Марқӯс* 8
8
Сер кардани тақрибан чор ҳазор кас
1Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯда одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва ҳеҷ хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: 2«Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва дигар хӯрдание надоранд. 3Агар онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, дар роҳ беҳол мешаванд. Баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд».
4Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?»
5Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто».
6Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, Худоро шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. 7Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳоро низ дар байни мардум тақсим кунанд. 8Мардум то сер шудан хӯрданд ва сипас шогирдон ҳафт сабадро аз нонпораҳои боқимонда пур карданд.
9Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд. Баъд Исо онҳоро ҷавоб доду 10якбора бо шогирдонаш ба қаиқ савор шуда, ба ноҳияи Далмонуто равона шуд.
Талаб кардани аломат
11Сипас, чанд нафаре аз фарисиён назди Исо омада, бо Ӯ баҳсу мунозираро сар карданд ва Ӯро озмуданӣ шуда, талаб намуданд, ки барояшон аз ҷониби Худо аломате диҳад.
12Исо аз дилаш оҳи вазнине кашида гуфт: «Барои чӣ ин насл аломат талаб мекунад? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ба ин насл ягон аломат дода намешавад».
13Пас онҳоро монда, ба қаиқ савор шуду ба тарафи дигари баҳр рафт.
Хамиртуруши фарисиён ва Ҳиродус
14Шогирдони Исо фаромӯш карданд, ки ба қаиқ бо худ нон бигиранд ва ҳоло фақат як нон доштанд. 15Исо онҳоро таъкид карда гуфт: «Ҳушёр бошед! Худро аз хамиртуруши фарисиён ва шоҳ Ҳиродус эҳтиёт кунед».
16Шогирдон ба якдигар мегуфтанд: «Ӯ инро аз он сабаб гуфт, ки нон надорем». 17Вале Исо инро фаҳмида гуфт: «Чаро шумо нон надоштанатонро фикр мекунед? Магар то ҳол дарк намекунед ва намефаҳмед? Ё кундфаҳму гарданшах шудаед? 18Шумо, ки чашм доред, чаро намебинед? Гӯш дореду чаро намешунавед? Оё фаромӯш кардед? 19Ҳангоми панҷ ҳазор мардро бо панҷ нон сер карданам чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Ҷавоб доданд: «Дувоздаҳ сабад».
20Гуфт: «Вақте ки бо ҳафт нон чор ҳазор нафарро сер кардам, чанд сабадро аз нонпораҳо пур кардед?» Гуфтанд: «Ҳафт сабад». 21Ба онҳо гуфт: «Оё то ҳол намефаҳмед?»
Шифо ёфтани кӯр
22Вақте ки онҳо ба шаҳри Байт-Сайдо расиданд, чанд нафар марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. 23Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?»
24Мард боло нигариста гуфт: «Мардумро мисли дарахтоне мебинам, ки роҳ мераванд». 25Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бодиққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. 26Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
Эътирофи Петрус
27Исо бо шогирдонаш ба деҳаҳои атрофи шаҳри Қайсарияи Филиппус сафарашро давом дод. Дар роҳ аз онҳо пурсид: «Одамон Маро кӣ мегӯянд?»
28Онҳо ҷавоб доданд: «Баъзеҳо мегӯянд, ки Ту Яҳёи Таъмиддиҳанда ҳастӣ, қисми дигари одамон мегӯянд, ки Илёс пайғамбарӣ, дигарон мегӯянд, ки Ту яке аз пайғамбарони гузаштаи дигар ҳастӣ».
29Он гоҳ Исо пурсид: «Шумо чӣ? Шумо Маро кӣ мешуморед?» Петрус ҷавоб дод: «Ту Масеҳ, Таъйиншудаи Худо ҳастӣ». 30Исо онҳоро таъкид кард, ки дар ин бора ба касе чизе нагӯянд.
Пешгӯйии Исо дар бораи марги Худ
31Баъд Исо ба таълим додани шогирдонаш сар карда, гуфт, ки Писари Одамизод бояд бисёр азоб кашад. Пирони қавм, коҳинони калон ва устодони шариат аз Вай рӯй мегардонанд. Ӯро мекушанд, вале Ӯ баъд аз се рӯз зинда мегардад.
32Исо ин суханонро кушоду равшан гуфт ва Петрус Ӯро як сӯ бурда, сарзаниш кард. 33Лекин Исо рӯяшро гардонда ба шогирдонаш нигоҳ карду Петрусро сарзаниш намуда гуфт: «Дур шав аз Ман, эй шайтон! Ту на мисли Худо, балки мисли инсон фикр мекунӣ».
34Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Агар касе пайрави Ман шудан хоҳад, бояд аз хоҳишҳои худ рӯй гардонда, салиби азобу маргашро бардошта, Маро пайравӣ кунад. 35Касе, ки ҳаёташро нигоҳ доштан мехоҳад, онро аз даст медиҳад, вале касе, ки ба хотири Ман ва ин хушхабар ҳаёташро фидо мекунад, онро нигоҳ медорад. 36Ба одам чӣ фоидае дорад, ки тамоми дунёро ба даст овараду ҷонашро аз даст диҳад? 37Одамизод бар ивази ҷони худ ҳеҷ товоне дода наметавонад. 38Касе, ки дар ин замони пур аз гуноҳу бевафоӣ аз Ман ва суханонам шарм кунад, Писари Одамизод низ, ҳангоме ки бо шуҳрату ҷалоли Падараш ҳамроҳи фариштаҳои муқаддас меояд, аз ӯ шарм хоҳад кард».
अहिले सेलेक्ट गरिएको:
Марқӯс* 8: KMO
हाइलाइट
शेयर गर्नुहोस्
कपी गर्नुहोस्

तपाईंका हाइलाइटहरू तपाईंका सबै यन्त्रहरूमा सुरक्षित गर्न चाहनुहुन्छ? साइन अप वा साइन इन गर्नुहोस्
© (Active), ҳуқуқи соҳибияти матни тарҷумашуда ба Бунёди «Калом» тааллуқ дорад