1
Марқӯс* 9:23
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Исо ба мард гуфт: «Чаро „Агар тавонӣ“ мегӯйӣ? Ба касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст».
Compare
Explore Марқӯс* 9:23
2
Марқӯс* 9:24
Падари бача дарҳол нидо кард: «Бале, имон дорам, вале ёрӣ деҳ, ки имонам қавитар гардад».
Explore Марқӯс* 9:24
3
Марқӯс* 9:28-29
Баъдтар вақте ки Исо ба хона даромад, шогирдон дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: «Чаро мо рӯҳи нопокро берун карда натавонистем?» Исо гуфт: «Ин зот танҳо бо дуо берун карда мешавад».
Explore Марқӯс* 9:28-29
4
Марқӯс* 9:50
Намак чизи хуб аст, вале агар сифаташро гум кунад, бо чӣ онро намакин карда метавонед? Пас шумо низ дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар дар сулҳу салоҳ зиндагӣ кунед».
Explore Марқӯс* 9:50
5
Марқӯс* 9:37
«Ҳар касе ки чунин кӯдакро ба хотири Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва ҳар касе, ки Маро қабул мекунад, на Маро, балки Фиристандаи Маро қабул мекунад».
Explore Марқӯс* 9:37
6
Марқӯс* 9:41
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, агар касе ба шумо фақат ба хотири он, ки шогирди Масеҳ ҳастед, ақаллан як пиёла об диҳад, бе мукофот нахоҳад монд.
Explore Марқӯс* 9:41
7
Марқӯс* 9:42
Лекин вой бар ҳоли касе, ки яке аз ин пайравони хурди ба Ман имоновардаро гумроҳ кунад. Барои вай беҳтар мешуд, ки ба гарданаш санги осиёбро овехта, ба баҳр партоянд.
Explore Марқӯс* 9:42
8
Марқӯс* 9:47
Агар чашмат туро ба гуноҳ кардан водор созад, онро канда парто, зеро бароят беҳтар аст, ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дароӣ, аз он ки бо ду чашм ба дӯзах партофта шавӣ
Explore Марқӯс* 9:47
Home
Bible
Plans
Videos