YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Луқо 4:5-8

Инҷили Луқо 4:5-8 KM92

Ва Ӯро ба кӯҳи баланде бардошта бароварда, ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дар лаҳзае ба Ӯ нишон дод, Ва иблис ба Ӯ гуфт: «Тамоми салтанат ва ҷалоли онҳоро ба Ту медиҳам, зеро ки он ба дасти ман супурда шудааст, ва ман, ба ҳар кӣ хоҳам, онро медиҳам; Пас, агар Ту ба ман саҷда кунӣ, ҳамааш аз они Ту мешавад». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Аз Ман дур шав, эй шайтон; навишта шудааст, ки: „Ба Худованд Худои худ саҷда кун ва танҳо Ӯро ибодат намо“».