Марқӯс* 14
14
Нақшаи куштани Исо
1То иди Наҷот ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Коҳинони калон ва устодони шариат роҳеро ҷустуҷӯ мекарданд, ки Исоро пинҳонӣ дастгир карда, ба қатл расонанд. 2Онҳо мегуфтанд: «Ин корро дар рӯзҳои ид накунем, ки мабодо мардум ба шӯр оянд».
Ба сари Исо рехтани равғани атрафшони қиматбаҳо
3Исо дар Байт-Анё, дар хонаи Шимъун ном марде, ки пештар бемории пӯст дошт, меҳмон шуд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як шишача равғани атрафшони қиматбаҳоро оварда, шикасту ба сари Исо рехт.
4Баъзеҳо аз ин кори зан ба ғазаб омада, ба якдигар гуфтанд: «Чаро ӯ ин равғани қиматро исроф кард? 5Ин равғанро ба маблағи зиёда аз сесад динор фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд». Ва занро сахт сарзаниш мекарданд.
6Вале Исо гуфт: «Вайро ором гузоред. Чаро ӯро танқид мекунед? Вай бароям кори нек кард. 7Камбағалон ҳамеша бо шумо ҳастанд ва ҳар вақте ки хоҳед, шумо метавонед ба онҳо ёрӣ диҳед, вале Ман ҳамеша бо шумо нестам.
8Ин зан ҳар чи тавонист, кард. Ӯ равғанро ба баданам рехт, то онро барои гӯронидан тайёр намояд. 9Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад».
Нияти хиёнаткоронаи Яҳудо
10Он гоҳ Яҳудои Исқарютӣ, ки яке аз дувоздаҳ шогирдони Исо буд, ба назди коҳинони калон рафт, то Исоро ба онҳо таслим кунад. 11Онҳо аз шунидани ин шод гашта, ба ӯ пул ваъда карданд. Пас Яҳудо барои таслим кардани Исо фурсати муносиб меҷуст.
Охирин хӯроки Исо бо шогирдон
12Рӯзи аввали иди Фатир, ки мардум барраи иди Наҷотро қурбонӣ мекарданд, шогирдон аз Исо пурсиданд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки мо рафта бароят дастархони иди Наҷотро тайёр намоем?»
13Исо ду нафар шогирдашро фиристода гуфт: «Ба шаҳр равед. Дар он ҷо шуморо марде пешвоз мегирад, ки кӯзаи об мебарад. Аз паси ӯ биравед. 14Ба ҳамон хонае, ки он мард медарояд, шумо ҳам дароед ва ба соҳиби хона бигӯед: „Устод мепурсад, ки куҷост меҳмонхонаи Ӯ, ки дар он ҳамроҳи шогирдонаш хӯроки иди Наҷотро хӯрда тавонад?“ 15Вай ба шумо болохонаи калонеро нишон медиҳад, ки аллакай ғундошта, ба тартиб оварда шудааст ва шумо дар ҳамон ҷо бароямон дастархон тайёр кунед».
16Пас шогирдон ба шаҳр рафтанду ҳамаро ҳамон тавре ки Исо гуфта буд, дарёфтанд ва онҳо хӯроки иди Наҷотро тайёр намуданд.
17Бегоҳӣ Исо бо дувоздаҳ шогирдаш омад. 18Вақте ки дар гирди дастархон нишаста хӯрок мехӯрданд, Исо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, яке аз шумо, ки ҳоло бо Ман хӯрок хӯрда истодааст, ба Ман хиёнат мекунад».
19Онҳо ғамгин шуда, паси ҳамдигар аз Ӯ мепурсиданд: «Оё ин шахс ман ҳастам?» 20Исо ҷавоб дод: «Ин корро яке аз дувоздаҳ нафари шумо мекунад, ки луқмаи нонашро ҳамроҳи Ман дар як табақ тар карда истодааст.
21Писари Одамизод аз рӯйи он чизе ки дар навиштаҷот дар борааш навишта шудааст, мемирад. Аммо вой бар ҳоли он касе, ки ба Писари Одамизод хиёнат мекунад. Беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё намеомад!»
Таоми шоми Худованд
22Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба онҳо тақсим намуда гуфт: «Нонро бигиред, ки ин бадани Ман аст».
23Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд. 24Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман ба хотири одамони зиёде рехта мешавад. 25Ба ростӣ ба шумо мегӯям, Ман боз ҳамроҳи шумо дар Подшоҳии Худо шираи ангури нав хоҳам нӯшид. Лекин то он рӯз ҳаргиз наменӯшам».
26Баъд онҳо Худоро ҳамду сано гуфтанд ва ба кӯҳи Зайтун равона шуданд.
Пешгӯйӣ дар бораи инкори Петрус
27Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“.#14:27 Закарё 13:7 28Аммо вақте ки зинда мешавам, пеш аз он ки шумо ба вилояти Ҷалил биравед, Ман ба он ҷо меравам».
29Петрус гуфт: «Дигарон Туро тарк кунанд ҳам, ман ин корро намекунам».
30Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
31Аммо Петрус бо қатъият гуфт: «Агар бо Ту мурданам лозим ояд ҳам, ҳаргиз Туро инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд.
Дуои Исо дар боғи Ҷатсимонӣ
32Онҳо ба ҷое рафтанд, ки Ҷатсимонӣ ном дошт ва Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Шумо дар ин ҷо бошед, Ман рафта дуо мекунам». 33Ӯ ҳамроҳаш Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму андӯҳаш сахт шиддат меёфт ва 34Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед».
35Инро гуфта Исо каме дуртар рафт ва Худро ба рӯйи замин партофта дуо кард, ки агар шавад, он вақти азоб ба сараш наояд. 36Сипас, гуфт: «Эй Або, эй Падарҷонам! Бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
37Баъд баргашта дид, ки шогирдонаш хобидаанд. Ӯ аз Петрус пурсид: «Шимъун, ту хобидаӣ? Магар як соат бедор истода натавонистӣ? 38Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст».
39Пас боз рафта бо ҳамон суханони пештарааш дуо кард. 40Баъд баргашта онҳоро боз дар хоб дид, чунки онҳо ҳатто чашмонашонро кушода наметавонистанд ва намедонистанд, ки ба Исо чӣ ҷавоб диҳанд.
41Вай бори сеюм баргашта, ба онҳо гуфт: «Шумо ҳанӯз хоб рафта истироҳат мекунед? Бас, акнун вақту соати он ҳам расид, ки Писари Одамизод ба дасти гунаҳкорон таслим карда шавад. 42Бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад».
Дастгир кардани Исо
43Якбора, ҳанӯз Ӯ суханашро тамом накарда, Яҳудо, яке аз дувоздаҳ шогирдонаш ҳамроҳи як тӯда одамоне, ки калтаку шамшер дар даст доштанд, аз ҷониби коҳинони калон, устодони шариат ва пирони қавм расида омад. 44Хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред».
45Яҳудо рост пеши Исо омад ва «Устод!» гуфта, Ӯро бӯсид. 46Пас онҳо Исоро дастгир карда маҳкам доштанд. 47Ҳамон замон як нафар аз ҳозирон шамшерашро аз ғилоф кашида, ба ғуломи саркоҳин ҳамла оварду гӯшашро бурида партофт.
48Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Магар шумо Маро роҳзан фикр мекунед, ки барои дастгир карданам бо калтаку шамшерҳо омадаед? 49Ман ҳар рӯз бо шумо дар маъбади Худо будам ва таълим медодам, аммо шумо Маро дастгир намекардед. Вале бигзор гуфтаҳои навиштаҷот ба амал оянд». 50Ҳамон вақт ҳамаи шогирдонаш Ӯро танҳо монда гурехтанд.
51Як ҷавоне аз паси Исо рафт, ки дар танаш ҳеҷ чиз надошт ва фақат бо матои катонӣ худро печонда буд. Сарбозон ӯро дастгир карданд, 52аммо ӯ халос хӯрда тани бараҳна гурехт, чунки матои катонӣ дар дасти онҳо монд.
Дар назди шӯрои пирон
53Исоро ба хонаи саркоҳин бурданд. Ҳамаи коҳинони калон, пирони қавм ва устодони шариат дар он ҷо ҷамъ шуданд. 54Петрус аз пайи Исо дар масофаи каме дуртар меомад ва ба ҳавлии саркоҳин даромада, бо посбонон нишаст, то ки дар назди оташ гарм шавад.
55Коҳинони калон ва ҳамаи аъзоёни дигари шӯрои пирон бо нияти ба қатл расондани Исо кӯшиш карданд, ки бар зидди Ӯ ягон далеле пайдо кунанд, лекин ҳеҷ далеле ёфта наметавонистанд. 56Бисёриҳо бар зидди Исо шаҳодати дурӯғ доданд, аммо гуфтаҳояшон ба ҳам мувофиқ намеомад. 57Баъзеҳо аз ҷо бархеста, ба Исо чунин туҳматҳо карданд: 58«Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин маъбади Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигареро месозам, ки бо дасти инсон сохта нашудааст“». 59Вале ин шаҳодатҳои онҳо низ ба якдигар мувофиқ набуд.
60Он вақт саркоҳин дар ҳузури ҳама бархеста, аз Исо пурсид: «Ба ин далеле, ки Туро айбдор мекунанд, ягон гапи гуфтанӣ дорӣ?» 61Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Саркоҳин боз пурсид: «Магар Ту Масеҳ ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?»
62Исо гуфт: «Ҳастам ва рӯзе Писари Одамизодро хоҳед дид, ки аз дасти рости Худои Пурқудрат нишаста#14:62 Забур 109:1 бо абрҳои осмон меояд#14:62 Дониёл 7:13-14».
63Он гоҳ саркоҳин либоси танашро дарронда гуфт: «Дигар ба мо ҳеҷ шоҳиде лозим ҳам нест! 64Шумо худатон сухани куфри Ӯро шунидед. Ба чӣ қарор меоед?» Пас ҳамаи онҳо Ӯро айбдор карда, ба марг маҳкум намуданд.
65Баъд баъзеҳо ба Исо туф мекарданд. Онҳо чашмони Ӯро баста, ба рӯяш торсакӣ зада мегуфтанд: «Агар пайғамбар бошӣ, бигӯй, ки Туро кӣ зад?» ва сарбозон ҳам Ӯро бурда заданд.
Исоро инкор кардани Петрус
66-67 Петрус ҳоло ҳам дар ҳавлӣ назди оташ нишаста, худро гарм мекард. Ҳамин вақт яке аз канизакони саркоҳин ӯро дид ва ба ӯ бодиққат нигоҳ карда гуфт: «Ту низ ҳамроҳи Исои Носирӣ будӣ!»
68Петрус инро инкор карда гуфт: «Намедонам ва намефаҳмам, ки чӣ мегӯйӣ». Ӯ ба назди дарвоза рафт ва ҳамон замон хурӯс ҷеғ зад.
69Канизак Петрусро бори дигар дид ва ба одамони дар он ҷо истода гуфт: «Ин мард ҳам яке аз шарикони Исо аст!» 70Петрус инро боз инкор кард. Каме дертар одамони дар он ҷо истода ба Петрус гуфтанд: «Аниқ ту шарики онҳоӣ, чунки ҷалилӣ ҳастӣ!»
71Петрус бошад, қасам хӯрда гуфт: «Худо занад, ки ин Одамеро, ки дар борааш мегӯед, намешиносам».
72Ҳамон лаҳза хурӯс бори дуюм ҷеғ зад ва сухани Исо ба хотири Петрус омад. Ӯ гуфта буд, ки ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, вай се бор шинохтани Исоро инкор мекунад. Он гоҳ Петрус худро дошта натавониста ба гиря даромад.
Currently Selected:
Марқӯс* 14: KMO
Highlight
Share
Copy

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад