Вақте ки Исо дар яке аз шаҳрҳо буд, марде пур аз махав омад ва, чун Исоро дид, рӯй ба замин ниҳода, аз Ӯ илтимос кард: «Худовандо! Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ».
Ӯ дасти Худро дароз карда, вайро ламс намуд ва гуфт: «Мехоҳам, пок шав!» Ва дарҳол махав аз вай нест шуд.