Марқӯс* 11
11
Ба Уршалим бо тантана ворид шудани Исо
1Исо ва шогирдонаш ба шаҳри Уршалим наздик шуда, ба деҳаҳои Байт-Фоҷӣ ва Байт-Анёи назди кӯҳи Зайтун расиданд. Сипас, Ӯ ду шогирдашро пешопеши Худ фиристода, 2ба онҳо гуфт: «Ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи шумост, равед. Ҳамин ки ба он ҷо мерасед, хари бастаеро мебинед, ки то ҳол касе ба он савор нашудааст. Бандашро кушода, онро ба ин ҷо биёред. 3Агар касе бипурсад, ки чаро ин корро мекунед, бигӯед, ки вай ба Худованд даркор шуд ва Ӯ ба зудӣ онро ба ҷояш бармегардонад».
4Он ду шогирд рафта, хареро, ки дар канори кӯча, дар назди дарвозае баста шуда буд, ёфтанд. Вақте банди онро мекушоданд, 5баъзе аз одамони он ҷо истода пурсиданд: «Чӣ кор карда истодаед? Чаро банди харро мекушоед?» 6Шогирдон суханони Исоро такрор карданд ва одамон ба онҳо иҷозат доданд.
7Пас онҳо харро ба назди Исо оварда, ҷомаҳояшонро ба болои хар партофтанд ва Исо ба он савор шуд. 8Бисёр одамон ҷомаҳои худро пеши роҳи Ӯ пойандоз мекарданд, дигарон бошанд, навдаҳои сербарги аз саҳро буридаашонро пеши роҳи Ӯ мегузоштанд.
9Мардуме, ки аз пешу қафои Ӯ мерафтанд, фарёд мезаданд:
«Шаъну шараф ба Худо!
Баракат ёбад касе, ки ба номи Худованд меояд!#11:9 Забур 117:25-26
10Муборак бошад Подшоҳии аҷдоди мо Довуд, ки он наздик омада истодааст!
Шаъну шараф ба Худо дар осмон!»
11Ҳамин тавр, Исо ба Уршалим омада, ба маъбади Худо рафт ва ҳама чизро аз назар гузаронд. Азбаски бевақт шуда буд, бо дувоздаҳ шогирди Худ ба деҳаи Байт-Анё равона шуд.
Лаънат кардани дарахти анҷир
12Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз Байт-Анё мерафтанд, Исо гурусна монд. 13Каме дуртар дарахти сербарги анҷирро дида, ба сӯяш рафт. Ӯ мехост анҷире пайдо кунад, вале ба он наздик омада дид, ки ғайр аз баргҳо дар он ягон мевае набуд, чунки ҳанӯз вақти анҷир набуд. 14Ӯ ба дарахт гуфт: «Аз ин пас касе ҳаргиз аз ту дигар мева нахӯрад». Шогирдонаш инро шуниданд.
Пок кардани маъбади Худо
15Ҳангоме ки ба Уршалим даромаданд, Исо ба ҳавлии маъбади Худо ворид шуда, онҳоеро, ки бо харидуфурӯш машғул буданд, аз он ҷо берун ронда, мизҳои пуливазкунандагон ва курсиҳои кабӯтарфурӯшонро чаппа кард. 16Вай нагузошт, ки касе чизеро барои савдо аз саҳни маъбади Худо гузаронад.
17Сипас, мардумро таълим дода гуфт: «Оё дар навиштаҷот наомадааст, ки „хонаи Ман хонаи дуо барои тамоми халқҳо номида мешавад“?#11:17 Ишаъё 56:7 Шумо бошед, онро ба хонаи дуздон табдил додаед».
18Чун коҳинони калон ва устодони шариат ин суханонро шуниданд, нақшаи куштани Исоро кашиданд. Онҳо аз Исо тарсиданд, зеро тамоми мардум аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монда буданд.
19Ҳамон бегоҳ Исо бо шогирдонаш аз шаҳр берун рафт.
Дарахти хушкидаи анҷир
20Саҳарии рӯзи дигар онҳо дар роҳ диданд, ки ҳамон дарахти анҷир аз решааш хушк шудааст. 21Петрус ҳодисаи рӯзи гузаштаро ба ёд оварда гуфт: «Устод, нигоҳ кун! Дарахти анҷир, ки онро лаънат кардӣ, хушк шудааст!»
22Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба Худо имон дошта бошед. 23Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар касе ба ин кӯҳ фармон дода гӯяд: „Бархеста худро ба баҳр парто“ ва дар дилаш шубҳае надошта бошад, балки бовар кунад, ки он чи мегӯяд, ҳамон тавр мешавад, он гоҳ ҳамон чиз барояш иҷро мешавад. 24Барои ҳамин ҳам ба шумо мегӯям, ҳар чи дар дуо талаб мекунед, бовар кунед, ки аллакай онро гирифтаед ва он аз они шумо мешавад. 25-26 Вале ҳангоми дуо кардан, агар аз касе ранҷида бошед, ӯро бубахшед, то ки Падари осмонии шумо низ гуноҳҳоятонро бахшида тавонад».
Савол дар бораи ҳуқуқи Исо
27Онҳо боз ба Уршалим омаданд. Вақте ки Исо дар саҳни маъбади Худо рафтуо мекард, коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм наздаш омада 28пурсиданд: «Ту бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунӣ? Ин ҳуқуқро ба Ту кӣ додааст?»
29Исо дар ҷавоб гуфт: «Ман ба шумо як саволе дорам. Агар ҷавоб диҳед, Ман ҳам ба шумо мегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам. 30Ба Ман бигӯед, ба Яҳё кӣ ҳуқуқ дода буд, ки одамонро таъмид диҳад: Худо ё инсон?»
31Онҳо ба якдигар гуфтанд: «Агар гӯем, ки „Худо дода буд“, Ӯ мегӯяд: „Пас чаро ба ӯ бовар накардед?“ 32Агар гӯем: „Инсон“…», (онҳо аз мардум метарсиданд, зеро ҳамаи мардум ба пайғамбар будани Яҳё имон доштанд).
33Оқибат онҳо ба Исо «намедонем» гуфта, ҷавоб доданд. Исо низ ба онҳо гуфт: «Пас Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки бо кадом ҳуқуқ ин корҳоро мекунам».
Currently Selected:
Марқӯс* 11: KMO
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад