YouVersion Logo
Search Icon

2 Петрус Пешгуфтор

Пешгуфтор
Дар пешгуфтори номаи якуми Петрус шумо дар бораи ҷамоатҳои аввалини пайравони Исо дар Осиёи Хурд ва муносибати Петрус ба Исо ва пайравонаш хонда метавонед. Ин номаи дуюми Петрус бошад, ба ҳамаи имондорон навишта шудааст ва мақсадаш рӯҳбаланд кардану қувват додани имони онҳо ва аз хатарҳои ногаҳонӣ огоҳ намудан аст. Петрус имондоронро даъват мекунад, ки худотарсиро дар худ инкишоф диҳанд. Ӯ инчунин тасдиқ мекунад, ки тамоми нақлҳои аз фиристодагони Исо шунидаашон ҳақиқат аст, чунки худи Петрус бо Исо буд ва корҳояшро дида буд. Инчунин Петрус хонандагонашро аз пайдо шудани муаллимони дурӯғин огоҳ мекунад. Ӯ аз Таврот ва Масалҳо мисолҳо меоварад, ки чӣ тавр одамону фариштагон аз Худо рӯй гардонданд ва оқибат ҷазо дода шуданд. Агарчи бадиву расвоӣ то ҳол дар ҷаҳон вуҷуд дорад, Худо қудрат дорад, ки пайравони вафодори Исои Масеҳро аз бадӣ халос кунад. Инчунин Петрус хонандагонашро огоҳ мекунад, ки рӯзи доварии Худованд наздик шуда истодааст ва онҳо бояд барои он тайёр бошанд ва осмону замини навро интизор шаванд.

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in