Луқо* 2
2
Таваллуди Исо
1Дар он замон шоҳаншоҳ Августус фармон баровард, ки дар саросари шоҳаншоҳӣ саршумории аҳолӣ гузаронида шавад. 2Вақте ки ин саршуморӣ гузаронида мешуд, Куриниюс ҳокими Сурия буд. 3Ҳар кас барои ба қайд гирифтани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт. 4Азбаски Юсуф аз насли шоҳ Довуд буд, ӯ низ аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил ба шаҳри Байт-Лаҳми сарзамини Яҳудия рафт, зеро ин шаҳр зодгоҳи шоҳ Довуд буд. 5Ӯ номзадаш Марямро, ки ҳамон вақт ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад.
6Ҳангоме ки онҳо дар Байт-Лаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид. 7Марям писари калониашро таваллуд кард ва лӯлапеч намуда, дар охур хобонд, чунки дар меҳмонхона барои онҳо ҷое ёфт нашуд.
Чӯпонҳо ва фариштаҳо
8Дар даштҳои атрофи он шаҳр чӯпононе буданд, ки шабона рамаи худро посбонӣ мекарданд. 9Фариштаи Худованд бар онҳо зоҳир гардид ва нури Худованд дар атрофашон дурахшид. Чӯпонҳо сахт тарсиданд. 10Аммо фаришта ба онҳо гуфт: «Натарсед, ман ба шумо хушхабареро овардаам, ки тамоми мардум аз он хеле шод мегарданд. 11Имрӯз барои шумо дар шаҳри шоҳ Довуд Наҷотдиҳандае ба дунё омад, ки Ӯ Масеҳ ва Худованд аст. 12Ба шумо ҳамин аломат мешавад, ки тифли лӯлапечшударо дар охуре хобондашуда меёбед». 13Ногаҳон бо он фаришта дар осмон ҳазорҳо фариштагони дигар пайдо шуданд, ки Худоро ҳамду сано хонда, мегуфтанд:
14«Бигзор номи Худо дар осмонҳо шуҳрату ҷалол ёбад
ва дар рӯйи замин дар байни онҳое, ки писандидаи Ӯ ҳастанд,
сулҳу осоиштагӣ бошад!»
15Баъд фариштагон аз назди онҳо дур шуда, дар осмон нопадид гаштанд ва чӯпонон ба якдигар мегуфтанд: «Биёед, ба Байт-Лаҳм биравем ва он ҳодисаи рӯйдодаро, ки Худованд ба воситаи фаришта ба мо расонд, бубинем». 16Онҳо бошитоб рафта, Маряму Юсуф ва он кӯдакро, ки дар охур хобида буд, ёфтанд. 17Чун он кӯдакро диданд, он чизеро, ки дар борааш шунида буданд, ба ҳама нақл карданд. 18Ҳамаи шунавандагон аз нақли чӯпонҳо ҳайрон шуданд. 19Вале Марям чизи шунидаашро дар дил нигоҳ дошта, дар борааш андеша мекард.
20Чӯпонҳо баргашта, барои чизҳои шунидаву дидаашон Худоро ситоиш намуда, ба Ӯ ҳамду сано мехонданд, зеро ҳамаи он чизе, ки ба онҳо гуфта шуда буд, иҷро шуд.
Исо дар маъбади Худо
21Баъд аз ҳашт рӯз вақти хатнаи кӯдак фаро расид ва Ӯро Исо номиданд. Ин номро фаришта ҳанӯз пеш аз пайдо шудани Ӯ дар батни модараш дода буд.
22Ҳамин ки вақти покшавии онҳо, ки мувофиқи шариати Мусо буд, фаро расид, Юсуфу Марям кӯдакро ба Уршалим оварданд, то ки ба Худованд пешкаш намоянд. 23Зеро дар шариати Худованд навишта шудааст: «Ҳар писари аввалин бояд ба Худо бахшида шавад»#2:23 Хуруҷ 13:2, 12. 24Онҳо инчунин барои он омаданд, ки аз рӯйи шариат як ҷуфт мусича ва ё ду чӯҷаи кабӯтарро қурбонӣ кунанд#2:24 Ибодат 12:8 .
25Дар шаҳри Уршалим Шимъун ном марде зиндагӣ мекард, ки худотарсу некукор буд ва замони наҷот ёфтани халқи Исроилро интизор буд. Рӯҳулқудс бо Шимъун буд 26ва ба Шимъун гуфта буд: «То Масеҳи Худованд, яъне Таъйиншудаи Ӯро набинӣ, намемирӣ». 27Бо роҳнамоии Рӯҳулқудс Шимъун ба маъбади Худо рафт. Худи ҳамон рӯз падару модари Исо ҳам кӯдакро барои иҷро намудани маросими шариат ба он ҷо оварданд.
28Шимъун кӯдакро ба оғӯш гирифт ва Худоро ҳамду сано хонда гуфт:
29«Эй Худованд, Ту ваъдаатро иҷро кардӣ.
Ман бандаат ҳастам
ва акнун аз ин дунё хотирҷамъ меравам,
30зеро чашмонам наҷоти Туро диданд.
31Ту онро дар ҳузури ҳамаи халқҳо муҳайё кардӣ.
32Ӯ нурест, ки Туро ба ғайрияҳудиён ошкор мекунад
ва ба халқи Исроилат шуҳрату ҷалол меорад».
33Падару модари Исо аз чунин суханон дар бораи кӯдак ҳайрон шуданд. 34Шимъун ба онҳо дуои нек дода, ба Марями модари Исо гуфт: «Ин кӯдак боиси ё афтодан ё бархостани бисёре аз исроилиён таъйин шудааст. Ӯ аломате аз Худо мешавад, ки бар зидди Ӯ сухан хоҳанд гуфт, 35то ки фикрҳои дили бисёриҳо ошкор шавад. Ғам ҳамчун шамшер дили туро низ пора мекунад».
36Дар маъбади Худо Ҳано ном пайғамбарзане буд, ки падараш Фануил ном дошт. Ӯ аз қабилаи Ошер буд. Ҳано хеле пир шуда буд. Вай баъд аз ба шавҳар баромадан ҳамагӣ ҳафт сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда буд. 37Ин зани ҳаштоду чорсола, ки бева монда буд, ҳеҷ вақт аз маъбади Худо намерафт ва шабу рӯз бо дуову рӯза хизмату ибодат мекард. 38Вай низ худи ҳамон лаҳза пеш омаду Худоро шукргӯён ба ҳамаи онҳое, ки интизори озод шудани Уршалим буданд, дар бораи ин кӯдак гап зад.
Бозгашт ба Носира
39Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯйи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ – Носираи Ҷалил баргаштанд.
40Кӯдак калон шуда, қавӣ мегашт ва боҳикмат мешуд. Ӯ писандидаи Худо буд.
Исои наврас дар маъбади Худо
41Ҳар сол падару модари Исо барои ҷашн гирифтани иди Наҷот ба Уршалим мерафтанд. 42Вақте ки Исо дувоздаҳсола шуд, онҳо аз рӯйи урфу одат ба он ҷо рафтанд. 43Баъд аз он ки рӯзҳои ид ба охир расид, онҳо ба шаҳри худ равона шуданд, вале Исои наврас дар Уршалим монд. Падару модараш аз ин бехабар буданд. 44Онҳо гумон доштанд, ки Ӯ ҳамроҳи дигарон равона аст ва тамоми рӯз сафарашонро давом доданд. Дертар Ӯро дар миёни дӯстону хешони худ ҷустуҷӯ карданд 45ва чун наёфтанд, ба Уршалим барои ҷустуҷӯяш баргаштанд. 46Баъд аз се рӯз Ӯро дар маъбади Худо ёфтанд, ки дар байни муаллимон нишаста, суханонашонро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод. 47Ҳамаи шунавандагон аз доноиву ҷавобҳояш дар ҳайрат монданд. 48Падару модараш Ӯро дида, ҳайрон шуданд ва Марям аз Ӯ пурсид: «Писарам, чаро бо мо чунин рафтор кардӣ? Ману падарат сахт хавотир шуда Туро ҷустуҷӯ кардем». 49Исо гуфт: «Чаро Маро ҷустуҷӯ кардед? Магар шумо намедонистед, ки Ман бояд дар хонаи Падарам бошам?» 50Вале онҳо маънои суханони Ӯро нафаҳмиданд.
51Ӯ бо падару модараш ба Носира баргашт ва ба онҳо итоат мекард. Марям бошад, ҳамаи инро дар дил нигоҳ медошт.
52Исо дар баробари ба воя расиданаш дар ҳикмат ҳам бузург мешуд ва торафт бештар писандидаи Худову мардум мегашт.
Currently Selected:
Луқо* 2: KMO
Highlight
Share
Copy
Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад