YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 10

10
Дар бораи талоқ
1Исо он ҷоро монда, ба сӯйи сарзамини Яҳудия ва тарафи дигари дарёи Урдун рафт. Боз мардуми зиёде дар он ҷо ҷамъ омаданд ва Ӯ низ аз рӯйи одат ба таълими онҳо шурӯъ кард.
2Он гоҳ чанд нафар фарисиён омада, Ӯро озмуданӣ шуда, савол доданд: «Оё аз рӯйи шариат мумкин аст, ки мард аз занаш ҷудо шавад?»
3Исо ҳам аз онҳо пурсид: «Мусо дар ин бора чӣ фармудааст?» 4Ҷавоб доданд: «Мусо иҷозат додааст, ки мард талоқнома навишта, аз занаш ҷудо шавад».#10:4 Такрори Шариат 24:1, 3 5Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Ба сабаби кундфаҳмию саркашиатон Мусо бароятон чунин иҷозатро навишта буд. 6Вале аз ибтидои офариниши ин дунё Худо „онҳоро мард ва зан офаридааст“.#10:6 Ибтидо 1:27
7-8 „Аз ҳамин сабаб мард падару модари худро гузошта, ба зани худ мепайвандад ва онҳо як тан мешаванд“#10:7–8 Ибтидо 2:24. Акнун онҳо на ду тан, балки як тан мебошанд. 9Пас бигзор касе зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо накунад, зеро Худо он ду нафарро бо ҳам пайвастааст».
10Вақте ки онҳо ба хона баргаштанд, шогирдонаш дар ин бора аз Исо пурсиданд. 11Исо ба онҳо гуфт: «Ҳар марде, ки аз занаш ҷудо шуда, зани дигар мегирад, зино мекунад. 12Ҳамчунин агар зан аз шавҳараш ҷудо шуда, ба марди дигар ба шавҳар барояд, зинокор аст».
Исо ва кӯдакон
13Рӯзе одамон фарзандонашонро назди Исо оварданд, то ки Ӯ ба онҳо даст гузошта, барояшон дуо кунад. Вале шогирдон онҳоро сарзаниш карданд.
14Исо рафтори шогирдонашро диду ба ғазаб омада гуфт: «Монед, ки кӯдакон назди Ман оянд, пеши роҳи онҳоро нагиред, зеро Подшоҳии Худо насиби онҳоест, ки мисли кӯдак ҳастанд. 15Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ Подшоҳии Худоро монанди кӯдак қабул накунад, ба он намедарояд».
16Баъд кӯдаконро ба оғӯш гирифт ва болои сарашон даст гузошта, барояшон дуо кард.
Марди сарватманд
17Вақте ки Исо ба роҳ баромад, марде ба наздаш давида омада, дар пешаш ба зону афтод ва пурсид: «Эй Устоди нек! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?»
18Исо гуфт: «Чаро Маро нек мегӯйӣ? Ғайр аз Худо ҳеҷ кас нек нест. 19Ту фармоишҳои Худоро медонӣ: „қатл накун, зино накун, дуздӣ накун, шаҳодати бардурӯғ надеҳ, касеро фиреб надеҳ ва падару модаратро ҳурмату эҳтиром намо“#10:19 Хуруҷ 20:12-16; Такрори Шариат 5:16-20».
20Мард ҷавоб дод: «Эй Устод! Ман аз айёми ҷавониам ҳамаи ин фармоишҳоро риоя мекунам».
21Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар он чизеро, ки дорӣ, фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кун. Он гоҳ дар осмон сарват пайдо мекунӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо».
22Вале он ҷавон аз шунидани чунин суханон рӯҳафтода шуд ва андӯҳгин гашта аз он ҷо рафт, чунки хеле сарватманд буд.
23Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба Подшоҳии Худо даромадани одамони бой бениҳоят душвор аст». 24Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба Подшоҳии Худо даромадан бениҳоят душвор аст. 25Аз сӯрохии сӯзан гузаштани шутур осонтар аст аз он, ки шахси сарватманд ба Подшоҳии Худо дарояд».
26Шогирдон беш аз пеш дар ҳайрат монда, ба якдигар мегуфтанд: «Пас кӣ наҷот ёфта метавонад?» 27Исо ба шогирдонаш бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Барои одамизод ин кор ғайриимкон аст, вале на барои Худо, барои Худо ҳама чиз имконпазир аст».
28Он вақт Петрус ба Исо гуфт: «Мо аз баҳри ҳама чиз гузашта, Туро пайравӣ кардем». 29Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ҳар кӣ ба хотири Ман ва ин хушхабар аз баҳри хона, бародарон ё хоҳарон, падар ё модар, фарзандон ё заминҳояш гузашта бошад, 30ҳоло дар вақти ҳозира сад маротиба зиёдтар хонаҳо, бародарону хоҳарон, модарону фарзандон, заминҳо ва дар баробари ҳамаи ин азобҳо низ пайдо мекунад ва дар оянда ҳаёти абадӣ низ насибаш мегардад.
31Лекин бисёр аввалинҳо охирин мешаванд ва охиринҳо аввалин».
Пешгӯйии сеюмини Исо дар бораи марги Худ
32Онҳо дар роҳи Уршалим буданд ва Исо пешопеши онҳо мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки Ӯро чӣ интизор аст. 33Ӯ гуфт: «Мо ба Уршалим рафта истодаем. Дар он ҷо Писари Одамизод ба дасти коҳинони калон ва устодони шариат супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, ба дасти ғайрияҳудиён месупоранд. 34Ғайрияҳудиён Ӯро масхара карда, ба Вай туф мекунанд ва қамчинкорӣ карда, ба қатл мерасонанд, вале Ӯ пас аз се рӯз зинда мешавад».
Хоҳиши Яъқуб ва Юҳанно
35Яъқубу Юҳаннои писарони Забдой пеши Исо омада гуфтанд: «Устод, мо мехоҳем, ки хоҳишамонро бароямон иҷро кунӣ».
36Исо пурсид: «Чӣ хоҳиш доред? Бароятон чӣ кор кунам?» 37Гуфтанд: «Вақте ки Ту бо шуҳрату ҷалол подшоҳӣ мекунӣ, иҷозат деҳ, якеамон аз тарафи рост ва дигаре аз тарафи чапи Ту бишинем».
38Исо ҷавоб дод: «Шумо намефаҳмед, ки чиро талаб карда истодаед. Магар аз он косаи азобе, ки Ман менӯшам, нӯшида метавонед ва магар бо он азоби марговаре, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид гирифта метавонед?»
39Ҷавоб доданд: «Метавонем». Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Хӯш, аз косаи Ман хоҳед нӯшид ва бо азобе, ки Ман таъмид мегирам, шумо ҳам таъмид хоҳед гирифт. 40Аммо ба интихоб кардани касоне, ки аз дасти чапу рости Ман мешинанд, Ман ҳақ надорам. Ба ин ҷойҳо касоне мешинанд, ки Худо онҳоро пешакӣ таъйин кардааст».
41Даҳ шогирди дигар инро шунида, аз Яъқубу Юҳанно ба ғазаб омаданд. 42Пас Исо ҳамаи онҳоро ба наздаш даъват карда гуфт: «Шумо медонед, ки подшоҳон ва ҳокимон ба мардуми худ зӯроварӣ мекунанд ва ҳукмашонро ба онҳо мегузаронанд. 43Лекин дар байни шумо набояд ин тавр бошад. Баръакс ҳар касе ки дар байни шумо бузург будан мехоҳад, бояд хизматгори дигарон бошад 44ва ҳар касе ки мехоҳад дар пеш истад, бояд ғуломи ҳама бошад.
45Ҳатто Ман, Писари Одамизод наомадаам, ки ба Ман хизмат кунанд. Ман омадаам, ки ба дигарон хизмат кунам ва барои нархи наҷоти бисёр одамонро супоридан ҷонамро фидо кунам».
Шифо ёфтани нобино
46Баъд онҳо ба шаҳри Ариҳо омада расиданд. Вақте ки Исо бо шогирдонаш ва мардуми зиёде аз ин шаҳр берун мерафтанд, дар канори роҳ Бартимай ном нобиное, ки писари Тимай буд, нишаста садақа мепурсид.
47Чун Бартимай шунид, ки Исои Носирӣ аз он роҳ мегузарад, фарёд зада гуфт: «Эй Исои насли Довуд, ба ман раҳм кун!» 48Бисёриҳо ӯро сарзаниш карда гуфтанд, ки хомӯш шавад. Аммо ӯ боз баландтар дод зада мегуфт: «Эй насли Довуд, ба ман раҳм кун!»
49Исо аз роҳаш бозистода гуфт: «Ба вай бигӯед, ки ин ҷо биёяд». Мардум нобиноро ҷеғ зада гуфтанд: «Аз ҷоят хез, натарс, зеро Ӯ туро ба наздаш ҷеғ мезанад».
50Бартимай ҷомаашро кашида, аз ҷояш парида хест ва назди Исо омад. 51Исо аз вай пурсид: «Ту чӣ мехоҳӣ? Бароят чӣ кор кунам?» Нобино гуфт: «Устод, мехоҳам чашмонам бино шавад». 52Исо ба ӯ гуфт: «Бирав, имонат туро шифо дод». Худи ҳамон лаҳза чашмони вай бино шуд ва ӯ аз паси Исо рафт.

Currently Selected:

Марқӯс* 10: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in