YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 25

25
Павлус дар ҳузури ҳоким Фестус
1Фестуси ҳоким се рӯз пас аз он ки ба Қайсария омад, ба шаҳри Уршалим сафар кард. 2Коҳинони калон ва роҳбарони яҳудӣ ба ҳоким аз Павлус шикоят карданд ва илтимос намуданд, 3ки меҳрубонӣ намуда, ӯро ба Уршалим оварад. Онҳо қасд доштанд, ки Павлусро дар роҳ кушанд. 4Фестуси ҳоким дар ҷавоб гуфт: «Павлусро дар шаҳри Қайсария нигоҳ медоранд ва худи ман ба наздикӣ ба он ҷо меравам. 5Роҳбарони шумо бо ман раванд. Агар он одам айбе дошта бошад, бигзор даъво кунанд».
6Сипас, ҳашт ё даҳ рӯз дар Уршалим монда, ба Қайсария баргашт. Рӯзи дигар Фестуси ҳоким бар курсии доварӣ нишаста фармуд, ки Павлусро биёранд. 7Чун оварданд, яҳудиёне, ки аз Уршалим омада буданд, гирди ӯро гирифта, ба гардани ӯ айбҳои зиёду вазнинро бор карданд. Аммо ҳеҷ яки онро исбот карда наметавонистанд. 8Павлус худро сафед карда, гуфт: «На бар зидди шариати яҳудиён гуноҳ кардааму на бар зидди маъбади Худо ва на бар зидди шоҳаншоҳи Рум».
9Фестуси ҳоким дили яҳудиёнро ёфтанӣ шуда, аз Павлус пурсид: «Мехоҳӣ, ки ба Уршалим равӣ, то ки кори туро дар он ҷо дида бароям?»
10Павлус гуфт: «Ман ҳоло дар назди курсии доварии шоҳаншоҳи Рум истодаам ва бояд дар ин ҷо доварӣ карда шавам. Чунон ки худатон нағз медонед, ман ба яҳудиён ягон бадие накардаам. 11Агар ҷинояте ё коре карда бошам, ки сазовори марг бошад, аз мурдан намегурезам, лекин агар дар ин ҳама даъвоҳои яҳудиён айбе надошта бошам, касе ҳақ надорад, ки маро ба дасти онҳо супорад. Ман доварии шоҳаншоҳи Румро талаб мекунам!»
12Сипас, Фестуси ҳоким бо маслиҳатчиёнаш гап зада, ба Павлус гуфт: «Азбаски доварии шоҳаншоҳи Румро талаб кардӣ, ба назди шоҳаншоҳи Рум меравӣ!»
Ҳоким Фестус аз шоҳ Агрипос маслиҳат мепурсад
13Баъди чанд рӯз шоҳ Агрипос ва хоҳараш Берникӣ ба шаҳри Қайсария омаданд, то Фестуси ҳокимро хайрамақдам гӯянд. 14Онҳо дар он ҷо чанд рӯз монданд. Фестуси ҳоким кори Павлусро ба шоҳ Агрипос нақл карда, гуфт: «Ин ҷо одаме ҳаст, ки Феликс ӯро дар зиндон мондааст. 15Вақте ки дар Уршалим будам, коҳинони калон ва пирони яҳудӣ дар бораи ӯ ба ман нақл карда, талаб намуданд, ки ӯро маҳкум кунам. 16Аммо дар ҷавоби онҳо гуфтам, ки румиён чунин одат надоранд, ки касеро бечуну чаро ба дасти даъвогаронаш супоранд. Аввал мо бояд ӯро бо даъвогаронаш рӯ ба рӯ кунем ва ба ӯ имконият диҳем, ки худро сафед намояд. 17Барои ҳамин, вақте ки онҳо бо ман омаданд, корро кашол надода, рӯзи дигар бар курсии доварӣ нишастам ва фармудам, ки Павлусро биёранд. 18Аммо даъвогаронаш бархоста, ӯро бо ҳеҷ як айбе, ки ман гумон доштам, айбдор накарданд. 19Танҳо дар бораи чанд масъалаи диниашон ва дар бораи кадом як Исо бо вай баҳс мекарданд, ки гӯё мурдааст, валекин Павлус таъкид мекунад, ки Ӯ зинда аст. 20Азбаски сару нӯги ин масъаларо наёфтам, аз ӯ пурсидам, ки оё ба Уршалим рафтан мехоҳад, то ки кори ӯ дар он ҷо дида шавад. 21Аммо Павлус талаб намуд, ки то замони аз тарафи шоҳаншоҳ додхоҳӣ шуданаш ин ҷо нигоҳ дошта шавад. Сипас, фармон додам, ки ӯро то вақти ба назди шоҳаншоҳи Рум фиристоданам посбонӣ кунанд».
22Шоҳ Агрипос ба Фестуси ҳоким гуфт: «Ман низ шахсан мехоҳам сухани ӯро шунавам!»
Фестус гуфт: «Пагоҳ мешунавед!»
Павлус дар ҳузури шоҳ Агрипос
23Рӯзи дигар Агрипос ва Берникӣ бодабдаба омада, ба маҷлисгоҳ даромаданд. Мириҳазорон ва калоншавандагони шаҳр онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Бо фармони Фестуси ҳоким Павлусро оварданд. 24Сипас, Фестус гуфт: «Шоҳ Агрипос ва ҳамаи ҳозирон! Шумо мардеро мебинед, ки дар бораи ӯ тамоми яҳудиёни шаҳрҳои Уршалиму Қайсария ба ман шикоят мекунанд. Онҳо доду фарёд бардошта, мегӯянд, ки ӯ набояд зинда монад. 25Аммо ман дарёфтам, ки ӯ коре накардааст, ки сазовори марг бошад. Вале, чун худаш доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намуд, ман қарор додам, ки ӯро ба Рум фиристам. 26Аммо дар бораи ӯ ягон чизи аниқ надорам, ки ба шоҳаншоҳам нависам. Барои ҳамин ӯро назди ҳамаи шумо ва хусусан назди шумо, шоҳ Агрипос овардам, то ки баъди дида баромадани масъала чизе барои навиштанам пайдо шавад. 27Агар бандиро бе айбнома фиристам, аз рӯйи хирад намешавад».

Currently Selected:

Корнома* 25: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in