YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 6

6
Савол дар бораи рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат
1Дар яке аз рӯзҳои шанбе Исо аз байни киштзорҳои гандум мегузашт. Шогирдонаш хӯшаҳои гандумро канда, бо кафи дасташон молида мехӯрданд. 2Баъзе аз фарисиён гуфтанд: «Чаро шумо кореро мекунед, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?» 3Исо ҷавоб дод: «Магар шумо дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд, вақте ки бо ҳамроҳонаш гурусна монд, чӣ кор карда буд? 4Ӯ ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯйи шариат фақат ба коҳинон хӯрдани он нон мумкин аст». 5Баъд ба онҳо гуфт: «Писари Одамизод Хоҷаи рӯзи шанбе аст».
Шифо додан дар рӯзи шанбе
6Боз дар яке аз рӯзҳои истироҳат Исо ба ҷамоатхона даромада, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде буд, ки дасти росташ хушк шуда буд. 7Устодони шариат ва фарисиён Исоро мушоҳида мекарданд, ки оё дар рӯзи шанбе одамро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ягон кор айбдор кунанд. 8Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба он марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод. 9Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ кардан? Ҷони касеро наҷот додан ё нобуд кардан?» 10Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд. 11Аммо устодони шариат ва фарисиён дар ғазаб шуда, бо ҳамдигар маслиҳат мекарданд, ки бар зидди Исо чӣ кор кунанд.
Интихоби дувоздаҳ фиристода
12Дар яке аз он рӯзҳо Исо барои дуо ба кӯҳ баромад ва тамоми шаб ба Худо дуо кард. 13Вақте ки рӯз шуд, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро фиристода номид, ки инҳоянд: 14Шимъун, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъун Андриёс, Яъқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, 15Матто ва Тумо, Яъқуби писари Ҳалфой ва Шимъун, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд, 16Яҳудои писари Яъқуб ва Яҳудои Исқарютӣ, ки оқибат хиёнаткор мешавад.
Мардум аз пайи Исо мераванд
17Исо бо шогирдонаш аз кӯҳ пойин фаромада, дар ҳамворие истод. Шумораи зиёди пайравонаш ва мардуми бисёре аз тамоми гирду атрофи сарзамини Яҳудия, аз Уршалим, аз ноҳияҳои Сур ва Сидуни назди баҳр ҷамъ омаданд, 18то ки Исоро бишнаванд ва аз бемориҳояшон шифо ёбанд. Касоне, ки аз ҷинҳо азоб мекашиданд, низ шифо ёфтанд. 19Бино бар ин, ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо расонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо медод.
Одамони хушбахт ва бадбахт
20Исо ба шогирдонаш чашм дӯхта гуфт:
«Хушбахтед шумо, ки ҳоло бечораед, чунки Подшоҳии Худо аз они шумост.
21Хушбахтед шумо, ки ҳоло гуруснаед, чунки сер хоҳед шуд.
Хушбахтед шумо, ки ҳоло гиря мекунед, зеро хандон хоҳед шуд.
22Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Писари Одамизод ба шумо нафрат доранд, шуморо аз байнашон меронанду дашном дода туҳмат мекунанд. 23Дар он рӯз шодӣ кунед ва аз хурсандӣ рақс кунеду донед, ки Худо дар осмон бароятон мукофоти калон дорад. Аҷдоди гузаштаи ин мардум бо пайғамбарон ҳамин тавр рафтор мекарданд.
24Лекин вой бар ҳоли шумо, эй сарватмандон, зеро танҳо дар ин дунё хурсандӣ мекунед.
25Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло сер ҳастед, чунки гурусна хоҳед монд.
Вой бар ҳоли шумо, ки ҳоло механдед, зеро гирёну нолон хоҳед шуд.
26Вой бар ҳоли шумо, вақте ки ҳама шуморо таърифу тавсиф мекунанд, чунки аҷдодони ин одамон низ бо пайғамбарони бардурӯғ ҳамин тавр рафтор мекарданд.
Дӯст доштани душманон
27Ман ба шумо, ки суханамро мешунавед, мегӯям: душманонатонро дӯст доред ва ба онҳое, ки аз шумо нафрат доранд, некӣ кунед, 28барои онҳое, ки шуморо лаънат мекунанд, баракат талабед ва барои онҳое, ки ба шумо бадӣ мекунанд, дуои хайр гӯед.
29Агар касе ба як тарафи рӯятон занад, тарафи дигари рӯятонро ба ӯ гардонед ва агар касе ҷомаатонро кашида гирад, монед, ки куртаатонро ҳам бигирад.
30Ҳар кӣ аз шумо чизе талаб кунад, онро ба ӯ диҳед ва ҳар кӣ чизи шуморо бигирад, баргардондани онро талаб накунед.
31Пас, ҳар рафтореро, ки аз дигарон нисбати худ дидан хоҳед, ҳамон тавр аввал худи шумо нисбати дигарон рафтор кунед.
32Агар шумо фақат касонеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, чӣ ҷойи таъриф? Зеро гунаҳкорон ҳам дӯстдорони худро дӯст медоранд.
33Агар фақат ба касоне, ки ба шумо некӣ мекунанд, некӣ кунед, шумо чӣ ифтихоре доред? Зеро гунаҳкорон низ ҳамин тавр рафтор мекунанд.
34Агар ба касе қарз диҳеду умеди пас гирифтани онро дошта бошед, чӣ фоида дорад? Зеро гунаҳкорон низ ба гунаҳкорон қарз дода, интизори пас гирифтани он ҳастанд. 35Вале шумо душманонатонро дӯст доред, некӣ кунед ва қарз диҳеду интизори гирифтани он нашавед. Он гоҳ мукофоти бузурге насибатон гашта, фарзандони Худои Таоло хоҳед буд. Зеро Худо ба одамони бад ва кӯрнамак ҳам меҳрубонӣ мекунад. 36Пас, ҳамон тавре ки Падари шумо раҳмдил аст, шумо низ раҳмдил бошед.
Айбдор кардани дигарон
37Дигаронро айбдор накунед ва шумо низ айбдор карда намешавед. Ҳукм накунед ва ба ҳукм дучор намешавед. Ҳамаро бубахшед ва шумо низ бахшида мешавед. 38Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: то ба андозаи зиёди ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба шумо дода мешавад, зеро бо кадом санги тарозу, ки баркашед, бо ҳамон санг барои шумо бармекашанд».
39Ҳамчунин Ӯ масалеро ба онҳо гуфт: «Оё як кӯр ба кӯри дигар роҳ нишон дода метавонад? Магар ҳар дуяшон ба чоҳ намеафтанд? 40Шогирд аз устодаш баландтар нест. Аммо вақте ки пурра таълим мегирад, монанди устодаш мешавад.
41Чаро шумо хасро дар чашми бародари худ мебинеду кундаро, ки дар чашми худатон ҳаст, намебинед? 42Чӣ хел ҷуръат карда ба бародаратон мегӯед: „Эй бародар, иҷозат деҳ хасро аз чашмат барорам“, вақте ки кундаро дар чашми худ намебинед? Эй дурӯяҳо! Аввал кундаро аз чашми худатон бароред, он гоҳ дурусттар дида метавонед, ки чӣ хел хасро аз чашми бародаратон бароред.
Дарахт ва меваи он
43Ҳаргиз дарахти хуб меваи бад ва ё дарахти бад меваи хуб намедиҳад. 44Чӣ хел будани дарахт аз мевааш маълум мегардад. Аз буттаи хор анҷир намечинанд ва ё ҳосили ангур намегиранд. 45Шахси нек аз хазинаи неки дилаш некиро ва шахси бад аз хазинаи бади дилаш бадиро мебарорад, зеро он чизе ки дар дилатон ҳаст, лабрез шуда, аз забонатон берун меояд.
Бинокори дурандешу бинокори беақл
46Чаро Маро „Хоҷа! Хоҷа!“ меномеду гуфтаҳоямро иҷро намекунед? 47Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, гуфтаҳои Маро мешунаваду онҳоро иҷро мекунад. 48Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки обхезӣ мешаваду оби дарё хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст. 49Аммо касе, ки гуфтаҳои Маро мешунавад, вале иҷро намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор дар рӯйи хок сохтааст. Пас, вақте оби дарё хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта несту нобуд мешавад».

Currently Selected:

Луқо* 6: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in