YouVersion Logo
Search Icon

Корнома* 24

24
Павлус дар ҳузури ҳоким Феликс
1Баъди панҷ рӯз Ҳанониёи саркоҳин ҳамроҳи баъзе пирон ва Тартуллус ном ҳуқуқшинос омада, аз Павлус ба ҳоким шикоят карданд. 2Вақте ки Павлусро гирифта оварданд, Тартуллус ба айбдоркунӣ сар карда гуфт:
«Феликси олимақом! Бо роҳбарии шумо муддати дароз аст, ки мо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекунем ва чорабиниҳои шумо ба халқи мо беҳбудиҳои зиёд бахшидаанд. 3Мо дар ҳама ҷо тамоми некиҳои шуморо бо миннатдорӣ ёд мекунем. 4Ҳоло, барои он ки шуморо зиёд заҳмат надиҳам, меҳрубонӣ намуда, арзи кӯтоҳи моро шунавед. 5Мо дарёфтем, ки ин одам шӯрандоз буда, дар байни ҳамаи яҳудиёни олам ошӯб меангезад. Ҳамчунин вай роҳбари ҳизби носирӣ мебошад. 6Ӯ ҳатто хост, ки маъбади Худоро ҳаром кунад, лекин мо ӯро дастгир кардем. 7-8 Вақте ки ӯро дар бораи ҳамаи ин чизҳо пурсуҷӯ мекунед, худатон мефаҳмед, ки барои чӣ мо ӯро айбдор мекунем».
9Яҳудиён низ суханони Тартуллусро тарафдорӣ намуда гуфтанд, ки ҳамаи ин гап рост аст.
Ҳимояи Павлус
10Ҳоким Феликс ба Павлус ишора намуд, ки гап занад. Павлус ҷавоб дод: «Ман медонам, ки шумо солҳои зиёд ин халқро доварӣ мекунед. Бино бар ин, метавонам дилпурона худро дар пеши шумо сафед кунам. 11Ман дувоздаҳ рӯз пеш ба Уршалим барои парастиш омадам, шумо худатон инро тафтиш карда метавонед. 12На дар маъбади Худо, на дар ҷамоатхонаҳо ва на дар кӯчаҳои шаҳр айбдоркунандагонам маро надидаанд, ки бо касе баҳс карда бошам ё мардумро ба шӯр андохта бошам. 13Ҳама чизҳое, ки маро дар он айбдор намуда, ба шумо мегӯянд, беасос аст. 14Лекин ба шумо росташро мегӯям, ман мувофиқи Роҳи Худованд, ки яҳудиён онро ҳизб меноманд, ба Худои падаронамон хизмат мекунам. Ҳамчунин ба ҳама чизе, ки дар шариати Мусову навиштаҷоти пайғамбарон аст, бовар мекунам. 15Ман ба Худо умед бастаам, чунон ки онҳо низ умедворанд, ки ҳам росткорону ҳам бадкорон баъди мурдан зинда хоҳанд шуд. 16Бино бар ин, ҳамеша кӯшиш мекунам, ки дар назди Худову одамон виҷдони пок дошта бошам.
17Ҳоло баъди чандин сол омадам, то ки ба камбағалони халқам кӯмаки пулие расонам ва қурбониҳо кунам. 18Ҳангоме ки дар маъбади Худо маросими покшавиро ба анҷом расондам ва дар наздам на мардум буданду на ғавғо, ин одамон маро ёфтанд. 19Дар он ҷо баъзе яҳудиёни вилояти Осиё буданд ва агар бар зидди ман чизе медоштанд, мебоист ба назди шумо омада, маро айбдор мекарданд. 20Ё худи инҳо гӯянд, вақте ки дар пеши шӯрои пирон меистодам, барои кадом ҷиноят маро айбдор ёфтаанд. 21Шояд айби ман дар он буд, ки дар назди онҳо чунин фарёд задам: „Имрӯз шумо маро барои умеди зиндашавии мурдагон ҳукм мекунед“».
22Сипас, Феликси ҳоким, ки дар бораи Роҳи Худованд маълумоти бештар дошт, муҳокимаро ба вақти дигар монда гуфт: «Вақте ки мириҳазор Лисиёс меояд, ман масъалаи шуморо дида мебароям».
23Ҳамчунин ба мирисад фармуд, ки Павлусро посбонӣ кунад, лекин каме озодӣ бахшад ва иҷозат диҳад, ки дӯстонаш ба ӯ хизмат кунанд.
24Баъди чанд рӯз Феликс бо ҳамсараш Друсилла, ки яҳудӣ буд, омад. Феликс Павлусро даъват карда, суханашро дар бораи имон ба Исои Масеҳ гӯш кард. 25Аммо вақте ки Павлус дар бораи росткорӣ, худдорӣ ва рӯзи қиёмат мегуфт, Феликсро тарс фаро гирифт. Ӯ гуфт: «Ҳоло ба ту ҷавоб, чун вақт ёбам, туро боз даъват мекунам».
26Феликси ҳоким умедвор буд, ки Павлус ба ӯ пора медиҳад, бинобар ин зуд-зуд Павлусро даъват карда, бо ӯ суҳбат меорост.
27Аммо баъди ду сол ба ҷойи ҳоким Феликс ҳокими нав Поркиюс Фестус таъйин шуд. Азбаски Феликс ба яҳудиён писанд омадан мехост, Павлусро дар зиндон нигоҳ дошт.

Currently Selected:

Корнома* 24: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in