YouVersion Logo
Search Icon

Марқӯс* 15

15
Дар назди Пилотус
1Саҳарии барвақт коҳинони калон, пирони қавм бо устодони шариат ва тамоми аъзоёни шӯрои пирон дар маҷлис ба як қарор омаданд. Онҳо дасти Исоро баста, аз ҳавлии Қаёфо бароварданд ва ба дасти ҳоким Пилотус супориданд.
2Пилотус аз Исо пурсид: «Магар Ту Шоҳи Яҳудиён ҳастӣ?» Исо ҷавоб дод: «Ту ҳамин тавр мегӯйӣ».
3Коҳинони калон Исоро аз бисёр ҷиҳат айбдор мекарданд. 4Пилотус аз Ӯ пурсид: «Чаро ҷавоб намедиҳӣ? Бубин, Туро чӣ қадар айбдор мекунанд». 5Вале Исо боз ҳам чизе нагуфт ва Пилотус дар ҳайрат монд.
6Аз рӯйи одат ҳоким Пилотус ҳар иди Наҷот як нафар маҳбусеро, ки мардум талаб мекард, озод менамуд. 7Дар он вақт Бараббо ном марде, ки бо шариконаш дар шаҳр шӯриш бардошта одам кушта буд, дар зиндон менишаст. 8Мардум пеши Пилотус рафтанду аз ӯ хоҳиш карданд, ки мисли ҳарсола як нафар маҳбусро озод кунад. 9Пилотус пурсид: «Мехоҳед, ки бароятон Шоҳи Яҳудиёнро озод кунам?» 10Зеро мефаҳмид, ки коҳинони калон Исоро аз рӯйи ҳасад ба дасти ӯ супорида буданд.
11Вале коҳинони калон мардумро ба ошӯб оварданд, то ба ивази Исо озод кардани Барабборо талаб кунанд. 12Пилотус боз аз онҳо пурсид: «Пас бо он касе, ки шумо Ӯро Шоҳи Яҳудиён меномед, чӣ кор кунам?»
13Онҳо фарёд заданд: «Ба салиб мехкӯб кунед!»
14Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Ӯ чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!»
15Пилотус, ки мехост мардумро розӣ нигоҳ дорад, барояшон Барабборо озод кард ва Исоро ба дасти сарбозон супорид, то ки Ӯро қамчинкорӣ намуда, ба салиб мехкӯб кунанд.
Исоро масхара кардани сарбозон
16Сарбозон Исоро ба саҳни дарбори ҳоким бурда, аскарони зиёдро ҷамъ карданд. 17Баъд ба Исо ҷомаи бунафшранг пӯшонданд ва аз навдаҳои хор тоҷе бофта, ба сараш гузоштанд. 18Ба Ӯ таъзим карда фарёд мезаданд: «Зинда бод Шоҳи Яҳудиён!» 19Онҳо бо чӯб ба сараш мезаданд, ба Ӯ туф мекарданд ва дар наздаш ба зону истода, ба Ӯ саҷда менамуданд. 20Вақте ки онҳо масхара кардани Ӯро бас карданд, ҷомаи бунафшрангро аз танаш кашида, либоси Худашро пӯшонданд ва барои ба салиб мехкӯб кардан Ӯро аз он ҷо берун бурданд.
Ба салиб мехкӯб шудани Исо
21Дар роҳ онҳо бо як роҳгузаре аз шаҳри Қайравон вохӯрданд, ки аз саҳро бармегашт. Он мард Шимъун ном дошт ва падари Искандару Руфус буд. Сарбозон ӯро маҷбур карданд, ки чӯби салиби Исоро бардошта барад. 22Баъд Исоро ба ҷое оварданд, ки Ҷолҷото, яъне «Ҷойи косахонаи сар» ном дошт. 23Сарбозон ба Ӯ майи бо доруи мурр омехтаро доданд, вале Ӯ онро нанӯшид. 24Он гоҳ Исоро ба салиб мехкӯб карданду барои тақсим кардани либоси Ӯ қуръа партофтанд, то ҳар кас ҳар қисми либоси Ӯро бигирад. 25Соати нуҳи саҳар буд, ки Ӯро ба салиб мехкӯб карданд. 26Дар лавҳаи айбнома бар зидди Исо навиштанд: «Шоҳи Яҳудиён».
27-28 Ҳамроҳи Исо боз ду роҳзанро аз тарафи чапу росташ ба салибҳои дигар мехкӯб карданд.
29Роҳгузарон Исоро дашном дода, сар ҷунбонда мегуфтанд: «Ту ки маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз аз нав месохтӣ, 30Худатро наҷот дода, аз салиб фуруд ой!»
31Коҳинони калон ва устодони шариат низ Исоро масхаракунон ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду Худашро наҷот дода наметавонад. 32Бигзор Масеҳи Худо, ки Шоҳи Исроил аст, акнун аз салиб пойин фарояд, то мо инро дида, имон оварем!» Ҳатто онҳое, ки ҳамроҳаш мехкӯб шуда буданд, Ӯро дашном медоданд.
Марги Исо
33Нисфирӯзӣ тамоми рӯйи заминро торикӣ фаро гирифт ва то соати се давом ёфт. 34Дар соати се Исо бо овози баланд дод зада гуфт: «Элоҳӣ! Элоҳӣ! Лама сабақтанӣ?!», яъне «Эй Худои Ман! Эй Худои Ман! Чаро Маро тарк кардӣ?!»#15:34 Забур 21:2 35Баъзе аз ҳозирон инро шунида гуфтанд, ки Ӯ Илёс пайғамбарро садо мекунад. 36Сипас, як нафар давида латтаеро ба сирко тар намуд ва бо нӯги чӯб дароз карда, онро ба Исо нӯшонданӣ шуд ва гуфт: «Истед, бинем, ки оё Илёс омада Ӯро аз салиб гирифта пойин мефарорад?» 37Баъд Исо нолаи баланде карда ҷон дод.
38Худи ҳамин вақт пардае, ки ҷойи муқаддастарини маъбади Худоро ҷудо мекард, аз боло то пойинаш дарида, ду пора шуд. 39Вақте як сардори лашкар, ки дар рӯ ба рӯйи салиб истода буд, дид ки Исо чӣ тавр фарёд зада ҷон дод, гуфт: «Дар ҳақиқат ин Мард Писари Худо буд!»
40Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Яъқуби хурдсол ва Юсӣ буд, низ ҳузур доштанд. 41Онҳо дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда, ба Ӯ хизмат мекарданд. Бисёр занони дигар низ, ки ҳамроҳи Ӯ ба Уршалим омаданд, дар он ҷо буданд.
Дафни Исо
42Шом шуд ва мардум барои рӯзи шанбе тайёрӣ медиданд. 43Юсуф ном шахс аз шаҳри Ромо, ки аъзои обрӯманди шӯрои пирон буд ва фаро расидани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид, боҷуръат пеши Пилотус рафт ва ҷасади Исоро талаб кард. 44Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ба ин зудӣ мурдааст, бинобар ин сардори лашкарро даъват карда, аз ӯ пурсид, ки оё Исо аллакай мурдааст.
45Вақте он сардори лашкар тасдиқ кард, Пилотус ҷасади Исоро ба Юсуф супорид. 46Юсуф матои суф харид ва ҷасадро аз салиб пойин фароварда, кафанпеч карду ба даруни қабре, ки дар ғоре сохта шуда буд, гузошт. Баъд санги калонеро ба даромади қабр ғелонда, онро маҳкам кард. 47Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсӣ диданд, ки ҷасад ба куҷо гузошта шуд.

Currently Selected:

Марқӯс* 15: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in