YouVersion Logo
Search Icon

Румиён* 11

11
Худо халқи Исроилро рад накардааст
1Пас саволе ба миён меояд: Наход ки Худо халқи Худро рад карда бошад? Албатта, не! Худи ман ҳам исроилиам ва аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам. 2Худо халқашро, ки аз аввал интихоб карда буд, рад накардааст! Оё шумо намедонед, ки навиштаҷот дар бораи пайғамбар Илёс чӣ мегӯяд? Чӣ тарз ӯ дар пеши Худо аз исроилиён шикоят карда мегӯяд: 3«Худовандо, онҳо пайғамбаронатро куштанд ва қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд. Танҳо ман мондаам ва маро ҳам куштан мехоҳанд».#11:3 3 Подшоҳон 19:10, 14 4Лекин Худо ба вай чӣ ҷавоб дод? «Ман барои Худ ҳафт ҳазор одамро, ки ба бути Баал саҷда накардаанд, нигоҳ доштаам».#11:4 3 Подшоҳон 19:18
5Инчунин дар замони ҳозира ҳам шумораи ками исроилиёни вафодор боқӣ мондааст, ки Худо онҳоро аз рӯйи файзу меҳрубониаш интихоб кардааст. 6Агар аз рӯйи файзу меҳрубонӣ интихоб шуда бошанд, пас на аз рӯйи кору амалашон интихоб шудаанд, вагарна файз дигар файз намебуд.
7Аз ин чӣ бармеояд? Он чиро, ки халқи Исроил меҷуст, наёфт. Танҳо исроилиёни интихобшуда ба даст оварданд, лекин исроилиёни боқимонда гарданшах шуданд. 8Чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Худо ба онҳо рӯҳи хоболудӣ, чашми нобинову гӯши ношунаво дод, ки то имрӯз дар ҳамин ҳолат бимонанд».#11:8 Такрори Шариат 29:4; Ишаъё 29:10
9Инчунин пайғамбар Довуд мегӯяд: «Бигзор дастархонашон барои онҳо дом ва тӯру санги пешпохӯрӣ шавад ва ҷазои худро бинанд. 10Бигзор чашми онҳоро торикӣ зер кунад ва пушташон абадан дар зери бор хам гардад!»#11:10 Забур 68:23-24
Ғайрияҳудиён наҷот хоҳанд ёфт
11Ман боз мепурсам: Магар яҳудиён пешпо хӯрда чунон афтодаанд, ки дигар бархеста наметавонанд? Албатта, не! Лекин беитоатии онҳо ба ғайрияҳудиён низ наҷот овард, то ки ба воситаи ин дар вуҷуди яҳудиён рашк пайдо шавад. 12Агар беитоатии яҳудиён барои ҷаҳон баракатҳои фаровон оварда бошад ва афтоданашон барои ғайрияҳудиён баракатҳои фаровон дода бошад, пас пурра наҷот ёфтани халқи Исроил чӣ қадар баракати зиёдтаре меорад?!
13Ҳоло бошад, ман ба шумо – ғайрияҳудиён, сухан мегӯям. Ман барои ғайрияҳудиён фиристодаи Худо ҳастам ва барои ин хизматам Ӯро ситоиш мекунам. 14Умед дорам, ки ҳамин тавр яҳудиёни ҳаммиллатамро нисбат ба шумо ба рашк оварда, ақаллан баъзеи онҳоро наҷот медиҳам. 15Азбаски рад шудани онҳо сабаби оштии ҷаҳон бо Худо шудааст, пас қабул шудани онҳо сабаби зиндашавии мурдагон мегардад! 16Агар заволаи аввалини хамир ба Худо бахшида шуда бошад, тамоми хамир ҳам аз они Худост. Инчунин, агар решаи дарахт ба Худо бахшида шуда бошад, шохаҳои он ҳам аз они Худост.
17Агар баъзеи шохаҳо шикаста партофта шуда бошанд ва ту, ки шохаи зайтуни ёбоӣ ҳастӣ, дар ҷойи онҳо пайванд шуда, аз шираи решаи зайтун ғизо гирӣ, 18пас дар пеши он шохаҳои шикасташуда фахр накун. Агар фахр кунӣ, дар хотир дор, ки на ту решаро дошта истодаӣ, балки реша туро дошта меистад. 19Шояд ту гӯйӣ: «Он шохаҳо шикаста партофта шудаанд, то ки ман пайванд шавам». 20Хуб! Лекин он шохаҳо ба сабаби беимониашон шикаста шудаанд, ту бошӣ ба воситаи имон дар ҷойи онҳо истодаӣ. Барои ҳамин ҳавобаланд нашав, балки битарс! 21Зеро, агар Худо ба шохаҳои табиӣ раҳм накарда бошад, ба ту низ раҳм намекунад. 22Дар хотир дор, ки Худо ҳам меҳрубон ва ҳам сахтгир аст. Ӯ нисбат ба онҳое, ки афтоданд, сахтгир аст, лекин нисбат ба ту меҳрубон аст, ба шарте ки дар меҳрубонии Худо зиндагиро давом диҳӣ, вагарна ту ҳам бурида партофта мешавӣ. 23Агар исроилиён низ аз беимонии худ даст кашанд, боз пайванд мешаванд, чунки Худо қудрат дорад, ки онҳоро аз нав ба дарахт пайванд кунад. 24Агар ту аз зайтуни ёбоӣ бурида шуда, ба тарзи ғайритабиӣ ба зайтуни боғӣ пайванд шуда бошӣ, пас баргашта ба дарахти худ пайванд шудани шохаҳои табиӣ боз ҳам осонтар мешавад.
Файзу меҳрубонии Худо барои ҳама аст
25Эй бародарону хоҳарон, ман мехоҳам ба шумо як сирро кушоям, то ки шумо худро аз ҳад зиёд доно нагиред. Якравии як қисми исроилиён танҳо то вақте давом меёбад, ки шумораи пурраи ғайрияҳудиён ба назди Худо ояд. 26Ҳамин тавр тамоми халқи Исроил наҷот меёбад, чунон ки дар навиштаҷот омадааст: «Аз Сион Халоскунанда меояд ва гуноҳҳои наслҳои Яъқубро дур месозад! 27Аҳду паймони Ман чунин мешавад, вақте ки гуноҳҳояшонро аз онҳо дур месозам».#11:27 Ишаъё 27:9; 59:20-21; Ирмиё 31:33-34
28Яҳудиён душмани хушхабари Худо шуданд, то ки шумо – ғайрияҳудиён, фоида ёбед. Лекин онҳо халқи интихобшудаи Худо ҳастанд ва ба хотири аҷдодонашон Худо онҳоро дӯст медорад. 29Зеро даъвату баракатҳои Худо ивазнашавандаанд!
30Шумо низ як замон ба Худо итоат намекардед, лекин ҳоло ба хотири беитоатии яҳудиён Худо ба шумо раҳм кардааст. 31Ҳамчунин яҳудиён низ ҳоло беитоатӣ кардаанд ва ба хотири ин Худо ба шумо раҳм кардааст, то ки онҳо ҳам ба монанди шумо раҳм карда шаванд. 32Худо ҳамаи халқҳоро ба зиндони беитоатӣ партофтааст, то ки ба ҳама раҳм кунад.
33Чӣ қадар бузург аст сарвату ҳикмат ва дониши Худо!
Кӣ метавонад, қарорҳои Ӯро фаҳмонад
ва кӣ метавонад, роҳҳои Ӯро дарк кунад?!
34«Кӣ метавонад, андешаҳои Худовандро бифаҳмад?
Ё кӣ метавонад, ба Ӯ маслиҳате диҳад?#11:34 Ишаъё 40:13
35Кист, ки Худовандро қарздор карда бошад, ки Ӯ бояд ба вай баргардонад?»#11:35 Айюб 41:11
36Зеро ҳама чиз аз Ӯ ва ба воситаи Ӯ ва барои Ӯ аст! Ба Ӯ то абад шаъну шараф бод! Омин!

Currently Selected:

Румиён* 11: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in