YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 9

9
Аз ҷониби Худо интихоб шудани халқи Исроил
1Масеҳ шоҳид аст, ки ман рост мегӯям. Виҷдони ман ҳам, ки онро Рӯҳулқудс идора мекунад, шаҳодат медиҳад, ки дурӯғ намегӯям. 2Дилам пур аз ғаму андӯҳ аст ва дарду сӯзи он ҳеҷ намегузарад! 3Дилам барои халқам – яҳудиён месӯзад. Орзу мекардам, ки агар мумкин бошад, ба хотири наҷот ёфтани ҳамин бародарони худ, ки хешовандони ман ҳастанд, лаънатхонда ва аз Масеҳ – Таъйиншудаи Худо ҷудо шавам. 4Онҳо ҳамон исроилиёне ҳастанд, ки Худо фарзандони Худ хондааст. Ӯ ба онҳо шукӯҳу бузургиашро нишон додааст ва чанд маротиба бо онҳо аҳду паймон бастааст ва ба онҳо шариату фармонҳояшро додааст. Худо онҳоро даъват кардааст, ки Ӯро дар ибодатгоҳаш парастиш намоянд ва ба онҳо ваъдаҳо додааст. 5Падарбузургон асосгузори халқи Исроил буданд ва дар байни онҳо Худи Масеҳ ба дунё омадааст, ки Худои тамоми олам мебошад ва то абад сазовори ситоиш аст. Омин!
6Вале ин маънои онро надорад, ки ваъдаи Худо иҷро нашудааст. Зеро на ҳамаи онҳое, ки аз халқи Исроил ба дунё омадаанд, исроилиёни ҳақиқӣ ҳисоб мешаванд. 7Инчунин на ҳамаи фарзандони Иброҳим насли ҳақиқии ӯ ҳастанд. Зеро Худо ба Иброҳим чунин гуфтааст: «Насле, ки ба ту ваъда кардаам, аз Исҳоқ мебарояд».#9:7 Ибтидо 21:12 8Яъне на ҳамаи онҳое, ки ҷисман аз Иброҳим ба дунё омадаанд, фарзандони Худо ҳисоб мешаванд. Танҳо онҳое, ки аз рӯйи ваъдаи Худо таваллуд ёфтаанд, насли Иброҳим ҳисобида мешаванд. 9Зеро ваъдаи Худо ба Иброҳим чунин буд: «Ман дар вақти муайян боз меоям ва Соро писардор мешавад».#9:9 Ибтидо 18:10, 14 10Ин писар падарбузурги мо – Исҳоқ буд. Инчунин бо занаш Ривқо низ чунин ҳолат рӯй дода буд, вақте ки ӯ бо дугоник ҳомиладор шуд. 11-12 Аммо пеш аз таваллуди писарон ва пеш аз он ки онҳо ягон кори нек ё бад кунанд, Худо ба Ривқо гуфт: «Калонӣ ба хурдӣ хизмат мекунад».#9:11–12 Ибтидо 25:23 Ин гуфтаи Худо нишон медиҳад, ки интихобаш на ба корҳои одам, балки ба даъвати Худи Ӯ вобаста аст. 13Чунон ки дар бораи ин навишта шудааст: «Ман Яъқубро дӯст доштам, вале Эсавро рад кардам».#9:13 Малокӣ 1:2-3
14Аз ин сухани Худо чӣ бармеояд? Магар Худо беинсофӣ кардааст? Ҳаргиз не! 15Зеро Худо ба Мусо чунин гуфта буд: «Агар ба касе дилсӯзӣ кардан хоҳам, дилсӯзӣ мекунам ва ба ҳар касе, ки раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам».#9:15 Хуруҷ 33:19 16Бино бар ин, ҳама чиз на ба хоҳиш ва на ба кӯшиши одамон, балки ба Худои раҳиму меҳрубон вобаста аст. 17Дар навиштаҷот Худо ба фиръавн чунин мегӯяд: «Ман туро ба он хотир интихоб кардам, ки ба воситаи ту қудратамро нишон диҳам ва номам дар тамоми дунё машҳур шавад».#9:17 Хуруҷ 9:16 18Барои ҳамин Худо ба ҳар касе, ки хоҳад, раҳм мекунад ва ҳар киро, ки хоҳад, якрав мегардонад.
Ғазаб ва раҳми Худо
19Шояд ту аз ман пурсӣ: «Пас барои чӣ Худо моро айбдор мекунад? Магар касе зидди хости Худо чизе карда метавонад?» 20Аммо эй инсон, ту худат кистӣ, ки бо Худо баҳс мекунӣ? Оё кӯза ба кӯзагар гуфта метавонад: «Барои чӣ маро чунин сохтӣ?»#9:20 Ишаъё 29:16; 45:9 21Магар кӯзагар ҳақ надорад, ки аз як лой зарфе барои корҳои махсус ва зарфе барои корҳои одӣ созад? 22Магар Худо ҳақ надорад, ки ғазабу қувваташро нишон диҳад? Вале, агар Ӯ нисбат ба одамоне, ки дар зери ғазаби Ӯ буданд ва барои нобудшавӣ пешакӣ таъйин шуда буданд, сабру тоқати зиёд нишон дода бошад, чӣ гуфта метавонем? 23Инчунин магар Худо ҳақ надорад, ки фаровонии шукӯҳу ҷалолашро нишон диҳад? Ҳамин тавр Ӯ раҳмашро ба онҳое нишон додааст, ки Худаш барои он шукӯҳи ҷалол пешакӣ тайёр карда буд. 24Мо низ даъватшудагони Ӯ ҳастем, ки моро на танҳо аз байни яҳудиён, балки аз байни халқҳои дигар ҳам даъват кардааст.
25Чунон ки Худо дар китоби пайғамбар Ҳушаъ мегӯяд: «Онҳоеро, ки халқи Ман набуданд, халқи Худ мехонам ва онеро, ки дӯстдошта набуд, дӯстдошта меномам».#9:25 Ҳушаъ 2:23 26Инчунин «Дар ҷое, ки гуфта шуда буд: „Шумо халқи Ман нестед“, онҳо дар ҳамон ҷой „фарзандони Худои зинда“ номида хоҳанд шуд».#9:26 Ҳушаъ 1:10
27Пайғамбар Ишаъё низ дар бораи Исроил нидо мекунад: «Ҳатто агар исроилиён чун реги баҳр бешумор бошанд, танҳо шумораи ками онҳо наҷот хоҳанд ёфт. 28Зеро Худованд дар бораи ин замин ҳукми баровардаашро зуд ва пурра иҷро мекунад».#9:28 Ишаъё 10:22-23
29Чунон ки пайғамбар Ишаъё пешгӯйӣ кардааст: «Агар Худованди пурқудрат барои мо насли камшуморе зинда намегузошт, мо чун сокинони Садум нест мешудем ва ба мисли аҳолии Амуро нобуд мегаштем».#9:29 Ишаъё 1:9
Беимонии халқи Исроил
30Пас чӣ гӯем? Халқҳое, ки ҳатто кӯшиши росткор шудан ҳам намекарданд, ба воситаи имон росткориро ба даст оварданд. 31Вале халқи Исроил кӯшиш мекард, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шавад, лекин муваффақ нашуд. 32Барои чӣ? Чунки исроилиён хостанд, ки на ба воситаи имон, балки ба воситаи кору амал росткориро ба даст оваранд. Онҳо ба «санги пешпо» бархӯрда афтоданд. 33Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Инак, Ман дар кӯҳи Сион санге мегузорам, ки бар он одамон пешпо мехӯранд ва кӯҳпорае мегузорам, ки аз сабаби он меафтанд. Вале ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда намешавад!»#9:33 Ишаъё 8:14; 28:16

Currently Selected:

Румиён* 9: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in