҳи Садӯм ба Абром гуфт: «Ашхосро ба ман бидеҳ, ва дороиро барои худ бигир».
22Ва Абром ба подшоҳи Садӯм гуфт: «Дасти худро ба Худованд Худои Таоло, Молики осмон ва замин бардошта, қасам мехӯрам,
23Ки аз тамоми дороии ту риштае ё даволи кафше нагирам, то нагӯӣ: „Ман Абромро бой гардондам“, —
24Магар фақат он чи чавонон хӯрданд, ва ҳиссаи одамоне ки ҳамроҳи ман рафтанд: бигзор Онер, Ашкӯл ва Мамре ҳиссаи худро бигиранд».
Currently Selected:
Ҳастӣ 14: KM92
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in