YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 26

26
1Шоҳ Агрипос ба Павлус гуфт: «Метавонӣ худро ҳимоя намоӣ».
Павлус дасташро боло карда, барои муҳофизати худ гуфт: 2-3 «Шоҳ Агрипос! Азбаски шумо расму ойин ва масъалаҳои баҳсноки яҳудиёнро ба хубӣ медонед, хушбахтам, ки имрӯз худро дар пеши шумо аз ҳама айбҳое, ки яҳудиён ба гарданам бор мекунанд, сафед карда метавонам. Барои ҳамин хоҳишмандам бо сабру тоқат ба суханам гӯш диҳед.
4Инак тарзи зиндагии ман ба ҳама яҳудиён маълум аст. Зеро аз ҷавониам дар байни халқи худ ва дар Уршалим зиндагӣ кардаам. 5Онҳо дер боз маро мешиносанд ва агар хоҳанд, метавонанд тасдиқ намоянд, ки ман мувофиқи сахтгиртарин мазҳаби мо, яъне ҳамчун фарисӣ зиндагӣ мекардам. 6Ҳоло бошад, барои умедам ба ваъдаи Худо, ки ба падаркалонҳоямон дода шуда буд, маро ҳукм мекунанд, 7яъне барои ваъдае, ки дувоздаҳ қабилаи Исроил шабу рӯз Худоро парастиш намуда, интизори иҷрошавияш мебошанд. Шоҳ Агрипос, ана барои ҳамин умед яҳудиён маро айбдор мекунанд. 8Эй мардум, охир чаро шумо бовар карда наметавонед, ки Худо мурдагонро зинда мекунад?
9Ман низ худ ба худ фикр мекардам, ки бояд бар зидди номи Исои Носирӣ корҳои зиёдро анҷом диҳам. 10Дар Уршалим бо ҳамин кор машғул будам. Аз коҳинони калон иҷозат гирифта, бисёр касонро аз халқи Худо ба зиндон мепартофтам. Вақте ки онҳоро ба марг месупурданд, ман тарафдорӣ мекардам. 11Дар ҳамаи ҷамоатхонаҳо гашта, бисёр вақт пайравони ин Роҳро ҷазо медодам ва маҷбур мекардам, ки имонашонро рад кунанд. Азбаски хашму ғазабам бар онҳо аланга мезад, ҳатто ба шаҳрҳои дурдаст мерафтам, то ки онҳоро дастгир карда, азоб диҳам.
12Рӯзе бо супориш ва иҷозати коҳинони калон ба шаҳри Димишқ сафар мекардам. 13Эй шоҳ, ҳангоми нисфирӯзӣ дар роҳ нури осмониеро дидам, ки аз офтоб равшантар буд. Он нур ману ҳамроҳонамро фаро гирифт. 14Мо ҳама ба замин афтодем.
Сипас, овозеро шунидам, ки бо забони ибрӣ мегуфт: „Шоул, Шоул! Чаро Маро озор медиҳӣ? Оё ба сӯзан мушт задан дарднок нест?“ 15Ман гуфтам: „Эй Аълоҳазрат, Ту кистӣ?“ Ҷавоб дод: „Ман ҳамон Исоям, ки озораш медиҳӣ. 16Ҳоло бархеста, рост исто. Ман ба ту зоҳир шудам, то ки туро хизматгор ва шоҳиди Худ гардонам. Шоҳиди он, ки Маро дидӣ ва шоҳиди он чизҳое, ки ба ту нишон хоҳам дод. 17Ман туро аз дасти халқат ва ғайрияҳудиён халос мекунам. Туро назди ғайрияҳудиён мефиристам, 18то ки чашмони онҳоро кушоӣ, онҳоро аз торикӣ ба равшанӣ барорӣ ва аз зери қудрати шайтон ба сӯйи Худо барӣ. Баъд гуноҳҳои онҳо бахшида мешавад ва дар байни онҳое ки бо имон ба Ман пок гардидаанд, ба худ ҷое пайдо мекунанд“.
19Бинобар ин, шоҳ Агрипос, ман ба он чи аз осмон аён шуд, беитоатӣ накардам, 20балки аввало дар шаҳрҳои Димишқу Уршалим, сипас дар саросари сарзамини Яҳудия ва ба ғайрияҳудиён эълон намудам, ки тавба кунанд ва ба Худо рӯй оварда, мувофиқи тавбаашон амал кунанд. 21Аз ин сабаб яҳудиён маро дар маъбади Худо дастгир намуда, куштанӣ шуданд. 22Аммо бо ёрии Худо то ҳанӯз ба хурду калон шаҳодат медиҳам. Ман фақат ҳамон чизҳоеро мегӯям, ки пайғамбарон ва Мусо пешгӯйӣ карда буданд, 23ки Таъйиншудаи Худо бояд азоб мекашид ва аввалин шуда аз мурдаҳо зинда мешуд, то ба халқи мо ва ба ғайрияҳудиён нурро эълон намояд».
24Вақте Павлус бо чунин суханон худро сафед мекард, Фестуси ҳоким бо овози баланд гуфт: «Павлус, ту аз ақл бегона шудаӣ, дониши бисёр туро гаранг кардааст!»
25Аммо Павлус гуфт: «Фестуси олимақом, ман аз ақл бегона нашудаам, балки каломи ҳақ ва солимро мегӯям. 26Шоҳ Агрипос аз ин чизҳо бохабар аст. Аз ин сабаб ман дар наздаш далерона сухан мегӯям, зеро бовар намекунам, ки чизе дар ин бора аз ӯ пӯшида бошад. Охир ин ҳама дар кадом як кунҷаке рӯй надода буд. 27Шоҳ Агрипос, оё ба гуфтаҳои пайғамбарон имон доред?! Медонам, ки имон доред!»
28Агрипос ба Павлус гуфт: «Оё дар як лаҳзаи кӯтоҳ маро масеҳӣ кардан мехоҳӣ?!»
29Павлус гуфт: «Аз Худо хоҳиш дорам, ки дар лаҳзаи кӯтоҳ ё дароз, на танҳо шумо, балки ҳамаи шунавандагони имрӯза мисли ман шаванд, лекин бе ин занҷирҳо».
30Сипас, шоҳ Агрипос аз ҷояш хест ва Фестуси ҳоким, Берникӣ ва ҳамаи ҳамроҳонашон низ хестанд. 31Ҳангоми баромадан онҳо ба ҳамдигар гуфтанд, ки ин одам коре накардааст, ки сазовори марг ё зиндон бошад. 32Дар охир Агрипос ба Фестус гуфт: «Агар ӯ доварии шоҳаншоҳи Румро талаб намекард, ӯро озод кардан мумкин буд».

Currently Selected:

Корнома* 26: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in