YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 4

4
Аз озмоиш гузаштани Исо
1Исои пур аз Рӯҳулқудс аз соҳили дарёи Урдун баргашт ва Рӯҳулқудс Ӯро ба биёбон бурд. 2Он ҷо шайтон дар давоми чил рӯз Ӯро меозмоид. Исо тамоми он вақт ҳеҷ чиз нахӯрд ва дар охир сахт гурусна монд.
3Сипас, шайтон ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад». 4Исо ҷавоб дод: «Не, зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „инсон на фақат бо хӯрдани нон зинда аст“#4:4 Такрори Шариат 8:3». 5Баъд шайтон Ӯро ба баландӣ бурда, аз он ҷо дар як лаҳза ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро ба Ӯ нишон дода, 6-7 гуфт: «Агар Ту ба ман саҷда намоӣ, ман тамоми ихтиёри ҳукмронӣ кардан ва ҳамаи шукӯҳу зебоии онҳоро ба Ту медиҳам, зеро онҳо ба ман дода шудаанд ва ман онҳоро ба касе, ки хоҳам, медиҳам». 8Исо ба вай ҷавоб дод: «Дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „ба Худованд Худои худ саҷда намоед ва танҳо ба Ӯ хизмат кунед“#4:8 Такрори Шариат 6:13».
9Баъд шайтон Ӯро ба Уршалим бурда, ба ҷойи баландтарини маъбади Худо гузошт ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, Худро аз ин ҷо ба пойин парто. 10Зеро дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки
„Худо ба фариштагони Худ дар бораи Ту фармон хоҳад дод, ки Туро муҳофизат кунанд
11ва онҳо Туро дар болои дастонашон хоҳанд бардошт,
то ки поят ба санге назанад“#4:11 Забур 90:11-12».
12«Не! – ҷавоб дод Исо, – чунки дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки „Худованд Худои худро насанҷед“#4:12 Такрори Шариат 6:16». 13Баъд аз ин шайтон васвасаҳои худро бас кард ва то пайдо шудани фурсати мувофиқ аз Исо дур шуд.
Аз Исо рӯй гардондани ҳамдиёронаш
14Исо бо қуввати Рӯҳулқудс ба Ҷалил баргашт ва ин хабар дар сар то сари он вилоят паҳн шуд. 15Ӯ дар ҷамоатхонаҳо мардумро таълим медод ва ҳама Ӯро таъриф мекарданд.
16Ҳамин тавр Ӯ ба шаҳри Носира омад, ки дар он ҷо ба воя расида буд. Вай дар рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат аз рӯйи одат ба ҷамоатхона даромада, барои хондани навиштаҷот аз ҷояш бархест. 17Ба Ӯ китоби Ишаъё пайғамбарро доданд ва Исо онро кушода, ҷоеро ёфт, ки чунин навишта шуда буд:
18«Рӯҳи Худованд дар Ман аст,
зеро Ӯ Маро таъйин намудааст, ки ба бенавоён хушхабарро бирасонам.
Ӯ Маро фиристодааст, то озодии асирон, бино шудани кӯрон, раҳоии ситамдидагон
ва 19соли файзбахши Худовандро эълон намоям»#4:19 Ишаъё 61:1-2.
20Баъд Вай китобро пӯшида, ба ходим дод ва ба ҷояш нишаст. Дар ҷамоатхона ҳама бодиққат ба Ӯ нигоҳ мекарданд 21ва Ӯ ба сухан оғоз намуд: «Он навиштаҳоеро, ки ҳоло шунидед, имрӯз амалӣ гаштанд».
22Ҳама Исоро таъриф мекарданд ва аз суханони файзбахши Ӯ дар тааҷҷуб монда, мегуфтанд: «Магар Ӯ писари Юсуф нест?»
23Ӯ ба онҳо гуфт: «Медонам, ки ба Ман чунин масалро хоҳед гуфт: „Эй табиб! Худатро шифо деҳ“. Ва боз ба Ман мегӯед: „Дар диёри Худ низ муъҷизаҳоеро бикун, ки шунидаем дар шаҳри Кафарнаҳум кардаӣ“». 24Баъд суханашро давом дод: «Ба ростӣ мегӯям, ки ягон пайғамбар дар диёри худ қадр надорад. 25Ҳақиқатан ҳам дар замони Илёс пайғамбар, вақте ки сеюним сол борон наборид ва дар рӯйи замин гуруснагии сахте ба вуҷуд омад, дар Исроил бевазанони бисёре буданд, 26вале Илёс назди ҳеҷ яке аз онҳо фиристода нашуд. Ӯ танҳо ба назди як бевазане фиристода шуд, ки дар Сарфат ном шаҳри Сидун зиндагӣ мекард. 27Дар замони пайғамбар Элишоъ ҳам дар сарзамини Исроил бисёр касон бемории пӯст доштанд. Вале ба ғайр аз Наамон, ки аз Сурия буд, ҳеҷ кадоме аз онҳо шифо наёфт».
28Онҳое, ки дар ҷамоатхона буданд, аз шунидани чунин суханҳо ба ғазаб омаданд. 29Баъд аз ҷояшон бархеста, Исоро аз шаҳр берун карданд. Он шаҳр болои теппа сохта шуда буд ва онҳо Ӯро ба лаби ҷарӣ оварда хостанд аз он ҷо партоянд. 30Аммо Ӯ аз миёни онҳо гузашта, бо роҳи Худ равона шуд.
Шифо ёфтани марди ҷинзада
31Исо ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар Ҷалил аст, омада, дар рӯзи шанбе мардумро таълим медод. 32Одамон аз таълимоти Ӯ дар ҳайрат монданд, чунки суханонаш боқудрат буданд. 33Дар ҷамоатхона марде ҳузур дошт, ки дар вуҷудаш рӯҳи нопок, яъне ҷин ҷо шуда буд. Ӯ бо овози баланд фарёд зада гуфт: 34«Моро ба ҳоламон гузор! Ту ба мо чӣ кор дорӣ, эй Исои Носирӣ? Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси поки Худо ҳастӣ!» 35Вале Исо ҷинро сарзаниш карда фармуд: «Хомӯш шав ва аз вай берун баро!» Ҷин мардро дар пеши назари ҳама ба замин партофт ва ба он мард ҳеҷ зараре нарасонда, аз вай берун баромад. 36Ҳама ба ҳайрат афтода, ба якдигар мегуфтанд: «Ин чӣ гап аст?! Ӯ бо қудрату қувват ба рӯҳҳои нопок амр медиҳад ва онҳо берун мебароянд!»
37Овозаи Исо дар тамоми он вилоят паҳн мешуд.
Шифо ёфтани бисёр одамон
38Исо аз ҷамоатхона баромада, ба хонаи Шимъун ном марде рафт. Хушдомани Шимъун таби баланд дошт ва аз Исо хоҳиш карданд, ки ба ин зан ёрӣ диҳад. 39Исо болои сари ӯ хам шуда, ба таб фармон дод ва он паст шуд. Зан дарҳол аз ҷояш хеста, ба меҳмондории онҳо машғул шуд.
40Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба бемориҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо оварданд. Ӯ дасти Худро болои ҳар яке аз онҳо мегузошту шифо медод. 41Ҳамчунон ҷинҳо «Ту Писари Худо ҳастӣ!» гуфта, фарёдзанон аз бисёр касон берун мебаромаданд. Аммо Ӯ онҳоро сарзаниш карда, ба онҳо иҷозати гап заданро намедод, чунки онҳо медонистанд, ки Ӯ Масеҳи Худо аст.
Исо дар ҷамоатхонаҳо таълим медиҳад
42Вақте ки субҳ дамид, Исо берун баромада, ба ҷойи беодам рафт. Вале мардум Ӯро ҷустуҷӯ карда, ба наздаш омаданд ва илтимос карданд, ки аз наздашон наравад. 43Ӯ бошад, ба онҳо гуфт: «Ман бояд хушхабари Подшоҳии Худоро ба шаҳрҳои дигар ҳам бирасонам, чунки бо ҳамин мақсад фиристода шудаам».
44Ва Ӯ дар ҷамоатхонаҳои тамоми сарзамини Яҳудия хушхабарро эълон мекард.

Currently Selected:

Луқо* 4: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in