YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 12

12
Ҳазар аз дурӯягии фарисиён
1Дар ин миён ҳазорон-ҳазор одамон ҷамъ омада, якдигарро тела медоданд ва Исо аввал ба шогирдони Худ муроҷиат карда гуфт: «Худро аз хамиртуруши фарисиён, ки дурӯягӣ аст, эҳтиёт кунед. 2Зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки ошкор нашавад ва ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки маълум нагардад. 3Пас он чиро, ки махфӣ гуфта будед, кушоду равшан хоҳанд шунид ва он чиро, ки шумо дар пинҳонӣ пичиррос зада гуфтед, аз болои боми хонаҳо бо овози баланд эълон хоҳанд кард.
4Ба шумо мегӯям: Эй дӯстонам, аз онҳое, ки ҷисматонро мекушанд ва баъд аз он ҳеҷ кори дигаре карда наметавонанд, натарсед. 5Ман ба шумо мефаҳмонам, ки аз кӣ бояд тарсед. Аз Ҳамоне тарсед, ки баъд аз куштан қудрат дорад, ки шуморо ба дӯзах партояд. Бале, ба шумо мегӯям, ки аз Ӯ тарсед.
6Арзиши панҷ гунҷишк фақат ду танга аст. Бо вуҷуди ин Худо ҳеҷ кадоме аз онҳоро фаромӯш намекунад 7ва ҳатто шумораи торҳои мӯятонро медонад. Бино бар ин, натарсед, арзиши шумо аз бисёр гунҷишкҳо ҳам зиёдтар аст.
8Ба шумо мегӯям: ҳар кӣ дар пеши мардум мегӯяд, ки пайрави Ман аст, Ман низ, ки Писари Одамизод ҳастам, дар назди фариштагони Худо пайрави Ман буданашро тасдиқ мекунам. 9Лекин ҳар кӣ дар пеши мардум Маро рад кунад, Ман низ дар пеши фариштагони Худо ӯро рад мекунам.
10Ҳар кас ки бар зидди Писари Одамизод сухан мегӯяд, бахшида мешавад, лекин касеро, ки бар зидди Рӯҳулқудс сухани куфр мегӯяд, Худо ҳаргиз намебахшад.
11Вақте шуморо ба ҷамоатхонаҳо, ба назди сардорону ҳукуматдорон мебаранд, ғам нахӯред, ки чӣ хел бояд ҷавоб диҳед ё чӣ бояд гӯед. 12Зеро Рӯҳулқудс ба шумо ёд медиҳад, ки ҳамон вақт чӣ бояд гӯед».
Масал дар бораи бойи беақл
13Марде аз байни мардум ба Исо гуфт: «Устод! Ба бародарам бигӯй, ки меросро бо ман тақсим кунад». 14Исо ҷавоб дод: «Эй одам, кӣ Маро бар шумо қозӣ ё довар таъйин кардааст?» 15Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз бисёрии сарваташ иборат нест».
16Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровон дод. 17Вай ба худ фикр кард: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?“ 18Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам – анборҳои худро вайрон карда, анборҳои калонтар месозам. Баъд тамоми ҳосилу сарватамро ба он ҷо бурда, 19ба худ мегӯям: Ту сарвати бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Акнун роҳат кун, бихӯр, бинӯш ва кайфу сафо карда гард“. 20Вале Худо ба вай гуфт: „Эй беақл! Ҳамин шаб ҷонат аз ту гирифта мешавад. Пас, он чи захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?“
21Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ сарват ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест».
Ғам нахӯрдан
22Исо ба шогирдонаш гуфт: «Бино бар ин, ба шумо мегӯям, ки ғами зиндагиатонро нахӯред, ки чӣ мехӯред ва ғами бадани худро нахӯред, ки чӣ мепӯшед. 23Охир зиндагӣ фақат аз хӯрок ва бадан фақат аз пӯшок иборат нест. 24Ба зоғҳо нигоҳ кунед, онҳо на киштукор мекунанд, на ҳосил ҷамъ мекунанд, на анбор доранду на каҳдон, вале Худо онҳоро мехӯронад ва арзиши шумо нисбат ба парандаҳо чанд маротиба баландтар аст!
25Кадоме аз шумо бо ғам хӯрдан умри худро ақаллан як соат дарозтар карда метавонад? 26Пас, агар шумо чунин як кори ночизро карда натавонед, чаро ғами чизҳои дигарро мехӯред?
27Ба нашъунамои гулҳои савсан нигоҳ кунед: Онҳо на меҳнат мекунанду на ришта мересанд, лекин ба шумо мегӯям, ки ҳатто шоҳ Сулаймон бо тамоми ҳашамату сарваташ мисли яке аз онҳо либоси зебое напӯшидааст. 28Пас, агар Худо алаферо, ки имрӯз дар саҳро ҳасту пагоҳ ба танӯр партофта мешавад, чунин пӯшонад, шуморо низ, эй сустимонҳо, чанд маротиба беҳтар аз он пӯшонда метавонад! 29Ғам нахӯред ва аз пайи он нашавед, ки чӣ мехӯреду чӣ менӯшед, 30чунки халқҳои дигар аз пайи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, вале Падари шумо медонад, ки шумо ба ин чизҳо эҳтиёҷ доред. 31Баръакс, Подшоҳии Ӯро биҷӯед ва Ӯ ин чизҳоро низ ба шумо медиҳад.
32Эй шумо, ки рамаи хурди Худо ҳастед, натарсед! Зеро хости Падаратон чунин аст, ки Подшоҳиро ба шумо диҳад. 33Он чиро, ки доред, фурӯшеду ба камбағалон тақсим кунед. Сарватеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт кам намешавад. Сарвати бепоён дар осмон ҷамъ кунед, ки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва онро кирм намезанад. 34Зеро ҳар ҷое, ки сарват доред, фикру хаёли шумо низ дар он ҷо хоҳад буд.
Хизматгорони бедор
35Ҳар яки шумо миёни худро бандеду чароғҳоятонро равшан нигоҳ доред. 36Ба монанди хизматгороне бошед, ки интизори аз тӯй баргаштани хӯҷаинашон ҳастанд, то ки вақти баргашта дарро кӯфтани хӯҷаинашон, онро зуд ба рӯяш кушоянд.
37Хушбахтанд хизматгороне, ки хӯҷаинашон онҳоро ҳангоми баргаштан бедор меёбад. Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки худи хӯҷаин миёнашро баста, онҳоро ба сари дастархон мешинонад ва ба онҳо хизмат мекунад. 38Хушбахтанд онҳое, ки хӯҷаинашон хоҳ ними шаб, хоҳ наздики субҳ баргашта, онҳоро бедор меёбад. 39Бидонед, ки агар соҳибхона вақту соати омадани дуздро донад, намегузорад, ки дузд ба хонааш дарояд. 40Шумо низ бояд барои омадани Писари Одамизод ҳамеша тайёр бошед, чунки Вай соате меояд, ки мунтазираш нестед».
Хизматгорони бовафо ва бевафо
41Петрус гуфт: «Хоҷа! Ин масалро танҳо барои мо гуфтӣ ё барои ҳама?» 42Худованд Исо ҷавоб дод: «Хизматгори бовафову хирадманд кист? Касест, ки хӯҷаинаш ӯро дар хоҷагии худ назоратчӣ таъйин мекунад ва ба хизматгорон саривақт тақсим кардани хӯрокро ба ӯҳдааш мегузорад.
43Хушо хизматгоре, ки хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор меёбад. 44Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки хӯҷаинаш вайро бар тамоми молу мулкаш назоратчӣ таъйин менамояд. 45Вале агар он назоратчӣ фикр кунад, ки хӯҷаинаш дер меояд ва дигар хизматгорону канизонро латукӯб кунад ва ба хӯрдану нӯшидану мастигарӣ машғул шавад, 46хӯҷаини назоратчӣ дар рӯзе, ки вай мунтазир нест ва дар соате, ки гумон надорад, меояд. Ӯ ин назоратчиро ду пора карда, ба қисмати бевафоён гирифтор мекунад. 47Хизматгоре, ки хоҳиши хӯҷаинашро медонад, вале онро иҷро намекунад ва иҷро карданӣ ҳам нест, сахт латукӯб карда мешавад. 48Аммо хизматгоре, ки хости хӯҷаинашро надониста, кори баде мекунад, ҷазои сабуктаре мебинад. Ба ҳар касе, ки зиёд дода шудааст, аз ӯ низ зиёд пурсида мешавад ва ба ҳар касе, ки чизи бисёре боварӣ карда шудааст, аз вай низ бисёртар талаб карда мешавад.
На сулҳ, балки ҷудоӣ
49Ман омадам, ки дар рӯйи замин оташ даргиронам ва сахт мехоҳам, ки он зудтар фурӯзон гардад. 50Ман бояд бо азоби марговар таъмид бигирам ва то ба амал омадани ин кор сахт ғамгин ҳастам. 51Фикр накунед, ки Ман барои ба замин сулҳ овардан омадаам. Баръакс, барои ҷудоӣ андохтан омадаам. 52Баъд аз ин агар дар хонае панҷ нафар бошанд, аз ҳам ҷудо хоҳанд шуд: се нафар ба ду нафар ва ду нафар ба се нафар зид мебароянд. 53Падар бар зидди писар ва писар бар зидди падар, модар бар зидди духтар ва духтар бар зидди модар, хушдоман бар зидди келин ва келин бар зидди хушдоман мебарояд».
Фаҳмидани замон
54Ҳамчунин Исо ба мардум гуфт: «Вақте мебинед, ки аз ғарб абре пайдо мешавад, дарҳол мегӯед: „Борон меборад“ ва чунин мешавад. 55Ва ҳангоме ки боди ҷанубӣ мевазад, мегӯед: „Ҳаво гарм мешавад“ ва ҳамин тавр ҳам мешавад. 56Эй дурӯяҳо! Шумо аломатҳои замину осмонро дида, боду ҳаворо фаҳмида метавонеду чаро замони фаро расидаро муайян карда наметавонед?
57Барои чӣ худи шумо фикр карда ба хулосае намеоед, ки чӣ бояд кунед? 58Охир, вақте ки бо даъвогар ба пеши қозӣ меравед, бояд ҳаматарафа кӯшиш кунед, ки дар роҳ бо даъвогар оштӣ шавед, то ки ӯ шуморо ба назди қозӣ набарад ва қозӣ шуморо ба дасти зиндонбон насупорад ва зиндонбон шуморо ба зиндон наандозад. 59Ба ростӣ мегӯям, ки то тангаи аз ҳама охиринатонро надиҳед, аз ҳабс намебароед».

Currently Selected:

Луқо* 12: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in