Инҷили Луқо 4:9-12
Инҷили Луқо 4:9-12 KM92
Ва Ӯро ба Ерусалим бурда, бар кунгураи маъбад гузошт, ва ба Ӯ гуфт: «Агар Ту Писари Худо бошӣ, аз ин ҷо Худро ба зер андоз; Зеро ки навишта шудааст: „Ба фариштагони Худ дар бораи Ту амр хоҳад дод, ки Туро нигоҳдорӣ кунанд; Ва Туро бар кафҳои худ бардошта хоҳанд бурд, ки мабодо пои Худро ба санге бизанӣ“». Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Гуфта шудааст, ки: „Худованд Худои худро наозмой“».