YouVersion Logo
Search Icon

Луқо* 3

3
Паёми Яҳё
1-2 Дар замони саркоҳин будани Ҳонон ва Қаёфо аз ҷониби Худо ба Яҳёи писари Закарё дар биёбон пайғоме расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии шоҳаншоҳ Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус ҳокими Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар сарзамини Итурияву Тарохунитис ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд.
3Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, мардумро насиҳат мекард. Ӯ ба онҳо мегуфт, ки барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳ даст кашанд ва дар об таъмид бигиранд, ки рамзи шуста шудани гуноҳҳо мебошад. 4Чуноне ки дар китоби Ишаъё пайғамбар дар бораи вай навишта шудааст:
«Касе дар биёбон фарёд зада мегӯяд:
„Барои Худованд роҳро тайёр кунед ва онро рост намоед!
5Бигзор ҳар водӣ баланд шавад,
ҳар кӯҳу теппа ба ҳамворӣ мубаддал гардад.
Бигзор роҳҳои каҷ рост шаванд
ва роҳҳои пасту баланд ҳамвор,
6он гоҳ ҳар як ҷони зинда наҷоти Худоро мебинад!“#3:6 Ишаъё 40:3-5»
7Мардуми зиёде назди Яҳё меомаданд, то аз дасти ӯ таъмид бигиранд ва ӯ ба онҳо мегуфт: «Эй морзодагон! Кӣ шуморо огоҳ кард, ки аз ҷазои дарпешистода гурехта метавонед?! 8Тавба кунед ва самаре оваред, ки тавбаи шуморо нишон диҳад! Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. 9Табар аллакай бар решаи дарахтон гузошта шудааст ва ҳар дарахте, ки самари хуб намеоварад, бурида ба оташ партофта мешавад».
10Мардум аз ӯ мепурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» 11Яҳё ҷавоб дод: «Касе, ки ду курта дорад, яктояшро ба касе диҳад, ки курта надорад ва ҳар кӣ хӯрок дорад, низ чунин кунад». 12Андозгирон ҳам, ки барои таъмид гирифтан омада буданд, аз ӯ пурсиданд: «Устод, мо чӣ кор кунем?» 13Ба онҳо гуфт: «Бештар аз он андозе, ки бароятон муқаррар карда шудааст, аз мардум наситонед». 14Сарбозон низ аз ӯ пурсиданд: «Пас, мо чӣ кор кунем?» Яҳё гуфт: «Касеро бо зӯриву туҳмати ноҳақ ғорат накунед ва ба маоши худ қаноат намоед».
15Мардум интизори омадани Масеҳ, яъне Таъйиншудаи Худо буданд ва баъд аз шунидани гуфтаҳои Яҳё ба худ гуфтанд, ки шояд Яҳё Масеҳ аст. 16Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале аз ман Тавонотаре меояд, ки шуморо бо Рӯҳулқудс ва оташ таъмид медиҳад. Ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзори Ӯ нестам. 17Дар дасти Ӯ барои бод додани гандум сешоха тайёр аст, то ки хирмани Худро тоза карда, гандумро дар анбораш ҷамъ кунад, вале каҳро дар оташи хомӯшнашаванда сӯзонад».
18Ҳамин тавр Яҳё бо насиҳатҳои зиёде хушхабарро ба мардум мерасонд.
19Яҳё ҳоким Ҳиродусро ҳам барои он ки ҳамсари бародари худаш Ҳиродияро ба занӣ гирифта буд ва барои ҳамаи корҳои бадаш сарзаниш мекард. 20Ҳиродус бошад бар замми ҳамаи кирдори бадаш, боз Яҳёро ба зиндон андохт.
Таъмиди Исо
21Инак, вақте ки ҳамаи мардум таъмид мегирифтанд, Исо низ таъмид гирифт. Ҳангоме ки Ӯ дуо карда истода буд, осмон кушода шуд ва 22Рӯҳулқудс дар шакли кабӯтаре болои Ӯ фаромад. Он гоҳ садое аз осмон баромад: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хеле хушнудам!»
Аҷдодони Исо
23Вақте ки Исо хизмати Худро сар кард, тақрибан сисола буд ва ҳама гумон мекарданд, ки Ӯ писари Юсуф аст. Юсуф бошад, писари Элӣ, 24Элӣ писари Маттот, Маттот писари Левӣ, Левӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Яннай, Яннай писари Юсуф, 25Юсуф писари Матитё, Матитё писари Омӯс, Омӯс писари Наҳум, Наҳум писари Ҳеслӣ, Ҳеслӣ писари Наҷҷай, 26Наҷҷай писари Маҳат, Маҳат писари Матитё, Матитё писари Шимъӣ, Шимъӣ писари Юсуф, Юсуф писари Яҳудо, 27Яҳудо писари Юҳонон, Юҳонон писари Решо, Решо писари Зарубобил, Зарубобил писари Шаалтиил, Шаалтиил писари Нерӣ, 28Нерӣ писари Малкӣ, Малкӣ писари Аддӣ, Аддӣ писари Қусом, Қусом писари Элмадом, Элмадом писари Эр, 29Эр писари Юсӣ, Юсӣ писари Элиазар, Элиазар писари Юрим, Юрим писари Маттот, Маттот писари Левӣ, 30Левӣ писари Шимъун, Шимъун писари Яҳудо, Яҳудо писари Юсуф, Юсуф писари Юном, Юном писари Элёқим, 31Элёқим писари Малё, Малё писари Мино, Мино писари Матато, Матато писари Нотон, Нотон писари Довуд, 32Довуд писари Ишой, Ишой писари Убид, Убид писари Бӯаз, Бӯаз писари Салмун, Салмун писари Наҳшун, 33Наҳшун писари Амминодоб, Амминодоб писари Адамин, Адамин писари Ҳорнӣ, Ҳорнӣ писари Ҳесрун, Ҳесрун писари Порас, Форас писари Яҳудо, 34Яҳудо писари Яъқуб, Яъқуб писари Исҳоқ, Исҳоқ писари Иброҳим, Иброҳим писари Тораҳ, Тораҳ писари Ноҳур, 35Ноҳур писари Саруҷ, Саруҷ писари Рау, Рау писари Фолаҷ, Фолаҷ писари Эбар, Эбар писари Шолаҳ, 36Шолаҳ писари Қенон, Қенон писари Арпакшад, Арпакшад писари Сом, Сом писари Нӯҳ, Нӯҳ писари Ломак, 37Ломак писари Матушолаҳ, Матушолаҳ писари Ҳанух, Ҳанух писари Ёрад, Ёрад писари Маҳалалъил, Маҳалалъил писари Қенон, 38Қенон писари Анӯш, Анӯш писари Шет, Шет писари Одам ва Одам писари Худо буданд.

Currently Selected:

Луқо* 3: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in