YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 5

5
Интихоби шогирдони аввалин
1Як рӯз Исо дар канори баҳри Ҷинесор#5:1 Яке аз номҳои баҳри Ҷалил меистод ва мардуми бисёре, ки мехостанд каломи Худоро бишнаванд, аз ҳар тараф ба Ӯ фишор меоварданд. 2Исо ду қаиқеро дид, ки дар соҳили баҳр гузошта шуда буданд ва моҳигирон аз онҳо берун омада, тӯрҳоро мешустанд. 3Ӯ ба яке аз қаиқҳо, ки соҳибаш Шимъун буд, савор шуда, аз ӯ хоҳиш кард, ки қаиқро аз соҳил каме дуртар ронад. Баъд нишаста, аз қаиқ мардумро таълим медод. 4Дар охири суханаш Ӯ ба Шимъун ва ҳамроҳонаш гуфт: «Қаиқро ба мобайни баҳр бурда тӯрҳоятонро барои сайди моҳӣ ба об андозед». 5Шимъун ҷавоб дод: «Устод! Мо тамоми шаб заҳмат кашидем ва чизе сайд накардем, вале тӯрро ба об меандозем, чунки Ту мефармоӣ». 6Вақте ин корро карданд, он қадар моҳӣ сайд шуд, ки тӯрҳояшон ба кандан даромаданд. 7Пас, ба шарикони худ, ки дар қаиқи дигар буданд, ишорае карданд, то ба ёриашон биёянд. Онҳо омада, ҳар ду қаиқро то дараҷае аз моҳӣ пур карданд, ки қариб ғарқ мешуданд.
8Шимъуни Петрус ин ҳолатро дида, пеши пойҳои Исо афтода гуфт: «Эй Хоҷаам! Аз пеши ман биравед, чунки ман одами гунаҳкор ҳастам». 9Ӯ инро барои он гуфт, ки худаш ва ҳамроҳонаш аз сайди бешумори моҳиёне, ки ба даст оварда буданд, ба ҳайрат афтоданд. 10Яъқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъун буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъун гуфт: «Натарс, аз ин пас мардумро монанди моҳӣ ҷамъ мекунӣ».
11Сипас, моҳигирон қаиқҳоро ба соҳил бароварданд ва ҳамаи корҳояшонро партофта, Исоро пайравӣ карданд.
Шифо ёфтани марде, ки бемории пӯст дошт
12Исо дар шаҳре буд, ки дар он ҷо марде аз сар то по гирифтори бемории пӯст буд. Он бемор Исоро дида, рӯй ба замин ниҳоду илтимос кард: «Хоҷа, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок созӣ». 13Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва ҳамон дам пӯсташ сиҳат шуд.
14Баъд Исо ба ӯ амр дода гуфт: «Дар бораи ин воқеа ба касе нагӯй, балки рост назди коҳин рафта, худро нишон деҳ. Баъд барои пок шудани худ, чӣ тавре ки Мусо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба мардум шаҳодате гардад».
15Аммо ба ин нигоҳ накарда, овозаи Исо торафт паҳн мешуд. Шумораи зиёди мардум барои шифо ёфтан аз бемориҳои худ ва шунидани сухани Ӯ дар атрофаш ҷамъ меомаданд.
16Исо бошад, барои дуо кардан ба ҷойи беодам мерафт.
Шифо ёфтани марди шал
17Рӯзе Исо машғули таълим буд. Чанд нафар аз равияи фарисиён ва устодони шариат, ки аз Яҳудияву Уршалим ва тамоми деҳоти Ҷалил омада буданд, дар он ҷо менишастанд. Қудрати Худованд барои шифо додан бо Исо буд. 18Ҳамин вақт чанд нафар як марди шалро бо ҷогаҳаш бардошта оварданд. Онҳо кӯшиш карданд, ки ӯро ба даруни хона дароварда, дар пеши Исо гузоранд, 19вале аз сабаби бисёр будани мардум дароварда натавонистанд. Пас ба болои хона баромада, баъзе сафолҳои бомро гирифта, шалро бо ҷогаҳаш ба даруни хона, ба миёни мардум, пеши Исо фароварданд. 20Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Дӯстам! Гуноҳҳоят бахшида шуданд».
21Вале устодони шариату фарисиён аз дил гузаронданд: «Ин кист, ки суханони куфр мегӯяд? Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?» 22Исо бошад, фикри онҳоро фаҳмида, ҷавоб дод: «Чаро дар дили худ чунин фикрҳо доред? 23Кадомаш осонтар аст: гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез ва роҳ гард“? 24Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Ӯ ба шал гуфт: «Ба ту мегӯям, бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав!» 25Он мард дар пеши ҳама дарҳол аз ҷояш хест ва ҷогаҳашро, ки дар рӯйи он хобида буд, бардошта, Худоро ситоишкунон ба хонааш равона шуд.
26Ҳама ба ҳайрат афтода, Худоро ситоиш карданд ва пур аз тарсу ҳарос шуда, мегуфтанд: «Имрӯз чизҳои ҳайратангез дидем».
Даъват шудани Левӣ
27Баъд аз ин Исо берун рафт ва Левӣ ном андозгиреро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси ман биё» ва 28Левӣ бархест ва ҳама чизашро монда, аз паси Ӯ равона шуд.
29Левӣ дар хонаи худ барои Исо зиёфати калон орост. Шумораи зиёди андозгирон ва дигар меҳмонон дар сари дастархон менишастанд. 30Фарисиён ва устодони шариат ба шогирдони Исо шикоят карда гуфтанд: «Чаро шумо бо андозгирону гунаҳкорон мехӯреду менӯшед?» 31Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. 32Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват намоям».
Савол дар бораи рӯза
33Онҳо ба Исо гуфтанд: «Чаро шогирдони Яҳёи Таъмиддиҳанда зуд-зуд рӯза мегиранду дуо мехонанд, шогирдони фарисиён низ чунин мекунанд, вале шогирдони Ту мехӯранд ва менӯшанд?» 34Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Оё метавонед дӯстони домодро дар тӯйи арӯсӣ, модоме ки домод бо онҳост, маҷбур созед, ки рӯза гиранд? 35Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он гоҳ онҳо низ рӯза мегиранд».
36Баъд ба онҳо ин масалро гуфт: «Ҳеҷ кас аз либоси нав пораеро канда, ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ҳам либоси нав ҳайф мешавад ва ҳам ямоқ ё поргии нав ба либоси куҳна мувофиқ намеояд. 37Ҳамчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезад, чунки аз туруш шудани шароб халта медарад ва шароб мерезаду халта низ аз кор мебарояд. 38Баръакс, шароби навтайёршударо бояд ба халтаи нав резанд. 39Ҳеҷ кас баъд аз нӯшидани шароби куҳна шароби навро талаб намекунад, зеро мегӯяд, ки шароби куҳна хуб аст».

Currently Selected:

Луқо* 5: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in