Луқо* 8
8
Занҳо Исоро пайравӣ мекунанд
1Баъд аз ин Исо дар шаҳру деҳот гашта, ба мардум хабари хуши Подшоҳии Худоро мерасонд. Дар ин кор Ӯро дувоздаҳ шогирд 2ва якчанд зан, ки ҷинҳо аз онҳо берун баромада буданду аз бемориҳо шифо ёфта буданд, ҳамроҳӣ мекарданд. Яке аз он занҳо Марям буд, ки Маҷдалия номида мешуд ва аз ӯ ҳафт ҷин берун рафта буд. 3Дигар зан Юҳанна ном дошт, ки шавҳараш Кузо дар дарбори ҳоким Ҳиродус нозири хоҷагӣ буд. Ҳамчунин Сусанна ва бисёр дигарон, ки бо пулу молашон онҳоро дастгирӣ мекарданд.
Масал дар бораи деҳқон
4Вақте ки мардуми бисёре аз шаҳрҳои гирду атроф ҷамъ шуда, ба назди Исо омаданд, Ӯ масалеро гуфт: 5«Рӯзе як деҳқон барои кишт кардани донаҳои худ ба киштзор меравад. Ҳангоми дона коштанаш, як миқдори он ба пайраҳа афтода поймол мешавад ва парандаҳо омада, онҳоро аз замин чида мехӯранд. 6Миқдори дигари донаҳо ба замини санглох афтода месабзад, вале аз беобӣ хушк мешавад. 7Миқдори дигараш ба замини хордор афтода месабзад, вале хорҳо қад кашида онҳоро пахш мекунанд. 8Аммо қисми донаҳое, ки ба замини хуби ҳосилхез меафтад, сабзида, сад баробар зиёдтар ҳосил медиҳад». Инро гуфту хитоб кард: «Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад!»
Маънидод кардани масал дар бораи деҳқон
9Шогирдон аз Исо маънои ин масалро пурсиданд 10ва Ӯ гуфт: «Фаҳмиши сирру асрори Подшоҳии Худо ба шумо ато шудааст, аммо ба дигарон бо масалҳо мегӯям, то ки
„онҳо нигоҳ кунанду набинанд,
гӯш кунанду нафаҳманд“#8:10 Ишаъё 6:9.
11Маънои масал ин аст: дона – каломи Худост. 12Донаҳое, ки ба пайраҳа афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале шайтон омада онро аз дилашон медуздад, то ки имон наоваранд ва наҷот наёбанд. 13Донаҳое, ки ба замини санглох афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро шунида, бо шодӣ онро қабул мекунанд, вале азбаски реша надоранд, муддати кӯтоҳе имондор буда, дар вақти озмоиш имони худро аз даст медиҳанд. 14Донаҳое, ки ба миёни хорҳо афтодаанд, онҳое мебошанд, ки каломро мешунаванд, вале ғаму ташвиш ва сарвату лаззати зиндагӣ онҳоро пахш мекунад ва онҳо ҳеҷ самаре ба бор намеоваранд. 15Аммо донаҳои ба замини ҳосилхез афтода касоне мебошанд, ки каломро мешунаванд ва онро дар дили нек ва пок нигоҳ дошта, бо сабру тоқат самар меоранд.
Масал дар бораи чароғ
16Ҳеҷ кас чароғро даргиронда, онро бо зарфе намепӯшонад ва ё ба зери кат намегузорад. Баръакс, онро ба чароғпоя мемонад, то ҳар кӣ дарояд, равшаниашро бубинад. 17Зеро ҳеҷ чизи пинҳоне нест, ки ошкор нашавад ва чизи пӯшидае нест, ки маълум ва равшан нагардад. 18Пас, аҳамият диҳед, ки ба суханони Ман чӣ тавр гӯш медиҳед, зеро ба ҳар кӣ чизе дорад, боз дода мешавад, лекин аз касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки фикр мекунад дорад, гирифта мешавад».
Модар ва бародарони Исо
19Ҳамин вақт модару бародарони Исо наздаш омаданд, аммо аз сабаби тӯдаи одамон ба Ӯ наздик шуда натавонистанд. 20Ба Исо хабар доданд: «Модар ва бародаронат дар берун истодаанд ва Туро дидан мехоҳанд». 21Ӯ ҷавоб дод: «Модар ва бародарони Ман онҳое ҳастанд, ки каломи Худоро мешунаванд ва онро иҷро мекунанд».
Ором кардани тӯфон
22Рӯзе Исо бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда ба онҳо гуфт: «Биёед, ба дигар тарафи баҳр мегузарем». Онҳо равон шуданду 23дар роҳ Исоро хоб бурд. Баногоҳ дар баҳр тӯфони чунон сахте бархест, ки қаиқ аз об пур шуд ва онҳо дар хатар монданд. 24Шогирдон Исоро бедор карда гуфтанд: «Устод! Устод! Ҳалок мешавем!» Ӯ аз хоб хеста, ба шамолу мавҷҳои пурталотум фармон дод ва тӯфон хомӯш шуда, ҳама ҷоро оромӣ фаро гирифт. 25Сипас, Вай ба шогирдонаш гуфт: «Имонатон куҷост?!» Шогирдон тарсиданд ва ҳайрон монда ба якдигар мегуфтанд: «Ин Кист, ки ҳатто ба шамолу баҳр фармон медиҳад ва онҳо ба Ӯ итоат мекунанд?»
Шифо ёфтани марди ҷинзада
26Баъд аз ин онҳо ба сарзамини ҷадариён, ки дар рӯ ба рӯйи вилояти Ҷалил воқеъ аст, омада расиданд. 27Вақте ки Исо ба соҳил фаромад, бо марде аз аҳли он шаҳр рӯ ба рӯ шуд, ки гирифтори ҷинҳо буд. Ӯ дер боз либос намепӯшид ва на дар хона, балки дар қабристон зиндагӣ мекард. 28Ҳамин ки ӯ Исоро дид, доду фиғонкунон пеши пойҳои Ӯ афтид ва бо овози баланд гуфт: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, Ту ба ман чӣ кор дорӣ? Илтимос мекунам, маро азоб надеҳ». 29Ӯ инро гуфт, чунки Исо ба рӯҳи нопок фармон дода буд, ки аз он мард берун барояд. Дар гузашта ҷин чандин бор он мардро азоб медод ва ҳарчанд ҷинзадаро бо занҷиру бандҳо баста нигоҳ медоштанд, мард онҳоро пора-пора мекард ва ҷин ӯро ба биёбон мебурд. 30Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ гуфт: «Лашкар», чунки ҷинҳои бисёре ба даруни он мард даромада буданд. 31Ҷинҳо аз Исо илтимос мекарданд, ки онҳоро ба ғори бепоён нафиристад. 32Ҳамон ҷо, дар болои теппа галаи калони хукҳо мечарид. Ҷинҳо Исоро зорию тавалло карданд, ки ба даруни хукҳо дароянд ва Ӯ ба онҳо иҷозат дод. 33Ҷинҳо аз он мард берун баромада, ба даруни хукҳо даромаданд ва гала дав-давон худро аз теппа ба баҳр партофта, ғарқ шуд.
34Хукбонон инро дида гурехтанд ва ин воқеаро дар шаҳру деҳот нақл карданд.
35Мардум барои дидани ин воқеа баромаданд ва ба назди Исо омада, ҳамон мардеро диданд, ки ҷинҳо аз ӯ берун рафта буданд. Вай дар тан либос дошту бо ақли солим дар пеши пойи Исо менишаст. Ҳамаро тарс фаро гирифт. 36Шоҳидони ин воқеа ба одамон чӣ гуна шифо ёфтани ҷинзадаро нақл карданд. 37Баъд аз ин тамоми мардуми сарзамини ҷадариён аз Исо хоҳиш карданд, ки аз пеши онҳо биравад, зеро онҳоро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва Ӯ барои баргаштан боз ба қаиқ савор шуд. 38Марде, ки ҷинҳо аз ӯ берун шуда буданд, илтимос кард, ки Исо ӯро бо Худ барад. Вале Исо ӯро ҷавоб дода гуфт: 39«Ба хонаат баргард ва он чиро ки Худо барои ту кардааст, нақл кун».
Ӯ рафта дар тамоми шаҳр дар бораи он кори бузурге, ки Исо барояш карда буд, эълон кард.
Шифо ёфтани зан ва зиндашавии духтар
40Вақти баргаштани Исо мардуми зиёде, ки Ӯро интизор буданд, ба пешвозаш баромаданд. 41Ҳамон вақт Ёир ном марде, ки сардори ҷамоатхона буд, назди Исо омада худро ба пеши пойҳояш партофт ва аз Ӯ илтимос кард, ки ба хонаи вай биёяд, 42зеро духтари ягонааш, ки тақрибан дувоздаҳсола буд, дар бистари марг мехобид. Исо ҳамроҳи Ёир мерафт ва мардуми бисёре аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд.
43Дар он ҷо зане буд, ки дувоздаҳ сол боз бемории хунравӣ дошт. Вай тамоми сарваташро ба табибон сарф кард, вале ҳеҷ кас ӯро шифо дода натавонист. 44Он зан аз қафо ба Исо наздик шуду ба домани ҷомаи Ӯ даст расонд ва ҳамон замон хунравиаш бозмонд. 45Исо пурсид: «Ба Ман кӣ даст расонд?» Вақте ки ҳама инкор карданд, Петрус ба Ӯ гуфт: «Устод! Одамони бисёр дар гирдат ҷамъ шудаанд ва аз ҳар тараф фишор меоранд». 46Аммо Исо гуфт: «Касе ба Ман даст расонд, зеро Ман ҳис кардам, ки қуввае аз Ман берун рафт». 47Вақте он зан дид, ки дигар пинҳон монда наметавонад, тарсону ларзон омада пеши пойи Исо афтид ва дар ҳузури ҳамаи мардум ба Ӯ иқрор шуд, ки чаро ба Ӯ даст расонд ва чӣ тавр зуд шифо ёфт. 48Исо ба ӯ гуфт: «Эй духтарам, туро имонат шифо дод. Рав ва дар амон бош».
49Ҳанӯз ки Ӯ гап мезад, як нафаре аз хонаи Ёир хабар оварда, гуфт: «Духтарат мурд, дигар Устодро заҳмат надеҳ». 50Вале Исо инро шунида, гуфт: «Натарс, фақат имон дошта бош ва ӯ шифо меёбад». 51Вақте ки Исо ба хонаи Ёир омад, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Яъқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. 52Ҳама барои он духтар гиряву нола мекарданд, вале Исо гуфт: «Дигар гиря накунед, ӯ намурдааст, фақат хобидааст». 53Одамон ба гапи Исо хандиданд, зеро аниқ медонистанд, ки духтар мурдааст. 54Аммо Исо дасти ӯро гирифта гуфт: «Эй духтар, бархез!» 55Вай зинда шуд ва зуд аз ҷояш бархест. Исо фармуд, ки ба духтар хӯрок диҳанд. 56Падару модари вай дар ҳайрат монданд, Исо бошад, ба онҳо фармуд, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд.
Currently Selected:
Луқо* 8: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад