YouVersion Logo
Search Icon

2 Петрус 2

2
Хатари муаллимони дурӯғин
1Аммо, чунон ки дар байни халқи Исроил пайғамбарони дурӯғин буданд, дар байни шумо ҳам муаллимони дурӯғин пайдо мешаванд. Онҳо бо найранг таълимоти дурӯғеро ёд медиҳанд, ки имони одамонро вайрон мекунад. Онҳо ҳатто аз Ҳоким Исо, ки онҳоро бо нархи гарон харидааст, рӯй мегардонанд ва ҳамин тавр ба зудӣ ба сарашон бало меоранд. 2Бисёр одамон бадахлоқии ҷинсии муаллимони дурӯғинро пайравӣ хоҳанд кард ва аз сабаби онҳо одамон роҳи ҳақиқатро бадгӯйӣ мекунанд. 3Ин муаллимони чашмгурусна барои кандани пули шумо дурӯғу афсонаҳои бофтаро истифода мебаранд. Аммо ҳукми онҳо аллакай бароварда шудааст ва онҳоро ҳалокат интизор аст.
4Зеро Худо ҳатто ба фариштагоне, ки гуноҳ карда буданд, раҳм накард. Ӯ онҳоро дар торикӣ бо занҷир баста, то рӯзи қиёмат дар дӯзах нигоҳ медорад. 5Ҳамчунин Худо дунёи қадимро раҳм накарда, тӯфони оламгир фиристод ва ҳамаи гуноҳкоронро нобуд кард. Ӯ фақат пайғамбар Нӯҳро, ки роҳи росткории Худоро эълон мекард ва ҳафт аъзои оилаашро наҷот дод. 6Инчунин Худо шаҳрҳои Садум ва Амуроро ба ҳалокат маҳкум намуда, ба хокистар мубаддал кард, то ки ин барои гуноҳкорони оянда ибрату огоҳӣ шавад. 7Аммо Ӯ Лутро, ки росткор буд ва аз рафтори бадахлоқонаи гуноҳкорон азоб мекашид, аз Садум халос кард, 8чунки дили тозаи Лути росткор ҳар рӯз аз дидану шунидани бадкориҳои атрофиён азобу уқубат мекашид. 9Бино бар ин, Худованд медонад, ки чӣ тавр худотарсонро аз санҷишҳо халос кунад ва чӣ хел гуноҳкоронро барои ҷазо дар рӯзи қиёмат нигоҳ дорад. 10Ин, махсусан, ба онҳое дахл дорад, ки аз рӯйи ҳавасҳои бади ҷисмониашон зиндагӣ мекунанд ва нисбат ба қудратмандон нафрат доранд. Чунин одамон дағалу бешарм буда, ҳатто аз бадгӯйӣ кардани қувваҳои осмонӣ наметарсанд. 11Ҳол он ки ҳатто фариштагон, ки дар мақом аз ин муаллимони дурӯғин бузургтару бақувваттаранд, дар пеши Худованд онҳоро таҳқиру айбдор намекунанд.
12Ин муаллимон мисли ҳайвоноти ваҳшие, ки барои шикор ва кушта шудан офарида шудаанд, фақат аз рӯйи ҳавасҳои бадашон зиндагӣ мекунанд. Онҳо чизеро, ки намефаҳманд, бадгӯйӣ мекунанд ва рӯзе мисли ҳамон ҳайвоноти беақл нобуд мешаванд. 13Онҳо барои ҳар бадие, ки ба дигарон карданд, ҷазо хоҳанд гирифт. Ин одамон дар рӯзи равшан айшу ишрат намуда, бепарвоёна мегарданд ва шуморо фиреб дода, ҳаловат мебаранд. Инчунин бо шумо дар сари як дастархон нишаста, бо ҳузурашон шуморо расвою шарманда мекунанд. 14Онҳо бо ҳар зане, ки чашмашон афтад, дар дилашон зино мекунанд ва аз гуноҳ ҳеҷ сер намешаванд. Одамони сустимонро бо фиреб ба доми худ мекашанд ва дилашон ба ҳирсу чашмгуруснагӣ одат кардааст. Онҳо дар зери лаънати Парвардигор зиндагӣ мекунанд. 15Ин муаллимони дурӯғин аз роҳи рост гашта, таълимоти Билъоми писари Баӯрро пайравӣ мекунанд, ки пули бо роҳи ҳаром ба даст омадаро дӯст медошт. 16Аммо гуноҳи Билъомро хари безабонаш ошкор намуд. Хар забон баровард ва чун одам сухан гуфта, пайғамбарро аз девонагиаш гардонд.
17Ин одамон мисли чашмаҳои хушкшуда ва абрҳое ҳастанд, ки аз вазиши бод пароканда мешаванд. Онҳоро ҷазо дар ҷойи тип-торик интизор аст! 18Онҳо суханони дабдабанок ва хушку холӣ гуфта одамонеро, ки ба наздикӣ аз ҳаёти хатокорона озод шудаанд, ба доми ҳавасҳои бади ҷисмонӣ ва бадахлоқӣ мекашанд. 19Онҳо озодиро ваъда медиҳанд, дар ҳоле ки худашон ғуломи бадахлоқӣ ҳастанд, чунки одам ғуломи он чизест, ки ӯро мағлуб кардааст. 20Зеро, агар онҳо ба хотири шинохтани Худованд ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ аз расвоии ин ҷаҳон халос шуда, баъд боз дар он расвоӣ ғӯтида, мағлуб шуда бошанд, пас ҳолати ҳозираашон аз пештара бадтар аст! 21Беҳтараш ки онҳо роҳи росткориро ҳаргиз намешинохтанд, ба ҷойи ин ки онро шинохта, аз фармони зиндагии пок доштан рӯй тобанд. 22Тарзи ҳаёти ин муаллимони дурӯғинро чунин зарбулмасалҳо хуб ифода мекунанд: «Саг хӯроки қайкардаашро баргашта мехӯрад»#2:22 Масалҳо 26:11 ва «Хуки шусташуда боз дар лойқа ғел мезанад».

Currently Selected:

2 Петрус 2: KMO

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in