YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 7

7
Озодӣ аз шариат
1Акнун, эй бародарону хоҳарон, ман ба шумо ҳамчун ба донандагони шариат муроҷиат мекунам. Магар шумо намедонед, ки шариат танҳо ҳангоми зинда будани одам бар вай ҳукмрон аст? 2Масалан, зан то дами зинда будани шавҳараш аз рӯйи фармони шариат бо ӯ баста шудааст. Лекин, агар шавҳараш вафот кунад, зан аз ин фармони шариат озод мешавад. 3Ҳамин тавр, агар зан ҳангоми зинда будани шавҳари худ шавҳари дигар кунад, зино мекунад. Вале агар шавҳараш вафот намояд ва баъд зан шавҳари дигар кунад, зинокор ҳисоб намеёбад.
4Барои ҳамин шумо ҳам, эй бародарону хоҳарон, нисбат ба шариат ба воситаи марги Масеҳ мурдаед, то ки ба Шахси Дигаре пайваст шавед, ки аз мурдагон зинда шуд. Аз ин рӯ, мо метавонем барои Худо самар биорем. 5Вақте ки мо ба табиати гунаҳкори худ итоат намуда зиндагӣ мекардем, шариат дар мо ҳавасҳои пургуноҳро ба вуҷуд меовард. Ин ҳавасҳои бад дар баданҳоямон амал намуда, моро ба марг мебурданд. 6Вале акнун мо аз шариат озод шудаем, чунки нисбат ба ҳар он чизе, ки моро баста, ғулом карда буд, мурдаем. Ҳоло бошад, мо на ба таври куҳна, яъне на аз рӯйи шариат, балки ба таври нав, яъне ба воситаи Рӯҳулқудс ба Худо хизмат мекунем.
Шариати Худо гуноҳро ошкор мекунад
7Аз ин суханҳоямон чӣ бармеояд? Магар иҷрои фармонҳои шариат гуноҳ аст? Албатта, не! Вале, агар шариат намебуд, ман ҳатто намедонистам, ки гуноҳ чист. Агар шариат намегуфт: «Моли шахси дигарро ҳавас накун»,#7:7 Хуруҷ 20:17; Такрори Шариат 5:21 ман ҳатто чӣ будани чунин ҳаваси бадро ҳам намедонистам. 8Аммо гуноҳ ин фармонро истифода бурда дар ман ҳар хел ҳавасҳои бадро ба вуҷуд овард. Зеро гуноҳ берун аз шариат ҳеҷ қудрате надорад. 9Замоне буд, ки ман дар бораи шариат чизеро надониста зиндагӣ мекардам. Аммо, вақте ки ман дар бораи фармони шариат фаҳмидам, гуноҳ дар ман зинда шуд 10ва ман мурдам. Маълум шуд, ки ҳамон фармоне, ки бояд ҳаёт бахшад, ба ман марг овард. 11Зеро гуноҳ фармони шариатро истифода бурда маро фиреб дод ва ба воситаи он маро кушт. 12Аммо худи шариат поку муқаддас аст ва фармонҳояш низ муқаддасу хубу одилона ҳастанд.
13Пас, наход ки чизи хуб, яъне шариат, сабаби марги ман шуда бошад? Не! Маро гуноҳ кушт! Гуноҳ чизи хубро истифода бурда, маро кушт ва бо ин амалаш гуноҳ буданашро аён намуд. Ҳамин тавр ба воситаи фармони шариат ба мо маълум шуд, ки то чӣ андоза гуноҳ даҳшатнок будааст.
14Мо медонем, ки шариат рӯҳонӣ аст, лекин ман ҷисм ҳастам ва ба ғуломии гуноҳ фурӯхта шудаам. 15Ман рафтори худро намефаҳмам. Кореро, ки кардан мехоҳам, намекунам ва ба ҷойи ин кореро мекунам, ки бад мебинам. 16Пас, агар кореро кунам, ки онро кардан намехоҳам, ин нишон медиҳад, ки ман бо хуб будани шариат розӣ ҳастам. 17Лекин дар асл на ман, балки гуноҳе, ки дар вуҷуди ман зиндагӣ мекунад, амал менамояд. 18Ман медонам, ки дар вуҷудам, яъне дар табиати гунаҳкорам, ягон чизи хуб нест. Хоҳиши кардани кори нек ҳаст, аммо карда наметавонам. 19Кори некеро, ки кардан мехоҳам, намекунам, лекин кори бадеро, ки кардан намехоҳам, мекунам. 20Агар кореро кунам, ки кардан намехоҳам, пас, на ман, балки гуноҳе, ки дар вуҷудам зиндагӣ мекунад, он кори бадро иҷро менамояд.
21Ниҳоят ман чунин қоидаро фаҳмидам: Ҳар вақте ки некӣ кардан мехоҳам, аз дастам фақат бадӣ меояд. 22Дар дилам аз шариати Худо шоду хурсанд ҳастам. 23Аммо дар баданам дигар қоида амал мекунад, ки зидди ақли ман меҷангад ва маро ғуломи гуноҳе месозад, ки дар узвҳоям амал мекунад. 24Вой бар ҳоли мани бечора! Кӣ маро аз ин бадани гунаҳкорам, ки маро ба марг мебарад, халос мекунад? 25Худоро шукр, ки Ӯ маро ба воситаи Худовандамон Исои Масеҳ халос кардааст!
Хулоса, ман бо ақлам ғуломи шариати Худо ҳастам, вале бо табиати гунаҳкорам ғуломи гуноҳам.

Currently Selected:

Румиён* 7: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in