YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 9

9
1Исо боз ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, мебинанд, ки Подшоҳии Худо бо тамоми қудрат меояд».
Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо
2Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланде баромад. Баъд дар пеши назари шогирдон намуди зоҳирии Ӯ дигаргун шуд. 3Либоси Ӯ сап-сафеди дурахшон гашт, то ба дараҷае, ки дар рӯйи замин ҳеҷ кас аз он сафедтар карда наметавонад. 4Он гоҳ Илёс ва Мусо дар пеши назари шогирдон пайдо шуданд, ки бо Исо суҳбат мекарданд.
5Баъд Петрус ба Исо гуфт: «Устод, чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биё се хайма месозем: яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс». 6Петрус намедонист, ки чӣ гӯяд, чунки ҳамаи онҳо сахт тарсида буданд. 7Баъд абре пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва аз он овозе баромад: «Ин Писари азизи Ман аст. Ӯро гӯш кунед». 8Ногаҳон онҳо ба атроф назар андохта, ғайр аз Исо касеро надиданд.
9Вақте ки онҳо аз кӯҳ поин мефаромаданд, Исо онҳоро таъкид кард, ки то зинда шудани Писари Одамизод аз он чи дидаанд, ба касе чизе нагӯянд. 10Барои ҳамин онҳо ба касе дар ин бобат даҳон намекушоданд, агарчи дар байни худ маънои ибораи «зинда шудан»-ро муҳокима мекарданд.
11Шогирдон аз Исо пурсиданд: «Чаро устодони шариат мегӯянд, ки пеш аз Масеҳ бояд Илёс биёяд?»
12Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал бояд Илёс биёяд ва ҳама чизро барқарор намояд. Вале Писари Одамизод, чунон ки дар навиштаҷот омадааст, азоб кашида, хору зор мегардад. 13Лекин ба шумо мегӯям, ки Илёс омадааст ва одамон ҳар коре, ки хостанд, ба вай карданд, чунон ки дар борааш навишта шудааст».
Шифо ёфтани бачаи ҷинзада
14Вақте ки онҳо ба назди шогирдони дигар омаданд, диданд, ки мардуми зиёде дар гирди онҳо ҷамъ шудаанд ва чанд нафар аз устодони шариат бо онҳо баҳсу мунозира доранд. 15Ҳамин ки мардум Исоро диданд, хеле ҳайрон шуда, давон-давон ба истиқболаш рафтанд.
16Исо пурсид: «Дар бораи чӣ бо онҳо баҳс мекунед?» 17Марде аз байни мардум ҷавоб дод: «Устод, писарамро назди Ту овардам. Ӯ гап зада наметавонад, чунки гирифтори рӯҳи нопок аст. 18Ҳар гоҳ ки рӯҳи нопок писарамро ҳамла мекунад, ӯро бар замин мезанад. Даҳони писарам кафк мекунад, дандонҳояш ба якдигар мечаспанд ва баданаш мисли чӯб карахт мешавад. Аз шогирдони Ту хоҳиш кардам, ки рӯҳи нопокро аз ӯ берун кунанд, вале онҳо натавонистанд».
19Исо гуфт: «Эй насли беимон! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писарро пеши Ман биёред».
20Пас ӯро оварданд ва ҳамин ки рӯҳ Исоро дид, писарро сахт ларзонд. Бача ба рӯйи замин ғалтида ғел мезад ва аз даҳонаш кафк мебаромад. 21Исо аз падари ӯ пурсид: «Ӯ кай боз ба ин дард гирифтор аст?» Ҷавоб дод: «Аз бачагиаш. 22Рӯҳи нопок борҳо ӯро ба обу оташ андохта, мехост нобудаш кунад. Илтимос, агар ягон кор карда тавонӣ, ба мо раҳм кун ва мадад намо».
23Исо ба мард гуфт: «Чаро „Агар тавонӣ“ мегӯйӣ? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». 24Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ деҳ, ки имонам қавитар гардад».
25Вақте Исо дид, ки мардуми зиёд давон омада ҷамъ мешаванд, бо сарзаниш ба рӯҳи нопок фармон дод: «Эй рӯҳи кариву гунгӣ! Ба ту мегӯям, аз ин бача берун баро ва дигар ба ӯ надаро!» 26Рӯҳи нопок наърае зада, бори дигар бачаро сахт ларзонда, аз ӯ берун шуд. Ранги бача монанди мурда шуд, барои ҳамин бисёриҳо «Вай мурдааст» гуфтанд. 27Вале Исо дасти ӯро гирифта, аз ҷояш хезонд ва бача ба пояш истод.
28Баъдтар вақте ки Исо ба хона даромад, шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?»
29Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».
Пешгӯйии дуюми Исо дар бораи марги Худ
30Исо ҳамроҳи шогирдонаш он ҷоро монда, аз Ҷалил гузашта рафт. Вай намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, 31чунки Ӯ шогирдонро таълим дода мегуфт: «Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Ӯ зинда мегардад».
32Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданду аз пурсидан тарсиданд.
Кӣ аз ҳама бузургтар аст?
33Онҳо ба шаҳри Кафарнаҳум расида, ба хонае даромаданд ва Исо аз шогирдон пурсид: «Дар роҳ бо якдигар дар бораи чӣ баҳс мекардед?» 34Онҳо хомӯш буданд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 35Пас Исо нишасту дувоздаҳ шогирдро ҷамъ карда гуфт: «Ҳар кӣ мехоҳад аввалин бошад, бояд охирин ва дар хизмати ҳама бошад».
36Баъд кӯдакеро гирифта дар байни онҳо гузошт. Сипас, ӯро ба бағал гирифта гуфт: 37«Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Касе, ки бар зидди мо нест, тарафдори мост
38Сипас, Юҳанно ба Исо гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки ба номи Ту ҷинҳоро берун мекард, вале азбаски моро пайравӣ намекард, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем».
39Аммо Исо гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Ҳар касе, ки аз номи Ман муъҷиза мекунад, наметавонад баъд аз фурсате дар бораи Ман сухани баде бигӯяд. 40Зеро касе ки бар зидди мо нест, тарафдори мост. 41Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, бе мукофот нахоҳад монд.
Он чизе, ки моро ба гуноҳ кардан водор месозад
42Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд.
43-44Агар дастат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро назар ба он ки ду даст дошта бошию ба оташи хомӯшнашавандаи дӯзах афтӣ, беҳтар аст, ки бе як даст соҳиби ҳаёт шавӣ.
45-46 Агар поят туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро бурида парто, зеро назар ба он ки ду пой дошта бошию ба дӯзах партофта шавӣ, беҳтар ки бе як пой соҳиби ҳаёт шавӣ.
47Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки бо ду чашм ба дӯзах партофта шавӣ, 48„ки дар он ҷо кирмҳо ҳаргиз намемиранд ва оташ ҳеҷ гоҳ хомӯш намегардад“.
49Ҳар кас бо оташ намакин мешавад. 50Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед».

Currently Selected:

Марқӯс* 9: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in