1
Марқӯс* 13:13
Китоби Муқаддас Оммафаҳм
Ба сабаби Маро пайравӣ карданатон ҳама шуморо бад мебинанд. Вале касе, ки то ба охир истодагарӣ намояд, наҷот хоҳад ёфт.
Compare
Explore Марқӯс* 13:13
2
Марқӯс* 13:33
Пас ҳушёру бохабар бошед, зеро намедонед, ки он вақт кай фаро мерасад.
Explore Марқӯс* 13:33
3
Марқӯс* 13:11
Вақте шуморо дастгир карда ба ҷавобгарӣ мекашанд, ғам нахӯред, ки чӣ бояд бигӯед. Ҳар чи ки он вақт ба дилатон андохта мешавад, ҳамонро бигӯед, чунки он вақт на шумо, балки Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо ба воситаи шумо сухан меронад.
Explore Марқӯс* 13:11
4
Марқӯс* 13:31
Замину осмон нест мешаванд, аммо гуфтаҳои Ман то абад мемонанд.
Explore Марқӯс* 13:31
5
Марқӯс* 13:32
Лекин кай фаро расидани он рӯз ё он соатро ғайр аз Падар касе намедонад: на фариштаҳои осмон на Писар.
Explore Марқӯс* 13:32
6
Марқӯс* 13:7
Вақте ки садоҳо ва овозаҳои ҷангҳоро мешунавед, ба воҳима наафтед. Чунин ҳодисаҳо бояд рӯй диҳанд, вале ин маънои фаро расидани охирзамонро надорад.
Explore Марқӯс* 13:7
7
Марқӯс* 13:35-37
Пас ҳушёр бошед, чун намедонед, ки соҳиби хона кай бармегардад, бегоҳӣ ё нимаи шаб, вақти ҷеғзании хурӯс ё бомдодон. Мабодо ӯ ногаҳон баргашта шуморо дар хоб ёбад. Он чи ба шумо мегӯям, ба ҳама дахл дорад: ҳушёр бошед!»
Explore Марқӯс* 13:35-37
8
Марқӯс* 13:8
Як халқ бо халқи дигар ва як давлат бо давлати дигар меҷангад. Дар ҳар ҷо заминҷунбиҳо мешавад ва гуруснагӣ меояд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо монанди дардҳои аввалини зоидан мебошанд.
Explore Марқӯс* 13:8
9
Марқӯс* 13:10
Пеш аз ҳама хушхабар бояд ба тамоми халқҳо эълон карда шавад.
Explore Марқӯс* 13:10
10
Марқӯс* 13:6
Зеро бисёр касон ба номи Ман омада мегӯянд, „Ман ҳамонам“ ва мардуми бисёрро гумроҳ мекунанд.
Explore Марқӯс* 13:6
11
Марқӯс* 13:9
Худатонро эҳтиёт кунед, зеро шуморо ба назди қозӣ бурда, дар ҷамоатхонаҳо қамчинкорӣ мекунанд ва ба хотири Маро пайравӣ карданатон шумо дар назди ҳокимону подшоҳон истода шаҳодат хоҳед дод.
Explore Марқӯс* 13:9
12
Марқӯс* 13:22
Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд. Онҳо муъҷизаю аломат нишон медиҳанд, то агар имкон бошад, интихобшудагони Худоро ҳам гумроҳ кунанд.
Explore Марқӯс* 13:22
13
Марқӯс* 13:24-25
Дар ҳамон рӯзҳо, баъд аз он мусибатҳо, офтоб тира мегардад ва моҳ дигар равшанӣ намедиҳад, ситораҳо аз осмон фурӯ мерезанд ва ҳама чиз дар осмон ба ҷунбиш меояд.
Explore Марқӯс* 13:24-25
Home
Bible
Plans
Videos