1
Марқӯс* 14:36
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Сипас, гуфт: «Эй Або, эй Падарҷонам! Бароят ҳама чиз имконпазир аст. Ин косаи азобро аз сари Ман дур кун. Аммо на хости Ман, балки хости Ту иҷро шавад».
Compare
Explore Марқӯс* 14:36
2
Марқӯс* 14:38
Бедор бошеду дуо кунед, то ки ба васваса наафтед. Чунки рӯҳ тайёр, аммо ҷисм нотавон аст».
Explore Марқӯс* 14:38
3
Марқӯс* 14:9
Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар тамоми ҷаҳон ҳар ҷо, ки хушхабар эълон гардад, кори ин зан низ барои ёдоварии вай гуфта мешавад».
Explore Марқӯс* 14:9
4
Марқӯс* 14:34
Ӯ ба онҳо гуфт: «Аз шиддати ғаму ғусса ҷонам ба лаб расидааст. Ин ҷо бимонеду бедор бошед».
Explore Марқӯс* 14:34
5
Марқӯс* 14:22
Ҳангоме ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт. Баъд онро пора карда ба онҳо тақсим намуда гуфт: «Нонро бигиред, ки ин бадани Ман аст».
Explore Марқӯс* 14:22
6
Марқӯс* 14:23-24
Пас косаро гирифта, шукргузорӣ карду онро ба шогирдонаш дод ва ҳамаи онҳо аз он нӯшиданд. Исо ба онҳо гуфт: «Ин хуни Ман аст ва бо он Худо бо халқаш аҳду паймон мебандад. Хуни Ман ба хотири одамони зиёде рехта мешавад.
Explore Марқӯс* 14:23-24
7
Марқӯс* 14:27
Пас Исо ба шогирдон гуфт: «Ҳамаи шумо Маро тарк мекунед, чунки дар навиштаҷот омадааст: „Чӯпонро мезанам ва гӯсфандон пароканда мешаванд“.
Explore Марқӯс* 14:27
8
Марқӯс* 14:42
Бархезед, меравем. Нигоҳ кунед, он касе ки ба Ман хиёнат мекунад, наздик омад».
Explore Марқӯс* 14:42
9
Марқӯс* 14:30
Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям, худи имшаб, ҳанӯз хурӯс ду бор ҷеғ назада, ту се бор Маро инкор мекунӣ».
Explore Марқӯс* 14:30
Home
Bible
Plans
Videos