Луқо* 11
11
Дар бораи дуо
1Рӯзе Исо дар як ҷой дуо мекард. Вақте ки дуояшро тамом кард, яке аз шогирдонаш ба Ӯ гуфт: «Хоҷа! Яҳё ба шогирдонаш дуо карданро ёд дода буд, Ту низ ба мо дуо карданро ёд деҳ». 2Исо ба онҳо гуфт: «Вақте ки дуо мекунед, чунин гӯед:
Эй Падар!
Номи Ту муқаддас бод.
Бигзор Подшоҳии Ту биёяд;
3Ризқу рӯзии имрӯзаамонро ба мо бидеҳ
4ва гуноҳҳои моро бубахш, чунон ки мо онҳоеро, ки ба мо бадӣ мекунанд мебахшем
ва моро ба озмоиш дучор накун».
5Баъд ба онҳо гуфт: «Фарз мекунем, ки яке аз шумо дӯсте дореду ними шаб ба хонаи ӯ рафта, мегӯед: „Эй дӯст, ба ман сето нон қарз деҳ, 6чун яке аз дӯстонам, ки дар сафар буд, ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки пеши ӯ гузорам“. 7Вале ӯ аз даруни хона чунин ҷавоб медиҳад: „Маро ташвиш надеҳ. Дари хонаам баста аст ва ману бачаҳоям аллакай дар ҷогаҳ хобидаем, ҳоло наметавонам хеста ба ту нон диҳам“. 8Ба шумо мегӯям, агар ӯ аз рӯйи дӯстӣ хеста чизе надиҳад ҳам, азбаски беист талаб мекунед, мехезаду он чизеро, ки талаб мекунед, ба шумо медиҳад. 9Бино бар ин, Ман ҳам ба шумо мегӯям: талаб кунед ва ба шумо дода мешавад; биҷӯед ва пайдо мекунед; дарро бикӯбед ва он ба рӯятон кушода мешавад. 10Чун ҳар кӣ талаб мекунад, ба даст меорад, ҳар кӣ меҷӯяд, пайдо мекунад ва ҳар кас ки дарро мекӯбад, он ба рӯяш кушода мешавад.
11Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш моҳӣ талаб кунад, ба ҷойи моҳӣ ба вай мор диҳад? 12Ё агар писараш тухм талаб кунад, ба ҷояш ба ӯ каждум диҳад? 13Агар шумо бо вуҷуди дилсиёҳиатон ба фарзандони худ додани чизҳои хубро донед, чӣ қадар Падари осмонии шумо тайёр аст Рӯҳулқудсро ба онҳое диҳад, ки аз Ӯ металабанд».
Исо ва сардори ҷинҳо
14Боре Исо аз як марде ҷин берун кард. Он мард аз сабаби ҷин доштанаш гунг буд ва вақте ки ҷин берун баромад, мард ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд. 15Баъзеи одамон чунин мегуфтанд: «Исо ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул, ки сардори ҷинҳо аст, берун мекунад». 16Дигарон бошанд, Ӯро санҷиданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо аломате нишон диҳад. 17Вале Исо, ки аз фикрҳои онҳо бохабар буд, гуфт: «Ҳар давлате, ки дар дохили худ аз ҳам ҷудо шуда ҷанг мекунад, ба зудӣ барҳам мехӯрад ва ҳар хонаводае, ки дар байни аъзоёнаш ҷудоӣ меафтад, вайрон мегардад. 18Агар шайтон дар худ ба ду қисм ҷудо шавад, магар ҳукмронии ӯ давом ёфта метавонад? Шумо мегӯед, ки Ман ҷинҳоро ба воситаи Баал-Забул берун мекунам. 19Агар Ман ҷинҳоро бо қудрати Баал-Забул берун кунам, пайравони шумо бо чӣ берун мекунанд? Онҳо бо кадом қудрат берун мекунанд? Онҳо исбот мекунанд, ки шумо нодуруст фикр мекунед. 20Аммо, агар Ман бо қувваи Худо ҷинҳоро берун мекарда бошам, аз ин бармеояд, ки Подшоҳии Худо аллакай ба шумо омадааст.
21Вақте ки шахси пурзӯру мусаллаҳ қасрашро посбонӣ мекунад, ба чизу чораи ӯ зараре намерасад. 22Вале ҳангоме ки шахси аз вай пурзӯртар ба ӯ ҳамла карда, ғолиб мебарояд, аслиҳаеро, ки соҳиби хона ба он умед баста буд, кашида мегираду чизи бадастовардаашро бо шариконаш тақсим мекунад.
23Ҳар кӣ бо Ман нест, муқобили Ман аст ва ҳар кӣ бо Ман одамонро назди Худо намеорад, онҳоро аз Худо дур мекунад.
Бозгаштани рӯҳи нопок
24Вақте ки рӯҳи нопок, яъне ҷин аз шахсе берун меравад, вай бо нияти пайдо кардани манзили зист ҷойҳои беобро давр мезанаду онро наёфта, мегӯяд: „Ба хонаи пештараам бармегардам“, – 25ва баргашта мебинад, ки ин хона батартибу рӯбучин шудааст. 26Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш бадтар мешавад».
Хушбахтии ҳақиқӣ
27Ҳангоме ки Исо ин суханонро мегуфт, зане аз миёни мардум хитоб кард: «Хушбахт аст он зане, ки Туро таваллуд карда макондааст!» 28Исо бошад гуфт: «Вале онҳое, ки каломи Худоро мешунаванду аз рӯйи он амал мекунанд, хушбахттаранд».
Насли бад аломат металабад
29Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Насли ҳозира, ки аломат талаб мекунад, насли бад аст. Вале Худо ба ин насл ғайр аз аломати Юнус пайғамбар аломати дигаре намедиҳад. 30Чи тавре ки Юнус бар мардуми шаҳри Нинве аломате буд, Писари Одамизод низ бар ин насл аломате хоҳад шуд. 31Дар рӯзи қиёмат маликаи сарзамини Сабо бархеста одамони ин наслро айбдор мекунад, зеро ӯ аз як гӯшаи дунё барои шунидани ҳикмати шоҳ Сулаймон омада буд. Ҳол он ки аз Сулаймон дида Шахси бузургтар дар ин ҷост! 32Дар рӯзи қиёмат бошад, сокинони Нинве бархеста, ин наслро айбдор мекунанд, зеро онҳо бо шунидани пайғоми Юнус тавба карданду аз гуноҳҳояшон даст кашиданд. Ҳол он ки аз Юнус дида Шахси бузургтар дар ин ҷост!
Чароғи бадан
33Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, ба ҷойи чашмнорас намемонад ва ё бо зарфе намепӯшонад. Баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад. 34Чашми шумо чароғи баданатон аст. Агар чашматон солим бошад, тамоми баданатон аз равшанӣ пур аст, вале агар солим набошад, баданатонро торикӣ фаро мегирад. 35Эҳтиёт бошед, то он нуре, ки дар шумост, боз торикӣ набошад! 36Пас, агар тамоми баданатон пур аз равшанӣ бошаду дар худ ҳеҷ торикие надошта бошед, ба монанди он чароғе, ки бо дурахши худ шуморо мунаввар месозад, тамоми баданатон равшан хоҳад буд».
Исо роҳбарони диниро сарзаниш мекунад
37Вақте ки Исо ин суханонро мегуфт, яке аз фарисиён Ӯро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват намуд ва Исо ба хонаи ӯ даромада, ба сари дастархон нишаст. 38Фарисӣ ҳайрон шуд, ки Исо пеш аз хӯрдани хӯрок даст нашуст. 39Вале Худованд Исо ба он фарисӣ гуфт: «Ҳамин шумо, фарисиён, беруни пиёлаву табақро мешӯеду дарунатон бошад пур аз хасисию бадӣ аст. 40Эй беақлон! Оё ҳамон як Офаранда тамоми чизеро, ки ҳам дар берун ва ҳам дар дарун аст, наофаридааст? 41Пас, аз он чи ки доред, ба камбағалон диҳед ва ҳама чиз бароятон пок мегардад.
42Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён! Чунки аз ҳосили пудинаву кашниҷу дигар намуди гиёҳҳо даҳякро месупоред, аммо таълимотро дар бораи ростӣ ва муҳаббати Худо беаҳамият мемонед. Шумо мебоист ин қонунҳоро риоя карда, қонунҳои дигарро тарк намекардед.
43Вой бар ҳолатон, эй фарисиён, шумо дӯст медоред, ки дар ҷойҳои беҳтарини ҷамоатхонаҳо нишинеду дар бозорҳо бо иззату эҳтиром ба шумо салом диҳанд.
44Вой бар ҳоли шумо, ки ба қабрҳои беному нишон монанд ҳастед ва мардум нафаҳмида онҳоро зери по мекунанду ҳаром мешаванд».
45Он гоҳ яке аз устодони шариат ба Исо гуфт: «Устод! Ту бо ин суханонат моро ҳам таҳқир мекунӣ». 46Вале Исо гуфт: «Вой бар ҳоли шумо низ, эй устодони шариат, ки қонунҳои зиёдро ба гардани мардум бор мекунеду аз ҷоятон намеҷунбед, ки ба онҳо ёрӣ диҳед.
47Вой бар ҳоли шумо, ки барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. Охир, ҳамон пайғамбаронро аҷдодони шумо куштаанд. 48Бо ин амалатон шумо тасдиқ мекунед, ки бо кору амалҳои аҷдодонатон розӣ ҳастед, чунки онҳо пайғамбаронро мекуштанд, шумо бошед, барои пайғамбарон мақбараҳо месозед. 49Барои ҳамин ҳикмати Худо эълон мекунад: „Ба наздашон пайғамбарону фиристодагонро мефиристам ва онҳо баъзеашонро мекушанду баъзеи дигарашонро дунболагирӣ мекунанд“. 50Пас мардуми ин насл барои хуни тамоми пайғамбароне, ки аз аввали офариниши дунё рехта шудааст, ҷавоб медиҳанд, 51яъне аз хуни Ҳобил сар карда, то хуни Закарё, ки дар байни қурбонгоҳу муқаддастарин ҷойи маъбади Худо кушта шуда буд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки мардуми ин насл барои ҳамаи ин ҷавоб хоҳад дод.
52Вой бар ҳоли шумо, эй устодони шариат, ки калиди дарвозаи донишро аз они худ карда, ҳам худатон аз он надаромадед ва ҳам ба онҳое, ки мехоҳанд дароянд, монеъ мешавед».
53Вақте Исо аз он ҷо мерафт, устодони шариат ва фарисиёне, ки ба ғазаб омада буданд, Ӯро ба ҳолаш нагузошта, аз ҳар хусус саволборон мекарданд. 54Онҳо мехостанд, ки Исоро бо суханони Худаш ба дом андозанд.
Currently Selected:
Луқо* 11: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад