YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 9

9
Фиристодани дувоздаҳ шогирд
1Исо дувоздаҳ шогирдашро даъват карда, ба онҳо қувват ва қудрат дод, ки ҷинҳоро берун кунанд ва беморҳоро шифо диҳанд. 2Сипас, Ӯ онҳоро фиристод, то ки дар бораи Подшоҳии Худо эълон карда, беморонро шифо бахшанд. 3Исо ба онҳо гуфт: «Дар сафар бо худ ҳеҷ чиз нагиред: на асо, на борхалта, на нон, на пул ва на либоси иловагӣ. 4Ба ҳар хонае, ки медароед, то рӯзи аз он шаҳр рафтанатон дар ҳамон хона бимонед. 5Вале агар шуморо дар ягон ҷо қабул накунанд, он шаҳрро тарк кунед ва чангу хокашро аз поятон афшонед, то шаҳодати айбдор будани онҳо гардад».
6Шогирдон аз он ҷо рафтанду деҳа ба деҳа гашта, хушхабарро эълон мекарданд ва дар ҳама ҷо беморонро шифо медоданд.
Ба ҳайрат афтодани ҳоким Ҳиродус
7Вақте ки ҳоким Ҳиродус ҳамаи инро шунид, ба ҳайрат афтод, зеро баъзеҳо мегуфтанд, ки Яҳё зинда шудааст, 8дигарон бошанд, мегуфтанд, ки Илёс пайғамбар пайдо гардидааст ва баъзеи дигарон мегуфтанд, ки яке аз пайғамбарони давраҳои қадим зинда шудааст. 9Вале Ҳиродус гуфт: «Охир ман сари Яҳёро аз танаш ҷудо карда будам. Пас, ин Кист, ки дар борааш чунин суханҳоро мешунавам?» Вай мехост Исоро бинад.
Сер кардани панҷ ҳазор кас
10Вақте ки фиристодагон баргаштанд, тамоми корҳои кардаашонро ба Исо нақл карданд. Ӯ онҳоро бо Худ гирифта ба шаҳри Байт-Сайдо равона шуд, то ки бо шогирдонаш танҳо монад. 11Вале мардум аз ин бохабар шуда, аз пайи Ӯ рафтанд ва Исо онҳоро бо хушнудӣ қабул карда, ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард ва касонеро, ки ба шифо эҳтиёҷ доштанд, шифо дод.
12Рӯз бегоҳ мешуд ва дувоздаҳ шогирд ба назди Исо омада гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст. Мардумро ҷавоб деҳ, ки ба деҳоти гирду атроф рафта, барои худ ҷойи хоб ва хӯроке пайдо кунанд». 13Вале Вай ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед!» Шогирдон гуфтанд: «Мо фақат панҷ нону ду моҳӣ дорем. Магар ин ки рафта, барои ҳамаи ин одамон худамон хӯрок харем».
14Дар он ҷо тақрибан панҷ ҳазор мард буд ва Исо ба шогирдонаш гуфт: «Онҳоро панҷоҳнафарӣ гурӯҳ-гурӯҳ шинонед». 15Онҳо гуфтаи Исоро ба ҷо оварда, ҳамаро шинонданд. 16Баъд Ӯ он панҷ нону ду моҳиро ба дасташ гирифта, ба осмон нигаристу шукр гуфт ва нонҳоро пора карда, ба шогирдонаш дод, то ба мардум тақсим кунанд.
17Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз нонпораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.
Эътирофи Петрус
18Рӯзе, вақте ки Исо дар танҳоӣ дуо мекарду дар наздаш фақат шогирдонаш буданд, аз онҳо пурсид: «Мардум Маро кӣ мегӯянд?» 19Дар ҷавоб гуфтанд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Ту Илёс ҳастӣ ва дигарон мегӯянд, ки яке аз пайғамбарони қадим зинда шудааст». 20Ӯ аз онҳо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, яъне Таъйиншудаи махсуси Худо ҳастӣ». 21Баъд Исо онҳоро таъкид карда фармон дод, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
Марги Худро пешгӯйӣ кардани Исо
22Сипас, суханашро давом дода гуфт: «Писари Одамизод бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат аз Вай рӯй мегардонанд. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз зинда мегардад». 23Пас аз он Исо ба ҳама гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, ҳар рӯз салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад. 24Зеро касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе, ки ба хотири Ман ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. 25Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст оварад, вале худашро ҳайф кунаду ба худ зарар расонад? 26Зеро ҳар кӣ аз Ман ва аз суханонам шарм кунад, Писари Одамизод низ, ҳангоме ки дар дурахши ҷалоли Худ, дар шуҳрату ҷалоли Падар ва фариштагони муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард. 27Ба ростӣ ба шумо мегӯям, дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки ҳанӯз аз дунё нагузашта, Подшоҳии Худоро мебинанд».
Дигаргун шудани намуди зоҳирии Исо
28Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт ва Исо бо Худ Петрус, Юҳанно ва Яъқубро гирифта, барои дуо ба болои кӯҳе баромад. 29Вақте ки Ӯ дуо мекард, чеҳрааш тағйир ёфта, либосаш сап-сафеди дурахшон шуд 30-31 ва ногаҳон ду мард, Мусою Илёс пайғамбар бо шуҳрату ҷалол пайдо шуданд. Онҳо дар бораи тарки ин дунё, ки онро Исо ба наздикӣ дар Уршалим ба анҷом мерасонад, суҳбат мекарданд. 32Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурда буд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шуҳрату ҷалоли Исоро диданд. Онҳо инчунин он ду нафареро диданд, ки бо Ӯ меистоданд. 33Вақте ки он ду нафар аз пеши Исо рафтанӣ шуданд, Петрус гуфт: «Эй Устод! Чӣ қадар хуб аст, ки мо ин ҷо ҳастем. Биё се хайма месозем: яке барои Ту, дигаре барои Мусо ва сеюм барои Илёс». Вай худаш намедонист, ки чӣ мегӯяд. 34Петрус ҳанӯз суханашро тамом накарда, абре пайдо шуда, онҳоро фаро гирифт ва вақте ки Мусо ва Илёс ба даруни абр даромаданд, шогирдон тарсиданд. 35Ҳамин вақт аз абр овозе баромад, ки мегуфт: «Ин Писари Ман аст, Ман Вайро интихоб кардаам. Ӯро гӯш кунед». 36Вақте ки овоз гум шуд, шогирдон диданд, ки Исо танҳо монд. Шогирдон хомӯш монданд ва ҳамон вақт аз он чи дида буданд, ба касе чизе нагуфтанд.
Шифо ёфтани бачаи ҷинзада
37Рӯзи дигар, вақте ки онҳо аз кӯҳ мефаромаданд, мардуми бисёре Исоро пешвоз гирифтанд. 38Ногаҳон марде аз миёни мардум фарёд зад: «Устод! Илтимос мекунам, ки ба писарам як назар кун. Вай фарзанди ягонаи ман аст. 39Гоҳ-гоҳ ба вай ҷин ҳамла мекунад ва ӯ якбора дод зада, беихтиёрона печутоб мехӯраду аз даҳонаш кафк мебарояд. Ҷин ӯро бисёр азоб дода, ба зӯрӣ ӯро сар медиҳад. 40Аз шогирдонатон илтимос кардам, ки он ҷинро берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд». 41Исо дар ҷавоб гуфт: «Эй насли беимону каҷрафтор! То кай бо шумо бошам ва то кай шуморо тоқат кунам? Писаратро ин ҷо биёр!» 42Вақте ки писар ба назди Исо меомад, ҷин ӯро ба замин ғалтонда, печутоб дод. Вале Исо ба ҷин фармон дод, ки аз бача берун барояд. Ҳамин тавр Ӯ писарро шифо дода, ба падараш супорид 43ва ҳама аз бузургии Худо дар ҳайрат монданд.
Пешгӯйии дуюми Исо дар бораи марги Худ
Дар ҳоле, ки мардум аз тамоми корҳои кардаи Исо дар тааҷҷуб буданд, Вай ба шогирдонаш гуфт: 44«Он чизеро, ки ҳоло мегӯям, бишнавед ва дар ёд доред: Писари Одамизод ба дасти одамон супорида мешавад». 45Вале шогирдон маънои ин суханонро нафаҳмиданд, чунки маънояш аз онҳо пӯшида монд ва барои ҳамин онро дарк накарданд ва ҳам метарсиданд, ки дар ин бора аз Исо чизе пурсанд.
Кӣ аз ҳама бузургтар аст?
46Дар байни шогирдон баҳсу мунозира ба миён омад, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 47Исо медонист, ки онҳо дар дили худ чӣ фикр доранд, бинобар ин як кӯдакро гирифта, ба паҳлуи Худ гузошт 48ва ба онҳо гуфт: «Касе ки ин кӯдакро ба хотири номи Ман қабул мекунад, дар асл Маро қабул мекунад ва касе, ки Маро қабул мекунад, Фиристандаи Маро низ қабул мекунад. Зеро он касе, ки дар байни шумо аз ҳама хурдтарин аст, бузургтарин мебошад».
49Он вақт Юҳанно гуфт: «Устод, мардеро дидем, ки ба номи Ту ҷинҳоро берун мекард, аммо чун ӯ бо мо набуд, кӯшиш кардем, ки ӯро аз ин кор боздорем». 50Исо ба ӯ гуфт: «Ӯро аз ин кор бознадоред! Зеро касе ки бар зидди шумо нест, тарафдори шумост».
Исоро қабул накардани сомариён
51Чун вақти ба осмон бурда шудани Исо наздик омад, Ӯ қарор кард, ки ба Уршалим равад. 52Исо одамонашро пешопеши Худ фиристод ва онҳо ба деҳаи сомариён даромада, барои омадани Ӯ ҳама чизро тайёр намуданд. 53Аммо сомариён Исоро қабул накарданд, зеро Ӯ ба Уршалим равона буд. 54Шогирдонаш Яъқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Хоҷа! Биёед мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро сӯзонад». 55Вале Исо ба Яъқубу Юҳанно рӯ оварда, онҳоро сарзаниш кард. 56Пас Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба деҳаи дигаре равона шуданд.
Шарту шароити пайрави Исо шудан
57Онҳо сафарашонро давом медоданд ва дар роҳ марде ба Исо гуфт: «Ман дар ҳама ҷо Туро пайравӣ мекунам». 58Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Рӯбоҳон хона ва парандагони ҳаво лона доранд, аммо Ман, Писари Одамизод ҷое надорам, ки сарамро монам» 59ва ба дигаре гуфт: «Аз паси Ман биё». Аммо ӯ ҷавоб дод: «Хоҷаам! Иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро ба хок супорам». 60Лекин Исо ба вай гуфт: «Бигзор, ки мурдагон мурдагони худро ба хок супоранд, вале ту рафта, дар бораи Подшоҳии Худо нақл бикун».
61Шахси дигаре ба Исо гуфт: «Хоҷаам! Ман аз пасат меравам, вале иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаводаам хайрухуш кунам». 62Исо ба вай гуфт: «Касе, ки ба шудгор сар мекунаду баъд ба ақиб нигоҳ мекунад, лоиқ нест, ки дар Подшоҳии Худо бошад».

Currently Selected:

Луқо* 9: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in