YouVersion लोगो
खोज आइकन

Марқӯс* 2

2
Шифо ёфтани марди шал
1Пас аз чанд рӯз Исо ба шаҳри Кафарнаҳум баргашт ва овозаи дар хона буданаш зуд паҳн шуд. 2Хона чунон пур аз одам шуд, ки ҳатто дар назди дар ҷойи истодан набуд. Исо ба онҳо каломи Худоро таълим медод. 3Ҳамин вақт чор нафар шалеро бардошта назди Исо оварданд. 4Вале аз бисёрии мардум ба Ӯ наздик шуда натавониста, боми хонаро аз болои сари Исо кушоданд ва шалро якҷоя бо ҷогаҳаш пойин фароварданд. 5Исо имони онҳоро дида, ба шал гуфт: «Писарам, гуноҳҳоят бахшида шуданд!»
6Баъзе аз устодони шариате, ки дар он ҷо нишаста буданд, аз дили худ чунин фикрҳо мегузаронданд: 7«Чаро Ӯ чунин суханони куфр мегӯяд! Ғайр аз Худо кӣ гуноҳҳоро бахшида метавонад?»
8Исо ҳамон лаҳза дар дилаш фикри онҳоро фаҳмида гуфт: «Чаро дар дили худ чунин фикрҳо доред? 9Кадомаш осонтар аст: ба шал гуфтани он ки „гуноҳҳои ту бахшида шуданд“ ё гуфтани он ки „бархез, ҷогаҳатро бардошта роҳ гард?“ 10Пас Ман ба шумо исбот мекунам, ки Писари Одамизод дар рӯйи замин ҳаққи бахшидани гуноҳҳоро дорад». Ӯ ба шал гуфт: 11«Ба ту мегӯям, бархез, ҷогаҳатро бардошта ба хонаат рав».
12Он мард аз ҷояш хеста, зуд ҷогаҳашро ҷамъ карду дар пеши назари мардуме, ки дар ҳайрат монда буданд, роҳ гашт. Ҳама Худоро ситоиш карда, ба якдигар мегуфтанд: «То ҳол монанди ин чизе надида будем!»
Даъват шудани Левӣ
13Исо боз ба соҳили баҳр рафт. Мардум дар гирди Ӯ ҷамъ омаданд ва Ӯ онҳоро таълим медод. 14Баъд Исо роҳашро давом дода, Левии писари Ҳалфойро дид, ки дар ҷойи ҷамъоварии андоз менишаст. Исо ба вай гуфт: «Аз паси Ман биё». Левӣ бархест ва аз паси Ӯ равона шуд.
15Вақте ки Исо бо шогирдонаш дар хонаи Левӣ таом мехӯрд, бисёр андозгирон ва онҳое, ки гунаҳкор ҳисоб мешуданд, низ дар сари он дастархон буданд, чунки бисёриҳо аз пайи Исо мерафтанд.
16Баъзе устодони шариат, ки аз равияи фарисиён буданд, Исоро бо гунаҳкорону андозгирон дар сари як дастархон дида, ба шогирдони Ӯ гуфтанд: «Чаро Ӯ бо андозгирону гунаҳкорон хӯрок мехӯрад?»
17Исо инро шунида, ба онҳо гуфт: «Ба табиб на одамони солим, балки беморон муҳтоҷанд. Ман ҳам барои он омадаам, ки на некукорон, балки гунаҳкоронро даъват намоям».
Савол дар бораи рӯза
18Дар он айём ҳам шогирдони Яҳё ва ҳам фарисиён рӯза гирифта буданд. Баъзе касон назди Исо омада пурсиданд: «Чаро шогирдони Яҳё ва шогирдони фарисиён рӯза медоранду шогирдони Ту не?»
19Исо ба онҳо гуфт: «Оё дӯстони домод дар тӯйи арӯсӣ, ҳангоме ки домод бо онҳост, рӯза мегиранд? То домод бо онҳост, онҳо рӯза гирифта наметавонанд. 20Вале вақте мерасад, ки домод аз байнашон гирифта мешавад ва он рӯз онҳо низ рӯза мегиранд.
21Ҳеҷ кас аз матои нав ба либоси куҳна ямоқ ё поргӣ намекунад, чунки ямоқ ё поргии нав аз либоси куҳна ҷудо шуда медарад ва ҷойи даридаи либос боз ҳам бадтар мешавад. 22Инчунин ҳеҷ кас шароби навтайёршударо ба халтаи чармини куҳна намерезад, чунки аз туруш шудани шароб халта дарида, ҳам шароб мерезад ва ҳам худи халта аз кор мебарояд. Бино бар ин, шароби навтайёршударо ба халтаи нав мерезанд».
Савол дар бораи рӯзи шанбе, яъне рӯзи истироҳат
23Як рӯзи шанбе Исо ва шогирдонаш аз байни киштзорҳои гандум мегузаштанд ва шогирдон роҳравон хӯшаҳои гандумро меканданд. 24Баъзе аз фарисиён ба Исо гуфтанд: «Чаро онҳо кореро мекунанд, ки кардани он дар рӯзи шанбе раво нест?»
25Исо дар ҷавоб гуфт: «Магар дар навиштаҷот нахондаед, ки шоҳ Довуд бо ҳамроҳонаш гурусна монда, аз эҳтиёҷмандӣ чӣ кор карда буд? 26Вақте ки Абётор саркоҳин буд, Довуд ба хонаи Худо даромада, нони ба Худо тақдимшударо гирифта хӯрд ва ба ҳамроҳонаш низ дод. Ҳол он ки аз рӯйи шариат фақат ба коҳинон хӯрдани он нон мумкин аст».
27Боз давом дод: «Рӯзи шанбе барои инсон офарида шудааст, на инсон барои рӯзи шанбе. 28Бино бар ин, Писари Одамизод ҳатто Хоҷаи рӯзи шанбе аст».

अहिले सेलेक्ट गरिएको:

Марқӯс* 2: KMO

हाइलाइट

शेयर गर्नुहोस्

कपी गर्नुहोस्

None

तपाईंका हाइलाइटहरू तपाईंका सबै यन्त्रहरूमा सुरक्षित गर्न चाहनुहुन्छ? साइन अप वा साइन इन गर्नुहोस्