Ҳастӣ 8

8
БОБИ ҲАШТУМ
Анҷоми тӯфон.
1Ва Худо Нӯҳ ва ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва ҳамаи чорпоёнро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, ба ёд овард; ва Худо боде бар замин вазонид, ва об фурӯ нишаст.
2Ва чашмаҳои варта ва равзанҳои осмон баста шуд, ва борон аз осмон бозистод.
3Ва об рафта‐рафта аз рӯи замин баргашт, ва баъд аз гузаштани саду панҷоҳ рӯз об кам шуд.
4Ва дар моҳи ҳафтум, дар рӯзи ҳафдаҳуми моҳ, киштӣ бар кӯҳҳои Аророт қарор гирифт.
5Ва то моҳи даҳум об рафта‐рафта кам мешуд; ва дар рӯзи аввали моҳи даҳум қуллаҳои кӯҳҳо намудор шуд.
6Ва баъд аз гузаштани чил рӯз Нӯҳ даричаи киштиро, ки сохта буд, воз кард.
7Ва зоғро сар дод, ва он берун парида, мерафту меомад, то даме ки оби рӯи замин хушк шуд.
8Баъд кабӯтарро аз пеши худ сар дод, то бубинад, ки оё об аз рӯи замин фуромадааст.
9Аммо кабӯтар ҷои осоише барои кафи пои худ наёфт, ва назди ӯ ба киштӣ баргашт; зеро ки об дар тамоми рӯи замин буд; ва ӯ дасти худро дароз кард ва онро гирифта, назди худ ба киштӣ даровард.
10Ва ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуд; ва боз кабӯтарро аз киштӣ сар дод.
11Ва шомгоҳ кабӯтар назди ӯ баргашт; ва инак, барги тозаи зайтун дар минқори вай; ва Нӯҳ донист, ки об аз рӯи замин фуромадааст.
12Ва боз ҳафт рӯзи дигар таваққуф намуда, кабӯтарро сар дод; ва он дигар назди ӯ гашта наомад.
13Ва дар соли шашсаду якум, дар моҳи аввал, дар рӯзи якуми моҳ, оби рӯи замин хушк шуд; ва Нӯҳ сарпӯши киштиро бардошта, нигарист, ва инак, рӯи замин хушк буд.
14Ва дар моҳи дуюм, дар рӯзи бисту ҳафтуми моҳ, замин хушк шуд.
15Ва Худо Нӯҳро хитоб карда, гуфт:
16«Аз киштӣ берун ой, ту, ва занат, ва писаронат, ва занони писаронат бо ту.
17Ва ҳамаи ҳайвонҳоеро, ки назди худ дорӣ, ҳар махлуқеро аз паррандагон, ва чорпоён, ва тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, бо худ берун овар, то ки бар замин паҳн шуда раванд, ва борвар ва афзун шаванд».
18Ва Нӯҳ, ва писаронаш, ва занаш, ва занони писаронаш бо ӯ берун омаданд.
19Ҳамаи ҳайвонҳои ваҳшӣ, ва тамоми ҳайвоноти хазанда, ва ҳамаи паррандагон, ва ҳар чӣ бар замин ҳаракат мекунад, мувофиқи ҷинсҳои худ, аз киштӣ баромаданд.
Аҳди сеюми Худо бо одам.
20Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.
21Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.
22Минбаъд дар тамоми айёми замин
кишт ва дарав,
сармо ва гармо,
тобистон ва зимистон,
рӯз ва шаб
хотима нахоҳад ёфт».

Obecnie wybrane:

Ҳастӣ 8: KM92

Podkreślenie

Udostępnij

Kopiuj

None

Chcesz, aby twoje zakreślenia były zapisywane na wszystkich twoich urządzeniach? Zarejestruj się lub zaloguj