YouVersion Logo
Search Icon

2 Петрус 1

1
Саломи Петрус
1Салом аз номи ман Шимъуни Петрус, ки хизматгор ва фиристодаи Исои Масеҳ ҳастам! Шумо ба воситаи росткории Исои Масеҳ, ки Худо ва Наҷотдиҳандаи мост, ба мисли мо имони пурарзишро қабул кардаед. 2Бигзор ба воситаи шинохтани Худо ва Худованди мо Исо файзу меҳрубонӣ ва осоиштагии Худо дар зиндагиатон зиёд гардад!
Пешрафт кардан дар имон
3Худо бо қуввати илоҳияш ҳар чизи барои ҳаёт ва худотарсиамон лозимро ба мо додааст. Ҳамаи ин чизҳоро ба воситаи шинохтани Ӯ гирифтаем. Худо моро бо бузургию некиаш ба наздаш даъват кардааст. 4Ҳамин тавр Ӯ ба мо ваъдаҳои бузургу қиматбаҳо додааст, то ки ба воситаи онҳо аз ҳавасҳои ҷисмонии заминӣ, ки ба нобудшавӣ меоранд, гурехта, шумо шарики табиати илоҳии Худо гардед. 5Барои ҳамин бисёр кӯшиш кунед, ки имони худро бо некукорӣ, некукориро бо дониш, 6донишро бо худдорӣ, худдориро бо тоқат, тоқатро бо худотарсӣ, 7худотарсиро бо бародардӯстӣ ва бародардӯстиро бо муҳаббат пурра намоед. 8Агар чунин сифатҳо дошта бошед ва онҳоро дар худ инкишоф диҳед, шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ ба шумо бемуваффақияту бесамар намешавад. 9Вале шахсе, ки чунин сифатҳо надорад, чун шахси кӯр ё хирачашм аст ва фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештарааш пок шудаанд. 10Бинобар ин, бародарону хоҳарон, кӯшишу ғайрат кунед, ки мақоми худро ҳамчун одамони даъватшудаву интихобшуда устувор намоед. Агар чунин кунед, ҳеҷ вақт пешпо намехӯред. 11Бо ҳамин роҳ Худо ба шумо ҳуқуқи пурра медиҳад, ки ба Подшоҳии абадии Худованд ва Наҷотдиҳандаи мо Исои Масеҳ бемалол дохил шавед.
Диққат кардан ба навиштаҷот
12Аз ин рӯ ман ҳамеша ин чизҳоро ба шумо хотиррасон мекунам, ҳарчанд шумо онҳоро медонед ва дар ҳақиқате, ки қабул кардед, устувор ҳастед. 13Вале, то даме ки зинда ҳастам, ба шумо хотиррасон кардани ин чизҳоро дуруст меҳисобам. 14Медонам, ки ба наздикӣ бояд ин дунёро тарк кунам, чи тавре ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман маълум кардааст. 15Бино бар ин, кӯшиш мекунам, ки баъд аз сари ман ҳам, шумо ҳамеша ин чизҳоро ба ёд оваред. 16Зеро вақте ки мо дар бораи қудрат ва баргаштани Худовандамон Исои Масеҳ ба шумо гуфтем, суханамон ягон афсонаи бофта набуд. Мо бо чашми худ бузургии Ӯро дида будем. 17Худо Падар Исоро бо шаъну шараф сарфароз намуд, вақте ки аз осмон бо тамоми бузургии Худ чунин гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хушнудам#1:17 Матто 17:5». 18Вақте ки ҳамроҳи Ӯ дар болои кӯҳи муқаддас будем, мо ин овози аз осмон омадаро бо гӯши худ шунидем. 19Илова бар ин суханони пайғамбарон пурра тасдиқ шудаанд ва мо ба он боварии комил дорем. Агар шумо ҳам ба суханони онҳо рӯ оваред, кори бисёр хуб мекунед. Зеро суханони онҳо мисли чароғест, ки дар ҷойи торик рӯшноӣ медиҳад, то даме ки рӯз равшан шавад ва Масеҳ чун Ситораи Субҳ дар дилҳоятон дурахшон гардад. 20Пеш аз ҳама дар хотир дошта бошед, ки ягон пешгӯйӣ дар навиштаҷот аз фикри худи пайғамбарон набаромадааст. 21Зеро ҳеҷ вақт одамон пешгӯйиро бо хости худ накардаанд, балки бо таъсири Рӯҳулқудс, яъне Рӯҳи Худо онро аз номи Худо эълон менамуданд.

Currently Selected:

2 Петрус 1: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in