YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 10

10
1Эй бародарону хоҳарон, дар дил орзу дорам ва дар пеши Худо дуо мекунам, ки халқи Исроил наҷот ёбад. 2Ман шоҳиди он ҳастам, ки исроилиён дар дил нисбат ба Худо рашку ташнагӣ доранд, вале фаҳмишашон нодуруст аст. 3Онҳо росткориеро, ки Худо медиҳад, нафаҳмиданд. Инчунин ба росткории Худо итоат накарда, хостанд, ки ба воситаи иҷрои шариат росткор шаванд. 4Зеро Масеҳ анҷомдиҳандаи шариат аст ва акнун, ҳар кӣ ба Масеҳ имон оварад, росткор ҳисобида мешавад.
Наҷот барои ҳама
5Мусо дар бораи росткор шудан ба воситаи шариат чунин менависад: «Ҳар кӣ тамоми шариатро иҷро мекунад, бо он зинда мемонад».#10:5 Ибодат 18:5 6Аммо навиштаҷот дар бораи росткорие, ки ба воситаи имон дода мешавад, чунин мегӯяд: «Дар дили худ нагӯ: Кӣ ба осмон мебарояд?»,#10:6 Такрори Шариат 30:12 то ки Масеҳро ба замин биёрад. 7Ё: «Кӣ ба олами мурдагон мефарояд?»,#10:7 Такрори Шариат 30:13 то ки Масеҳро аз мурдагон зинда кунад. 8Аммо навиштаҷот чунин мегӯяд: «Каломи Худо ба ту наздик аст, он дар даҳон ва дар дили туст».#10:8 Такрори Шариат 30:14 Мо ана ҳамин каломи имонро эълон мекунем. 9Агар ту бо даҳонат эътироф намоӣ, ки Исо Худованд аст ва дар дилат имон оварӣ, ки Худо Исоро аз мурдагон зинда кардааст, наҷот меёбӣ. 10Зеро инсон дар дил имон оварда, росткор ҳисобида мешавад ва бо даҳон эътироф намуда, наҷот меёбад. 11Навиштаҷот чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, ҳеҷ гоҳ шарманда нахоҳад шуд».#10:11 Ишаъё 28:16 12Ин ҳам ба яҳудиён ва ҳам ба халқҳои дигар якхел дахл дорад, чунки Худованд барои ҳама як аст. Худованд ба ҳамаи онҳое, ки ба Ӯ муроҷиат мекунанд, баракати фаровон медиҳад. 13Зеро, «ҳар касе ки номи Худовандро ба забон гирифта, фарёд кунад, наҷот хоҳад ёфт».#10:13 Юил 2:32
14Аммо чӣ тавр одамон, дар ҳоле ки ба Худованд имон наовардаанд, номи Ӯро ба забон гиранд? Чӣ тавр дар бораи Ӯ нашунида имон биёранд? Инчунин, агар касе ба онҳо хушхабарро эълон накунад, чӣ тавр мешунаванд? 15Ҳамчунин чӣ тавр касе, ки барои эълон кардани хушхабар фиристода нашуда бошад, хушхабарро эълон кунад? Чунон ки навишта шудааст: «Чӣ хел зебоянд пойҳои одамоне, ки хабари хушро эълон мекунанд».#10:15 Ишаъё 52:7 16Аммо на ҳама хабари хушро қабул карданд. Зеро пайғамбар Ишаъё чунин мегӯяд: «Эй Худованд, кист, ки ба паёми мо бовар кардааст?»#10:16 Ишаъё 53:1 17Бино бар ин, имон аз шунидан ба вуҷуд меояд, яъне аз шунидани хабари хуш дар бораи Масеҳ пайдо мешавад.
18Вале ман пурсидан мехоҳам, ки оё исроилиён хабари хушро нашунидаанд? Албатта шунидаанд! Зеро дар навиштаҷот чунин омадааст: «Овози эълонкунандагон дар тамоми олам паҳн шудааст ва суханони онҳо то ба канораҳои ҷаҳон расидаанд».#10:18 Забур 18:5 19Вале боз мепурсам, шояд халқи Исроил нафаҳмид? Лекин Худо ба воситаи Мусо ба исроилиён чунин мегӯяд: «Ман ба воситаи мардуме, ки ҳатто халқ ҳисоб намешаванд, шуморо ба рашк хоҳам овард ва бо халқи бефаҳм шуморо ба ғазаб хоҳам овард».#10:19 Такрори Шариат 32:21 20Сипас, пайғамбар Ишаъё сухани Худоро далерона эълон мекунад: «Маро онҳое ёфтанд, ки Маро ҷустуҷӯ намекарданд. Ман Худро ба онҳое маълум кардам, ки дар бораи ин аз Ман хоҳиш накарда буданд».#10:20 Ишаъё 65:1 21Аммо дар бораи халқи Исроил чунин мегӯяд: «Тамоми рӯз ба сӯйи ин мардуми беитоат ва якрав дастони Худро дароз кардам».#10:21 Ишаъё 65:2

Currently Selected:

Румиён* 10: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in