YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 10

10
Исо ба шогирдонаш вазифа медиҳад
1Баъд аз ин Худованд Исо боз ҳафтод нафари дигарро интихоб намуда, онҳоро ҷуфт-ҷуфт пешопеши Худ ба ҳар шаҳру деҳоте, ки рафтанӣ буд, фиристод. 2Ӯ ба онҳо гуфт: «Ҳосил бисёр аст, вале коргарон кам. Аз ин рӯ, аз соҳиби ҳосил илтимос кунед, ки барои ғундоштани ҳосилаш коргаронро фиристад.
3Равед! Ҳоло Ман шуморо назди одамон ҳамчун барраҳо ба байни гургҳо мефиристам. 4Бо худ ҳеҷ пул, борхалта ва ё пойафзори иловагӣ нагиреду дар роҳ вақтатонро бо аҳволпурсии одамон сарф накунед. 5Ба ҳар хонае, ки медароед, аввал бигӯед: „Сулҳ бод бар ин хонадон!“ 6Агар дар он ҷо шахси сулҳпарваре бошад, сулҳи шумо бо ӯ мемонад вагарна, он ба худатон бармегардад. 7Пас дар ба дар нагардеду дар ҳамон хона монед ва ҳар чи пешатон монанд, ҳамонро хӯреду нӯшед, зеро меҳнаткаш сазовори он аст, ки музди корашро бигирад.
8Агар ба ягон шаҳр дароеду шуморо дар он ҷо қабул кунанд, ҳар хӯрокеро, ки пешатон гузоранд, хӯред, 9беморони он шаҳрро шифо диҳед ва гӯед: „Подшоҳии Худо ба шумо наздик аст“. 10Вале агар ба шаҳре дароеду шуморо қабул накунанд, дар кӯчаҳояш гашта, чунин гӯед: 11„Ҳатто чангу хоки шаҳри шуморо, ки бар пойи мо нишастааст, бар зидди шумо меафшонем, вале аниқ донед, ки Подшоҳии Худо наздик аст“. 12Ба шумо мегӯям, ки дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми бадкирдори шаҳри Садум аз ҳоли он шаҳр сабуктар хоҳад буд.
Шаҳрҳое, ки имон наоварданд
13Эй аҳли Кӯразину аҳли Байт-Сайдо, вой бар ҳоли шумо! Зеро агар он мӯъҷизоте, ки Ман дар байни шумо нишон додам, дар шаҳрҳои пургуноҳи Сур ва Сидун рӯй медоданд, одамони он кайҳо тавба карда, бар тан либоси мотам пӯшида, мӯйканон нишаста нишон медоданд, ки онҳо аз гуноҳҳояшон даст кашидаанд. 14Бино бар ин, дар рӯзи қиёмат аҳволи мардуми Суру Сидун аз ҳоли шумо сабуктар хоҳад буд. 15Инчунин шумо, эй аҳли Кафарнаҳум, гумон мекунед, ки сари шумо то ба осмон мерасад, аммо шумо ба дӯзах партофта мешавед. 16Касе ки шуморо, эй шогирдонам, гӯш кунад, Маро гӯш мекунад ва касе ки аз шумо рӯй гардонад, аз Ман рӯй мегардонад ва касе ки аз Ман рӯй гардонад, аз Фиристандаи Ман низ рӯй мегардонад».
Бозгашти ҳафтод шогирд
17Ҳафтод нафар шогирдон бо хушҳолӣ баргашта, ба Исо гуфтанд: «Хоҷа! Бо номи Ту ҳатто ҷинҳо ба мо итоат мекунанд». 18Ӯ ба онҳо гуфт: «Ман дидам, ки шайтон мисли барқ аз осмон афтод. 19Ҳоло Ман ба шумо қудрат додам, ки морону каждумон ва тамоми қувваи душманро поймол кунед. Ба шумо ҳеҷ чиз зарар расонда наметавонад. 20Вале на барои он шод бошед, ки ҷинҳо ба шумо итоат мекунанд, балки барои он шодӣ кунед, ки номҳоятон дар осмон навишта шудаанд».
Шодии Исо
21Худи ҳамон лаҳза Исо аз шодии Рӯҳулқудс пур шуда гуфт: «Эй Падар, эй Худованди замину осмон, ба Ту шукр мегӯям, ки ин чизҳоро аз оқилон ва хирадмандон пинҳон кардию ба одамони одӣ ошкор сохтӣ. Бале, эй Падар, хоҳиши неки Ту чунин буд.
22Падарам ҳама чизро ба Ман додааст. Ба ғайр аз Падар дигар ҳеҷ кас Писарро намешиносад. Инчунин, ҳеҷ кас Падарро намешиносад, ба ғайр аз Писар ва онҳое, ки Писар мехоҳад Падарро барояшон зоҳир созад».
23Сипас, Исо ба шогирдонаш рӯ оварда, фақат ба онҳо гуфт: «Шумо хушбахтед, ки ин чизҳоро мебинед! 24Зеро ба шумо мегӯям, ки пайғамбарон ва подшоҳони бисёре мехостанд он чизҳоеро бубинанд ва бишнаванд, ки шумо мебинед ва мешунавед. Вале онҳо на диданду на шуниданд».
Масал дар бораи сомарии некукор
25Ҳамин вақт яке аз устодони шариат бархест ва Исоро озмуданӣ шуда, ба Ӯ чунин савол дод: «Устод! Барои ба даст овардани ҳаёти абадӣ чӣ кор бояд кунам?» 26Исо ҳам аз вай пурсид: «Дар шариат чӣ навишта шудааст? Шумо аз он ҷо чӣ мехонед?» 27Вай ҷавоб дод: «Худованд Худои худро бо тамоми дилу ҷон ва бо тамоми қуввату ақлу ҳушат дӯст дор#10:27 Такрори Шариат 6:5 ва дигаронро мисли худат дӯст дор#10:27 Ибодат 19:18». 28Исо гуфт: «Дуруст ҷавоб додӣ. Ҳамин тавр бикун ва ҳаёт хоҳӣ дошт». 29Вале ӯ худро сафед карданӣ шуда аз Исо пурсид: «Пас, „дигарон“-ро гуфта, кӣ дар назар дошта шудааст?»
30Исо дар ҷавоб гуфт: «Марде, ки аз Уршалим ба Ариҳо мерафт, ба дасти роҳзанҳо афтид. Роҳзанҳо либосҳояшро дуздида лату кӯб карданд ва дар ҳолати ниммурда партофта рафтанд. 31Тасодуфан аз ҳамон роҳ коҳине мегузашт ва чун ӯро дид, аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. 32Ҳамчунин марде аз қабилаи Левӣ аз он ҷо мегузашт ва чун марди захмдорро дид, ӯ низ аз тарафи дигари роҳ гузашта рафт. 33Вале марди сомарие, ки аз он ҷо мегузашт, ба вай наздик шуда, ӯро дид ва дилаш ба ҳоли ӯ сӯхт. 34Ӯ назди он мард омада, захмҳояшро бо шароб тоза карду равған молида баст. Баъд ӯро бардошта ба хараш савор карду ба меҳмонхонае овард ва дар ҳамон ҷо ӯро нигоҳубин намуд. 35Рӯзи дигар ба соҳиби меҳмонхона ду тангаи нуқра дода гуфт: „Ӯро нигоҳубин кун ва агар хароҷотат аз ин зиёдтар шавад, вақти баргаштанам ба ту бармегардонам“.
36Ба фикри ту, кадоме аз ин се нафар ба он марде, ки аз дасти роҳзанҳо ҷабр дида буд, муҳаббати зиёдтар нишон дод?» 37Устоди шариат ҷавоб дод: «Он касе, ки ба ӯ раҳм кард». Исо гуфт: «Пас, рафта, монанди ӯ рафтор кун».
Марто ва Марям
38Исо ва шогирдонаш сафарашонро давом дода, ба деҳае омаданд. Дар ҳамон ҷо Марто ном зане Ӯро дар хонаи худ меҳмондорӣ кард. 39Вай Марям ном хоҳаре дошт, ки пеши пойи Худованд Исо нишаста ба суханони Ӯ гӯш медод. 40Марто, ки аз сабаби тайёрии зиёфат ба ташвиш афтода буд, ба назди Исо омада гуфт: «Хоҷаам! Оё Ту парвое надорӣ, ки хоҳарам ҳамаи корро ба сари ман партофтааст? Охир, ба ӯ бигӯй, ки ба ман ёрӣ диҳад». 41«Марто! Марто! – гуфт ба вай Худованд Исо, – ту ғами бисёр чизҳоро мехӯрӣ ва нороҳат ҳастӣ. 42Вале фақат як чиз лозим аст. Марям чизи хуберо интихоб намудааст ва онро аз ӯ ҳеҷ кас гирифта наметавонад».

Currently Selected:

Луқо* 10: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in