Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод,
Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам;
Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад».
Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки:
„Ба Худованд Худои худ саҷда кун
ва танҳо Ӯро ибодат намо“».