YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 8

8
Зиндагӣ дар Рӯҳулқудс
1Пас акнун онҳое, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳастанд, ҳеҷ гуна маҳкум карда намешаванд. 2Зеро қонуни Рӯҳи Худо, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳаёт мебахшад, маро аз қонуни гуноҳ ва марг халос кардааст. 3Шариат ба сабаби сустии табиати гунаҳкорамон моро халос карда натавонист. Худо ин корро кард! Вай Писари Худро дар ҷисме фиристод, ки ба ҷисми гунаҳкори одам монанд буд, то ки Писараш ҷисми Худро барои гуноҳҳои мо қурбон карда, ҳукмронии гуноҳро вайрон созад. 4Худо моро халос кард, то ки фармонҳои одилонаи шариатро иҷро намоем. Мо шахсоне ҳастем, ки на аз рӯйи табиати гунаҳкори худ, балки бо Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунем. 5Онҳое, ки мувофиқи хоҳишҳои табиати гунаҳкорашон зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар фикри чизҳои ҷисмонӣ ҳастанд. Вале касоне, ки мувофиқи хости Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунанд, дар бораи хоҳишҳои Рӯҳи Худо фикр мекунанд. 6Натиҷаи фикрҳои табиати гунаҳкор марг аст, вале натиҷаи фикрҳои Рӯҳи Худо ҳаёту оромӣ аст. 7Зеро фикрҳои табиати гунаҳкори одам душманӣ бо Худо аст, чунки ба шариати Худо итоат намекунанд ва дар асл ҳеҷ гоҳ итоат карда наметавонанд. 8Барои ҳамин онҳое, ки дар зери ҳукмронии табиати гунаҳкор ҳастанд, ҳеҷ гоҳ ба Худо писанд омада наметавонанд. 9Лекин шумо, агар Рӯҳи Худо дар вуҷудатон сокин бошад, дар зери ҳукмронии табиати гунаҳкор нестед, балки дар зери ҳукмронии Рӯҳи Худо ҳастед. Аммо касе, ки дар вуҷудаш Рӯҳи Масеҳ надорад, аз они Масеҳ нест. 10Вале, агар Масеҳ дар вуҷудатон сокин бошад, Рӯҳи Худо ба хотири сафед шуданатон ба шумо ҳаёт мебахшад, ҳарчанд баданатон ба сабаби гуноҳ миранда аст. 11Рӯҳи Худое, ки Исоро аз мурдагон зинда кардааст, дар шумо сокин аст. Агар ҳамон Рӯҳи Худо дар вуҷуди шумо сокин бошад, пас Ӯ, ки Исои Масеҳро аз мурдагон зинда кардааст, баданҳои мирандаи шуморо ҳам зинда мекунад.
12Бинобар ин, эй бародарону хоҳарон, мо аз табиати гунаҳкори худ қарздор нестем, ки мувофиқи хоҳишҳои он зиндагӣ кунем. 13Зеро, агар шумо мувофиқи хоҳишҳои табиати гунаҳкори худ зиндагӣ кунед, мемуред. Вале, агар ба воситаи Рӯҳи Худо корҳои пургуноҳи ҷисмро нобуд созед, зинда мемонед. 14Зеро касоне, ки ба воситаи Рӯҳи Худо роҳнамоӣ карда мешаванд, фарзандони Худо ҳастанд. 15Худо ба шумо рӯҳи ғуломӣ надодааст, то ки боз дар тарс зиндагӣ кунед, балки Рӯҳи Худашро додааст, то ки шумо фарзандони Худо шавед. Мо ба воситаи ин Рӯҳ ба Худо «Эй Або, эй Падарҷонам!» гуфта муроҷиат мекунем. 16Рӯҳи Худо ба рӯҳи худамон шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем. 17Аз ин рӯ, агар мо фарзандони Худо бошем, мо меросхӯрони Ӯ ҳастем ва ҳамроҳи Масеҳ баракатҳои Худоро мерос мегирем. Зеро агар мо ҳамроҳи Масеҳ азоб кашем, дар шуҳрату бузургиаш низ ҳамроҳ мешавем.
Бузургии оянда
18Ба назари ман, он азобҳое, ки мо ҳозир мекашем, дар муқоиса ба он шуҳрату бузургие, ки дар оянда ба мо ошкор мешавад, ҳеҷанд. 19Зеро тамоми офариниш беҳад интизори он аст, ки Худо кӣ будани фарзандонашро ошкор кунад. 20Тамоми офариниш на бо хоҳиши худ, балки бо хости Худо лаънатзада шуд. Вале офариниш умед мекунад, ки 21худи он аз ғуломии нобудшавӣ халос шуда, дар озодию бузургии фарзандони Худо ҳамроҳ мешавад. 22Мо медонем, ки тамоми офариниш то ҳол меноладу чун зан ҳангоми таваллудкунӣ азоб мекашад. 23На танҳо офариниш, балки мо – имондорон низ, ки Рӯҳулқудсро ҳамчун ҳосили аввалин қабул кардаем, дарунакӣ оҳу нола мекунем. Мо беҳад интизори он ҳастем, ки Худо моро ҳамчун фарзандони Худ қабул менамояд ва тамоми баданамонро озод мекунад. 24Зеро мо бо чунин умед наҷот ёфтаем. Лекин, агар чизеро, ки ба он умедвор будем, аллакай ба даст оварда бошем, дигар ба он умед нест. Кӣ ба он чизе, ки аллакай ба даст оварда шудааст, умед мебандад? 25Аммо, агар ба чизе умед бандем, ки ҳоло ба даст наовардаем, бояд онро бо сабру тоқат интизор шавем.
26Инчунин Рӯҳулқудс дар сустиҳоямон ба мо ёрӣ медиҳад, чунки мо намедонем, ки дар бораи чӣ дуо кунем. Худи Рӯҳулқудс бо оҳу нолаҳояш, ки бо сухан баён карданашон ғайриимкон аст, барои мо илтимос мекунад ва моро тарафгирӣ менамояд. 27Худо, ки дилҳои моро месанҷад, медонад, ки Рӯҳулқудс дар бораи чӣ илтимос мекунад, чунки илтимосҳои Рӯҳулқудс мувофиқи хости Худост.
28Ҳамчунин мо медонем, ки Худо барои ҳамаи онҳое, ки Ӯро дӯст медоранду аз рӯйи хости Ӯ даъват шудаанд, оқибати ҳама чизро ба хайр мегардонад. 29Зеро ин ҳамон одамоне ҳастанд, ки Худо пешакӣ донистааст. Худо онҳоро пешакӣ муайян карда буд, ки онҳо ба Писари Ӯ монанд бошанд, то ки Писараш дар байни бародарони зиёд аввалин бошад. 30Худо ҳамон одамонеро, ки пешакӣ муайян карда буд, даъват кардааст, сипас даъватшудагонро росткор ҳисобидааст ва ба росткор ҳисобшудагон шуҳрату бузургиашро додааст.
Муҳаббати Худо
31Пас ба ҳамаи ин чизҳо чӣ бигӯем? Агар Худо тарафдори мо бошад, кӣ бар зидди мо баромада метавонад? 32Ҳамон Худое, ки Писарашро дареғ надошта, Ӯро барои ҳамаи мо фидо кардааст, магар ҳамроҳи Масеҳ ба мо тамоми чизи дигарро бо саховатмандӣ намебахшад? 33Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор карда метавонад? Ҳеҷ кас! Зеро Худо интихобшудагонро сафед мекунад. 34Кӣ онҳоро ҳукм карда метавонад? Ҳеҷ кас! Зеро Исои Масеҳ моро тарафгирӣ мекунад. Ӯ ҳамонест, ки мурд, вале зиёда аз он зинда шуд ва ҳоло аз дасти рости Худо нишастааст. 35Оё касе ё чизе ба монанди гуруснагиву бараҳнагӣ, ё ягон азобу уқубат, ё хатару пайгирӣ ва ё шамшер моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо карда метавонад? 36Чунон ки дар навиштаҷот омадааст:
«Ба хотири Ту мо тамоми рӯз бо хатари марг рӯ ба рӯ мешавем
ва моро чун гӯсфандони ба куштан бурдаистода меҳисобанд».#8:36 Забур 43:23
37Вале мо бар ҳамаи ин чизҳо ба воситаи Ӯ, ки моро дӯст доштааст, комилан ғолиб меоем. 38Зеро ман боварии комил дорам, ки на марг, на зиндагӣ, на фариштагон, на қудратмандони осмонӣ, на замони ҳозираву оянда, на қувваҳо, 39на осмону замин ва на ягон мавҷудот моро аз муҳаббате, ки Худо дар Худовандамон Исои Масеҳ ба мо нишон додааст, ҷудо карда наметавонад.

Currently Selected:

Румиён* 8: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in