YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 7

7
Шифо ёфтани хизматгор
1Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт. 2Дар он ҷо як сардори лашкар хизматгоре дошт, ки барояш азиз буд. Ин хизматгор бемор шуда, дар бистари марг мехобид. 3Сардори лашкар овозаи Исоро шунида, пирони яҳудиро пеши Ӯ фиристод, то илтимос кунанд, ки омада хизматгорашро шифо диҳад. 4Онҳо назди Исо омаданд ва бисёр илтимос карда гуфтанд: «Ин сардори лашкар сазовори он аст, ки барояш чунин корро бикунӣ, 5чунки вай халқи моро дӯст медорад ва барои мо ҷамоатхонае сохтааст».
6Исо ҳамроҳи онҳо рафт. Ҳангоме ки ба хона наздик мешуд, он сардор дӯстонашро фиристод, ки аз номи вай ба Исо чунин гӯянд: «Хоҷа! Аз ин зиёд заҳмат накаш, зеро ман сазовори он нестам, ки Ту аз дари ман дароӣ. 7Ба ҳамин сабаб худро муносиб надонистам, ки назди Ту биёям. Танҳо як амр деҳ ва хизматгорам шифо меёбад. 8Зеро ман як фармонбардор ҳастам ва дар зери итоати худ низ сарбозонро дорам. Вақте ки ба яке „рав“ мегӯям, меравад, ба дигаре „биё“ мегӯям, меояд ва агар ба хизматгорам „фалон корро бикун“ гӯям, ӯ албатта он корро иҷро мекунад».
9Исо инро шунида ҳайрон шуд ва ба мардуми бешуморе, ки аз паси Ӯ меомаданд, рӯ оварда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ҳатто дар байни исроилиён касеро надидам, ки чунин имони қавӣ дошта бошад».
10Фиристодагони сардори лашкар ба хона баргашта, диданд, ки хизматгор сиҳат шудааст.
Зинда шудани писари бевазан
11Дере нагузашта Исо ҳамроҳи шогирдон ва шумораи зиёди мардум ба шаҳри Ноин рафт. 12Ӯ ба дарвозаи шаҳр наздик шуда, дид, ки мурдаеро мебароранд. Он мурда писари ягонаи бевазане буд ва сокинони зиёди шаҳр ҳамроҳи он зан равона буданд. 13Худованд Исо он занро дида, дилаш ба ҳоли вай сӯхт ва ба ӯ гуфт: «Гиря накун». 14Баъд наздик омада, дасти Худро рӯйи тобут гузошт ва тобутбардорон истоданд. Сипас, Ӯ гуфт: «Эй ҷавон! Ба ту мегӯям, бархез». 15Мурда аз ҷояш бархеста нишасту ба сухан даромад ва Исо ӯро ба модараш супорид.
16Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи Худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». 17Одамон дар тамоми Яҳудия ва гирду атрофи он дар бораи Исо нақл мекарданд.
Омадани шогирдони Яҳё
18Шогирдони Яҳё низ ба устодашон ҳамаи воқеаҳоро нақл карданд. Яҳё ду нафар аз шогирдонашро 19ба назди Исо фиристод, то бипурсанд: «Оё Ту ҳамон Шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?» 20Онҳо ба назди Исо омада, гуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда моро пеши Ту фиристод, то бипурсем, ки оё Ту ҳамон шахсе ҳастӣ, ки омаданашро пешгӯйӣ карда буданд ё мо бояд мунтазири каси дигар бошем?»
21Ин ҳамон вақте буд, ки Исо мардуми зиёдеро аз бемориҳову дарду азоб шифо дода, ҷинҳоро аз одамон берун карда, чашмони бисёр кӯронро бино мекард.
22Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ҳар чиро, ки дидаеду шунидаед, рафта, ба Яҳё нақл кунед. Яъне бигӯед, ки чашмони кӯрон бино мешаванду лангон роҳ мегарданд, нафароне, ки гирифтори бемории пӯстанд, пок мешаванду карҳо мешунаванд, мурдагон зинда мешаванд ва ба бечорагон хушхабар эълон карда мешавад. 23Пас хушбахт аст касе, ки дар ҳаққи Ман шакку шубҳа намекунад».
Шаҳодати Исо дар бораи Яҳё
24Баъд аз рафтани шогирдони Яҳё Исо ба мардум дар бораи Яҳё суханашро оғоз кард: «Назди Яҳё ба биёбон барои дидани чӣ рафта будед? Барои дидани қамише, ки аз вазидани бод меҷунбад? 25Гӯед, ки чаро рафта будед? Магар барои дидани одаме, ки либоси қимат мепӯшад? Охир онҳое, ки либоси зебо мепӯшанд ва ҳаёти пур аз айшу ишрат доранд, дар қасрҳо зиндагӣ мекунанд. 26Барои чӣ рафта будед? Барои дидани пайғамбар? Дуруст, аммо ба шумо мегӯям, ки шумо каси бузургтар аз пайғамбарро дидаед. 27Яҳё ҳамон шахсест, ки Худо дар борааш дар навиштаҷот гуфтааст:
„Ман пешопеши Ту хабаррасони Худро мефиристам,
то барои омаданат роҳ тайёр кунад“.#7:27 Малокӣ 3:1
28Ба шумо мегӯям, дар байни ҳамаи онҳое, ки аз модар ба дунё омадаанд, бузургтар аз Яҳё касе нест. Аммо шахси хурдтарин дар Подшоҳии Худо бузургтар аз Яҳё аст».
29Тамоми мардум ва андозгирон низ суханони Ӯро шунида, дуруст будани роҳи Худоро тасдиқ менамуданд ва аз ин сабаб аз дасти Яҳё таъмид гирифта буданд. 30Вале азбаски фарисиён ва устодони шариат таъмиди Яҳёро нагирифта буданд, аз нияте, ки Худо нисбаташон дошт, рӯй гардонданд.
31Исо суханашро давом дода гуфт: «Одамони ин наслро бо кӣ муқоиса намоям? Онҳо ба кӣ монандӣ доранд? 32Онҳо монанди кӯдаконе ҳастанд, ки дар кӯча бозӣ мекунанду як гурӯҳи онҳо ба гурӯҳи дигар мегӯяд:
„Мо бароятон най навохтем, аммо шумо рақс накардед!
Суруди мотам хондем, вале гиря накардед“.
33Ҳоло Яҳёи Таъмиддиҳанда омадааст, ки нон намехӯраду шароб наменӯшад ва шумо мегӯед, ки ӯ ҷин дорад. 34Писари Одамизод омадааст, ки ҳам мехӯраду ҳам менӯшад, лекин шумо мегӯед: „Ӯ марди пурхӯру бадмаст, дӯсти андозгирону гунаҳкорон аст“. 35Вале дуруст будани ҳикмати Худо аз корҳои тамоми фарзандонаш маълум мегардад».
Исо зани гунаҳкорро мебахшад
36Яке аз фарисиён Исоро ба меҳмонӣ даъват кард ва Ӯ ба хонаи он фарисӣ рафта, дар сари дастархон кашпаҳлӯ зада нишаст.
37Дар он шаҳр як зани пургуноҳе буд. Чун ӯ фаҳмид, ки Исо дар хонаи он фарисӣ хӯрок мехӯрад, як шишача равғани атрафшонро гирифта ба он ҷо омад. 38Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. 39Инро дида, фарисие, ки Исоро даъват карда буд, аз дилаш чунин фикрро гузаронд: «Агар ин мард дар ҳақиқат пайғамбар мебуд, медонист, ки ин зан чӣ гуна аст. Чун зане, ки ҳоло ба Ӯ даст мерасонад, гунаҳкор аст»! 40Вале Исо ба ӯ гуфт: «Шимъун! Мехоҳам ба ту чизе бигӯям». Гуфт: «Марҳамат, Устод».
41Пас Исо суханашро давом дода гуфт: «Ду кас аз як одам пул қарз гирифтанд. Яке аз ӯ панҷсад ва дигаре панҷоҳ тангаи нуқра қарздор буд. 42Азбаски қарзашонро канда наметавонистанд, он шахс қарзи ҳардуро бахшид. Ҳоло бигӯ, ки кадоме аз онҳо ӯро бештар дӯст медорад?» 43Шимъун дар ҷавоб гуфт: «Ба фикрам он касе, ки ба ӯ қарзи зиёдтаре бахшида шудааст». Исо гуфт: «Дуруст фаҳмидӣ». 44Баъд ба он зан рӯ оварда, ба Шимъун гуфт: «Ин занро мебинӣ? Ман ба хонаат омадам, вале барои пойҳоям об наовардӣ, ин зан бошад, пойҳои Маро бо ашкҳояш тар ва бо мӯйҳояш хушк кард. 45Ту ба Ман бӯсаи салом надодӣ, ин зан бошад, аз вақти омаданам то ҳол бӯсидани пойҳоямро бас намекунад. 46Ту ба сарам ҳатто равғани одиро намолидӣ, вай бошад, равғани атрафшонро ба пойҳоям молид. 47Бино бар ин, ба ту мегӯям, азбаски гуноҳҳои зиёди вай бахшида шудаанд, ӯ чунин муҳаббати зиёд дорад ва агар ба касе гуноҳи камтар бахшида шавад, муҳаббаташ низ камтар аст». 48Баъд ба он зан гуфт: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд». 49Онҳое, ки бо Ӯ дар сари як дастархон нишаста буданд, худ ба худ мегуфтанд: «Вай кист, ки ҳатто гуноҳҳоро мебахшад?» 50Вале Исо ба зан гуфт: «Туро имонат наҷот додааст. Рав ва дар амон бош!»

Currently Selected:

Луқо* 7: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in